Ӯ бомдод бедор шуд, ҳине ки рӯшании хокиранг медамид. Кабкашро хабар гирифт: хоб аст. Шабҳо писаракаш болои катча, дуртар аз кабк хоб меравад. Кӯдак ба ҷонварак унс гирифтааст. Лаби кӯрпаро болои писарак гардонд, то хунук нахӯрад.
Дертар кабк бедор шуда, ба танаи тахтачаҳо нӯл зада-нӯл зада, аз косачаи наздаш оби соф хӯрд, аввал канда-кандаи оҳиста, сипас қақра зад. Дар субҳи солеҳон долону хонаву дар, берун ҳам пур аз хониши кабки дарӣ гашт.
– Қақра бизан…, – қадаш ба қафаси дар баландӣ овезон нарасида, илтиҷо дошт писарак.
– Бирав, хоб кун, бачам…, – ба гӯш расид таъкиди падар.
Писарак ба таги пойҳояш курсӣ ниҳода, ба қафас нигарист. Кабк аз хониш монд, на дон мехӯрду на об. Бача рози ҷонваракро фаҳмида буд, ки ба қуттичааш аз халтаи овезони паҳлу як муштак арзан партофт. Кабк писаракро мешинохт, ҳамрози ӯст, вале рамид, кабк рамид.
– Натарс, намезанам… Бихӯр…, – аз роғҳои қафаси пурнақшу нигор ба болу пари кабк назар дӯхта, гуфт писарак.
Кабки қафас дертар чида-чида дон хӯрд, андактар ба нағма пардохт. Писарак поин фуромаду дохили ҷойгаҳ шуд. Дар хониши форам хобаш бурд, хоби бароҳате. Роҳгардонак нашуда, кабк болои дастаи гаҳворааш менишаст ва хониш мекард. Баъдҳо, аз паси кабк чорғовак мегашт. Кабки зебо болои қолинҳои сурхосафед мехиромиду писарак ба дунболаш мезавқид.
Ба таблиғи падари писарак дар майдони ҳамшафати хонаҳо кати болопӯш сохта, фориғ аз кор ҳамсояҳо ҷамъ меомаданд. Имшаб амаки Санъат дер кард. Вай мудом сухани шакаромез, шоҳбайти хотирнишин мегуфт, чароғи маҳфили хушдилон аст.
– Домулло, бачаҳои инзамона намехонанд. Бачаи худамро дар назар дорам…
– Ҳа–а…, – ба хаёл рафт Санъат, – дарди ҷомеа ҳамин аст. Пештарҳо бобоёни мову шумо Қуръонхон буданд. Шабҳоро сари мутолиаи ашъори ҳикматомӯзи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Хайём, Низомӣ ва Бедил рӯз мекарданд. Ба таи сари тифлон, дар гаҳвора девони Хоҷа Ҳофизро мегузоштанд… Бачаатро пурсидаӣ, ки дар умри сараш чанд китоб хондааст?
– Ба Худо не, – хиҷолат кашид Сафари милиса. – Мурғфарёд мебароям, нимишабӣ бармегардам, ки кӯдакҳо хобанд…
Айёми руҳафтодагӣ як дӯсти ғамгусор аз кӯҳистон ба умеди рафъи заъфи дили бемор кабкчӯҷа овард. Ӯ ба афти бенураки парандаи бепару бол хандид. Нигоҳи меҳрбораш аз вафо бол пӯшонд ҷонваракро. Ба ҷавонмард кабкчӯҷа не, гӯё асп ҳадия карда бошанд, хушҳол гашт. Ба обу нондиҳӣ, хору моли парандаи зебо рӯзро шаб мекард. Инак, «афсона»- ҳояшро ба кабкчӯҷа мегуфт. Дилшод номаш ниҳод. Дар долон шолча партофта, косачаҳои обу дону нонреза мегузошт. Рафтори ӯ дигаронро ба тааҷҷуб меовард. Санъат мехост кабк ҳарчи тезтар сияҳнӯлак шаваду рӯ-рӯи хона бихиромад, хониш бикунад, дард аз танаш гурезад. Кабкчӯҷа рӯз ба рӯз калон шуда, тефаконашро ҳаво медоду болои сафедхоки пушти бом ғел мезад. Гардиш мехӯрду рост омада, саракашро ба пушти дастони мардак мемолид.
Дар сафари дигар ҳамон дӯсташ барои кабк қафаси пурнақшу нигор тарошида овард. Ҳай хурсанд шуд ҷавонмарди ғамзада. Рӯзи тӯйи домодиаш ин зайл шодӣ накарда буд. Вай риш тарошида, сарулибоси идона пӯшид, пасон кабкро оромона дошта, ба қафас андохта гуфт:
– Дар хоначаат дам бигир! Зиқ, ки шудӣ, даратро мекушоям. Хониши ту доруи дилу ҷони ман аст…
Дертар, кабк арӯсак шуд. Эҳ, қашанг метобиду аз рашк ҳамҷинсонашро кушта-кушта мехиромид. Харидорони зиёде пайдо кард. Ранҷид амаки Санъат, ки ҳаргиз нахоҳадаш фурӯхт. Дар бари пойҳои ҷонварак пех баромада буд, ки ин аломат мансуби кабкони ҷангист. Сафари милиса, ки дасти чапаш якзайл андаруни ҷомааш меҷунбид, ҳамранги довталаби асосии майдон шӯр бархезонд.
– Таъриф ҳам ба ченаш–да. Чӣ, ягона кабки зӯр азони Санъат будааст? Не, хобатона ба об гӯед! – хандида давраро аз назар гузаронд ӯ.
– Бигӯ, чаро ҷонвараки бегуноҳа зиндонӣ кардӣ?- Кабки бечора чӣ гуноҳ дорад? – ба коҳиш гузашт ҳамсояе.
– Кай зиндонаш кардам?
– Ана, аз параи шиками дамат маълум.
– Ба ҳама чиз кор дорӣ, рафиқ?
– Мардако! – марғуладор буд овози Талабшоҳи шӯх. – Милиса мардум кораш қапидану ҳабс кардан! Кабки бечора намедонад, ки ба чанги милиса афтодааст, агар не, даҳрӯза роҳ мегурезад.
Мардон хуш пазируфтанд лутфи зеборо.
Ҳамсояҳо аз кабкдории милиса бохабар буданд, вале на ба дастуре, ки ӯ гап мезад. Дар пиндорашон кабки ӯ адирӣ нест. На хониши ӯро мешуниданд, на бозиашро медиданд. Ба кадом ният имшаб кабкашро ба маърака оварда буд, касе намедонист. Ё кинояи дирӯзаи Талабшоҳ сахташ расида буд?
Санъат Абдураҳим муштоқи бозӣ будани ҳамсояро пай бурда, кабкашро аз қафас раҳо кард. Ҷонварак хамёза кашида, бол афшонд ва пар-парзанон омада ба сари кифти соҳибаш нишаст. Ҷавонмард болу пари кабкашро молида-молида аз халта донрезааш хӯронд. Рӯ ба рӯ ҳамҷинсаш қақра зада, ба майдон мехондаш. Парвоз кард то болои либосовезак. Нағмааш хониши кабки милисаро пахш кард. Ҳамсояҳо хонаи калонро ба ихтиёри кабкҳо гузоштанд. Кабки милиса дур-дур мегурехту бо гашти тезаш хаёл медуздид. Ба гардани ҳамҷинсаш чанг заданӣ буд, ки Дилшод ҳиларо пай бурда, гирдогирди хона парвоз кард. Чунон гардиш хӯрду овоз андохт, ки сарҳо чарх заданду дидаҳо мавҷ. Ана, ба гардани хол-холи кабки соҳибхона нохун мезад, ки фанд хӯрд. Дилшод пушт партофта-пушт партофта ҷанг мекард. Баногоҳ боло ҷаҳида, ҳамҷинсашро бардошта ба пушти сараш ақиб партофт, нафаси кабк ба дарун ғалтид. Милисаи бечора аз изтиробу ҳаяҷон дар обу арақ тар шуд.
Маротибаи дигар кабки сармасту зебо қанотак афшонда, ба ҳарду по ба гардани кабки милиса чанг зад – сари қаҳр паранда ҳам «бехун» мешудааст! – ва ба пушт партофташ. Синаи кабки фарбеҳ ба замин лат хӯрд, нафасе ором хобид. Ахиран, ба худ омаду ҳамҷинсашро интизор дида гурехт. Ҳамсояҳо кайфият бурда хандиданд. Милиса кабкашро ба параи бағал зада, хонаро тарк гуфт.
Аз кабкҷанги дишаба ба Дилшод чашми бад расид магар, ки бемор шуд. Пагоҳиҳо дигар қақра намезад. Писарак назди қафас истода мегирист. Кабк хомӯшу маъюс буд. Соҳибаш дид, ки намешавад, кабкро ба боғҳои мавзеи Сари Хосор бурд.
Як ҳафта пас Санъат ба хона баргашт, аммо кабк чун пешина рафтор надошт. Вай кабкро бардошта ба таки тиреза бурду нарм ба замин гузошта, гуфт:
– Эй, кабки зебо, бихиром, рӯ-рӯи долон. Дида будӣ, аз ту бадтар ҳол доштам. Қаҳ–қаҳат ғамамро кушт. Нарм–нармак биё, хуни поҳот медавад… Баҳор меояд, пару болатро офтоб медиҳӣ. Гули сияҳгӯшат меорам, хӯрда, «воҳ!» мешавӣ…
Дар бонги азон як дӯсти деринаи Санъат Абдураҳим хабаргирӣ омад. Баъди вохӯрӣ аз параи бағалаш кабки фарбеҳе баровард. Дилшод ҳамҷинсашро дида, ҳушт-ҳушт кашид, заифона, ҷонаш месӯхт. Модакабк гирди қафаси гулдор парвона гашт. Пасон, дар берун болу пар афшонда, побапову гарданбагардан печиданд.
Кабкҳо аз сари кифтони ӯ намефуромаданд. Овози думбраи падарро шунида, писарак ба рақс омад. Бо рез-рези ду тор падар ҷунбиш мехӯрду кабкҳо сари кифтонаш мехиромиданд.
Соҳибхона узри кабкашро фаҳмид, ки ба фазои беғубор пар кашидан мехоҳад, зуд онро аз тиреза сар дод. Кабкҳо дар ҳавои мушкбез қанотак мезаданд. Амаки Санъат ба парвози ҷонваракон дар осмони соф хуб нигоҳ карду баъд ба ҷои кораш рафт. Фурсате гузашта, ба хонааш сим зад. Писарак бо овози ларзон гуфт:
– Кабкҳора бозор бурдӣ?
– Не–е, то ҳол наомадаанд?
– Фурӯхтаӣ кабкҳоро, бо чӣ бозӣ мекунам?
– Ба виҷдонам қасам, нафурӯхтаам.
– Набошад, куҷо рафтанд?
Аз гӯшӣ садои канда-кандаи гиря омаду бас. Ҷавонмард ғамгин шуд. Мабодо кабкҳо наоянд, писарак шаб дар хона самовот мехезонад.
То омадани падар кабкҳо ба хона баргаштанду писарак нафаси осуда кашид.
Сипеҳр Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД,
Адиб