Абдулмаҷид Шарифов ва Иқболбӣ Хоҷаева тайи 50 сол аст, ки бо ҳам зиндагӣ доранд. Дар ин давраҳои бобарори ҳаёти оилавӣ шаш фарзанд ба воя расонданд, ки имрӯз онҳо дар ниҳодҳои гуногуни дохил ва берун аз кишвар масруфият доранд.
Суҳбати мо бо ҷуфти хуштолеъ атрофи ваҳдати хонаводагӣ дар арафаи Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ сурат гирифт.
3 хотира дар 1 сол
ЗАН: - Ба фанҳои дақиқ шавқу рағбати беандоза доштам. Ҳамин завқу ҳавас маро соли 1968 ба факултаи физика ва математикаи Институти педагогии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ овард. Пас аз хатм дар мактаби миёнаи №8 корро оғоз кардам.
Соли 1973 хотираҳои зиёдеро бароям ҳадия намуд, зеро маҳз дар ҳамин сол шаҳодатномаи ақди никоҳ, дипломи аълои Донишкада ва дафтарчаи узви ҳизби коммунистро ба даст гирифтам.
Тасодуфӣ набуд
ЗАН: - Пеш аз хонадоршавӣ ҳамдигарро намешинохтем. Абдуҳамид Гулаҳмадов, ки аз фанни электротехника ба донишҷӯён дарс мегуфт, замони дар курси сеюм таҳсил доштанам, аллакай барои арӯсӣ ба додараш, ба қавле маро «таги чашм» карда буд.
МАРД: - Барои «арӯсбинӣ» ба Институт рафтам. Расми ӯ дар қатори донишҷӯёни фаъол тахтаи фахриро зеб медод. Ба худ фахридам, ки чунин бонуи донишманд рафиқи ҳаётиам мешавад. То имрӯз ба дониш ва касби ҳамсарам эҳтиром дорам ва қадр менамоям. Агарчи дар тули зиндагии оилавӣ мушкили иқтисодӣ надоштем, боре монеи давом додани фаъолияташ нашудам. Ӯ бо заҳмати зиёд таҳсили олӣ гирифт ва пешааш барои насли имрӯза ва ҷомеаи минбаъда чун обу ҳаво зарур аст.
Замоне фарзандон хурдсол буданд, дар ноҳияи Восеъ ӯро ба роҳбарии мактаб пешниҳод намуданд. Дар муддати 50 соли зиндагии якҷоя шояд як маротиба ба фаъолияти ҳамсарам монеъ шуда бошам. Роҳбарӣ кори пурмасъулият аст ва аз он андешидам, ки шояд серкории ӯ ба тарбияи фарзандон халал ворид созад. То ҳанӯз пӯшаймонам, ки дар ин роҳ ӯро дастгирӣ накардам…
Аз тарбияи фарзанд
МАРД: - Соли 1971 бо ихтисоси муҳандис Институти политехникии Тоҷикистонро хатм намудам. Навохтани асбобҳои мусиқӣ шуғли дӯстдоштаам аст. Аз хурдӣ дар хунам меҳри санъат ҷӯш мезад. Мандолина ва рубоб навохтанамро дида, шавқи фарзандон ба санъат афзуд. Аслан фарзандон ба кори волидон тақлид мекунанд ва азхудкунии ҳунар барояшон аз маҷбурӣ набуд.
Аз ин хотир, тасмим гирифтам, то фарзандонам дар баробари аз бар намудани касбҳои гуногун, инчунин қаблан аз мактаби мусиқӣ баҳра гиранд. Ҳамаи онҳо дар мактаби мусиқӣ навохтани рубобу таблак, аккордеону ғижак ва пианиноро омӯхтанд. Ҳадаф аз омӯзондани асбобҳои мусиқӣ ба фарзандон на санъаткор шуданашон буд, балки бо ин васила дар вуҷуди онҳо бедор намудани фарҳанги маънавист.
Аз ҷамъи «ҳунармандон» ансамбли оилавӣ таъсис додем, ки дар ҳама чорабиниҳои вилоятӣ ширкат варзида, табъи ҳаводоронро болида медорем.
Ҳамчунин, варзиш шуғли дӯстдоштаи хонаводаи мо буд. Ҳар саҳар ҳамроҳи фарзандон машқи пагоҳирӯзиро анҷом медодем, ки ин муносибати моро бо ҳам наздиктар менамуд. Мақоле ҳаст, ки барои фарзанд вақтро зиёдтар аз маблағ бояд масраф кард.
ЗАН: - Замони шуравӣ ба рӯзномаи «Неделя» обуна будем. Рӯзнома рубрикаи махсусе дар мавриди оиладорӣ ва тарбияи кӯдак дошт. Он саҳифаҳое, ки ба рукнҳои тарбияи фарзанд ва нигоҳубини он мансуб буданд, шавҳарам онҳоро бурида гирифта, ба девор меовехт. Масалан, дар мавриди тарбияи кӯдак, ки бояд аз ҷониби волидон ё аъзои дигари хонадон ба ӯ зӯроварӣ нашавад, кӯдак безарб хӯрдан ба воя расад ва ҳоказо…
Ваҳдати оила аз чунин муносибатҳо оғоз меёбад. Фарзанд, ки ҷузъи асосии хонадон аст, мебоист дар фазои осоишта ва ҳамдигарфаҳмию якдилӣ ба воя расад. Тарбияи фарзанд, соҳиби илму маърифат шудани ӯ ва ниҳоят, солиму солеҳ ба ҳаёти мустақилона гуселондан рисолати аслии волидон мебошад.
Ҳамдигарро бахшидан
МАРД: - Ҳамдигарро бахшидан ин волотарин ҳунар аст. Умри инсон хеле кӯтоҳ аст. Падарам 95 сол дар ҳаёт буд. Боре пурсидам, ки умри 90 – соларо бо як ҷумла ҷамъбаст намоед. Гуфтанд: «Фикр мекунам, ҳанӯз кӯдакеям, ки дар кӯчаҳои пур аз хоки Сари Хосор пойи луч дар давутозам. Гузашти умрро нафаҳмидам».
Суханони падар маънии бузург доранд. Ин ҳарфҳо ишорат ба он аст, ки вақт гузарост ва қадру қимати ҳамдигарро бояд донем. Зан, фарзанд, арӯс, домод, хуллас ҳар инсон арзиши худро дорост, ки ба он эҳтиром мебоист гузошт.
ЗАН: - Мегӯянд, ки мард сутуни хонадон ва зан чароғи он аст. Вақте сухани мард дар оила асар дорад, ба истилоҳ «сиёсат» - и мард бо як нигоҳ басанда аст, ки он оила чун хонаводаи муваффақ байни ҷомеа шинохта шавад. Ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ аз хислатҳои ҳамидаанд, ки пирӯзии ҳар оилаи солим дар он ниҳон аст.
Ҳаёти оилавӣ чун роҳҳои воқеие, ки ҳар замон аз он гузар дорем, пур аз шебу фароз мебошад ва он мактаби мураккаб буда, аз шахс тоқатпазириро тақозо менамояд. Бале, ҷое байни мо ҳам нофаҳмиҳо буд ва ҳамдигарро бахшидем. Дар мустаҳкамии оила ҳиссаи зан беш аст. Таъминкунанда мард бошад, оромии оиларо зан нигоҳ медорад.
Хушбахтӣ чист?
МАРД: - Аслан солимии аҳли хонавода беҳтарин неъмат ва хушбахтист. Вақте ҳама сиҳату саломат ва хушу хурсандона гирди як дас¬тархон сарҷамъ мешаванд, хушбахтӣ бо чашми дил эҳсос мегардад. Қалб лабрез аз фараҳ аст, ки тасаввураш имконнопазир мебошад.
Ҳамчунин, дар зиндагӣ рӯзҳои хоссае ҳастанд, ки онҳо дар сафҳаи зиндагии нимасраамон чун хотираи неки ҳаёти оилавӣ сабт шудаанд. Ҷашни арӯсию домодии фарзандон бароям лаҳзаҳои хушбатиро ҳадия сохт. Шод будам, ҳосили умр¬ро дар навдаи парвардаам хоҳам дид. Волидон хушбахтиро дар солиму бардам ба воя расидан ва соҳиби касбу зиндагии обод гардидани фарзандон мебинанд.
ЗАН: - Таваллуди ҳар фарзанд бароям дари хушбахтиро кушод. Он лаҳзаҳое, ки тифли навзодро момодоя ба оғӯшам гузошт, худро хушбахттарин зани дунё эҳсос намудам. Ҳар муваффақияти фарзандон хушбахтии модар аст.
АНОҲИТО