«Kodirova handmade» - Саодатро бештар бо ҳамин унвон мешиносанд. Бо ин ном дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан Инстаграм маҳсули дастонашро ҷило медиҳад. Пешааш ҳунармандист,
Моҳи майи соли 2022, дар соли дуюми таҳсил дар риштаи муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ, ногаҳон сахт бемор шуд. Табибон гуфтанд, гирифтори бемории саратони хун аст. Барояш нур ва баъдан кимиёдармонӣ гузаронданд. Хеле афсурдахотир гардид, зеро ҷавон буду орзуҳои зиёдеро дар қалб мепарварид. Волидон ӯро ба Маскав бурданд ва дар яке аз беморхонаҳои он ҷо хобонданд.
Рӯзе хоҳиши аҷибе ӯро такон дод. Ӯе, ки аз кӯчаи ҳунармандӣ фарсахҳо дур буд, орзуи омӯхтани бофандагиро кард. Худаш низ, дар ҳайрат уфтод, чаро маҳз ин ҳунар? Ба курсҳои омӯзишии онлайнӣ пайваст. Мустақиман бофандагиро тариқи интернет аз худ намуд. Кунун дар ҳуҷраи беморӣ бештари вақташро ба бофандагӣ мебахшиду дар хусуси беморӣ намеандешид. Талош меварзид, зебоӣ офарад.
Аз риштаҳои ранга попӯши кӯдакона ва гулҳои зебо мебофт. Дере нагузашта бо истифода аз муҳраву сангҳои гуногун сохтани дастпонаву гарданбандро низ, омӯхт. Бофандагӣ шуғли дӯстдоштааш гардид. Ҳуҷраи бемориаш аз дастранҷҳояш пур. Тасмим гирифт, маҳсули дастонашро ба фурӯш барорад. Азбаски ба ҷойҳои серодам рафтани ӯ мамнуъ буд, ин амалро тариқи онлайн, дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм ба роҳ монд. Чун дар Россия усули фурӯши маҳсулот тариқи онлайн дар ривоҷ аст, дар як муддати кӯтоҳ харидорони худро ёфт.
Овозаи офаридаҳояш шабакаҳои иҷтимоиро пур кард, то ҳадде, ки қисми зиёди тоҷикистониён аз ҳунари волои ӯ воқиф гардиданд ва донистанд, ки тоҷикдухтаре қатъи назар аз дардмандӣ дар ҳуҷраи бемористон зебоӣ меофараду дастранҷи ӯ дар Россия харидорони зиёд пайдо намудаанд.
-Ҳар вақте ки вазъи саломатиам имкон диҳад, машғули бофтану офаридан мешавам. Аз як ҷиҳат, гузашти вақтро намефаҳмам ва аз ҷониби дигар, аз дидани дастранҷҳоям ҳаловат мебарам. Вақте ба коре зиёд меҳр бандиву зиёд заҳмат кашӣ, ҳатман муваффақ мегардӣ. Аз он мефахрам, ки ба нафаре бо ҳунарам хушҳолӣ мебахшам, - ба завқ мегӯяд Саодат Қодирова, ки дорои иродаи қавист.
Вақти суҳбати маҷозӣ дар ҳуҷраи бемориаш машғули бофтани гулдастае буд. Аз ӯ мепурсам, ки барои бофтан риштаҳое зиёд сарф мешаванд, дар дастрас намудани ришта кӣ барояш кумак мерасонад? Бо ифтихор мегӯяд:
-Мо дар оила 6 фарзанд ҳастем. 5 бародар дораму ман духтари ягона. Бародаронам маро бо риштаҳо таъмин мекунанд. Бароям онҳо мисли болу пар ҳастанд.
Арзиши дастранҷҳояш аз 50 сомонӣ оғоз мешавад. Аз як ҷиҳат нархи ночиз бошад, аз сӯи дигар намудҳои зебову ғайриодии маҳсули ҳунари ӯ таваҷҷуҳи муштариёнро бештар ҷалб намудааст. Ба қавли Саодат, чун ҳунарашро зиёд дӯст медорад, тахайюлоташ низ, рӯз ба рӯз бой мегардаду намудҳои зебову аҷоиб меоварад.
-Нисбат ба ҳар гулдаста, дастпонаву гарданбандҳои офаридаам меҳри алоҳида дорам. Ҳар кадомеро ба гунае дӯст медорам,- меафзояд ӯ.
Дар баробари ҳунармандӣ, донандаи хуби забонҳои русиву англисист. Бештар маврид забондониаш ҳангоми фурӯши офаридаҳояш ба нафъи ӯст. Бо осонӣ метавонад бо хориҷиён забон ёбаду молашро ба фурӯш гузорад. Замони таҳсил дар мактаби миёна дар шаҳри Ҳисор дар чандин озмуну олимпиадаҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ ғолиб омада буд. Алҳол, мустақилона пайи такмил додани забони англисиаш мебошад.
- Аллакай 6 китобро ба забони англисӣ хонда ба итмом расондам, - хушҳолона мегӯяд Саодат, ки умраш пур аз саодат бошад.
Ӯ мехоҳад, пас аз сиҳат шудан, таҳсилашро дар донишгоҳ идома бахшад. Тиҷорати ҳунармандиашро низ, васеъ намуда, аз ҳисоби фоида фонди махсусе дар Тоҷикистон таъсис бидиҳад. Қисме аз маблағҳоро барои табобати беморони гирифтори саратони хун ихтисос бидиҳад.
-Ҳар рӯз беҳбуд ёфтанамро эҳсос менамояму хушҳол мешавам ва умедам ба амалӣ гаштани орзуҳоям бештар мегардад,- меафзояд Саодат.
Ҳар рӯзи беҳтар шудани саломатӣ барои ӯ тавлиди зиндагии дигарест. Умед ба ояндааш нек аст. Даст ба лоиҳаҳои бузургтаре заданист. Хуллас, ҷавон асту нақшаҳои зиёде дорад. Барояш аз ҳама муҳим: саломатӣ, сабр ва сарбаландӣ хоҳонем.
Бунафша РАҲМОНОВА