Садои дилкашу марғубаш гоҳо маҳину нафис, ба гоҳи авҷ қавию мутантан танинандоз гашта, шоҳбайтҳои классикон ҳамоил ба риштаи наво аз лаҳни шакаринаш зуд дар қалбҳо маъво меёбанд. Дурдонаи санъати миллат – шашмақомро ҳифз карда, аз устодони санъат Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Набиев, Ҷӯрабек Муродов, Абдураҳим Шерматов сабақ андӯхтааст.
Инак, беш аз 20 сол аст, ки Гулчеҳра Қурбонова ҳунарманди Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм намудааст. Соли чоруми таҳсилаш буд, ки Ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд» бо роҳбарии Ҷӯрабек Муродов, Артисти халқии СССР, таъсис ёфт ва донишҷӯёни мақомхонро ба ҳамкорӣ хонд. Гулчеҳрабону ба ҳайати аввалини мақомсароёни ансамбл шомил шуд.
Гоҳе, ки Гулчеҳрабону аз мазмуни баланди шеърҳои классикӣ огаҳ гашта, сурудҳои сегоҳу чоргоҳро замзама менамояд, ашк беихтиёр рӯи гунаҳояш мерехт, садои махмалинаш қалбҳоро ба туғён меовард.
- Ба гоҳи мутолиаи сатрҳои пурмазмуни бузургони сухан дарк месозӣ, ки аксарият гӯё аз ҳолати равонии кас огаҳанду эҳсосоти касро ташхис ва бо сеҳри сухан моҳирона онро ба риштаи назм кашидаанд. Устод Боймуҳаммад Ниёзов муҳтавои ҳар як мисраъ шеърро ба мо шарҳ дода, мудом таъкид мекарданд, ки пеш аз сурудан маънии гуфтаҳоро хуб дарк созем, то тавонем онро ба шунаванда расонем, - мегӯяд Гулчеҳра.
Камоли ҳамнишин
Авлоди падариаш бо уқоб, ки бургут ҳам мегуфтанд, ба шикор мерафтанду паҳлавонони гӯштигир буданд. Аҷдодони модар ба санъат даст дошта, аввалҳои асри ХХ дар Исфара бо садои ҷаззобу марғуладори хеш шашмақом месароиданду миёни мардум бо номҳои Қорӣ Қаҳҳор Ҳофиз, Умар Ҳофиз, Зебопарӣ машҳур буданд ва дар Исфара мактаби махсуси худро доштанд.
- Ба нақли модарам, онҳо садои баланду қавӣ доштанд, ки ба вақти сурудхонӣ замзамаашон бе ягон баландгӯяк аз як маҳалла ба маҳаллаи дигар мерасидааст. Шояд ин ҳунарро ба мерос гирифтаем, ҳарчанд волидонам санъаткор набуданд, хоҳарбузургам низ, садои ҷаззобу қавӣ дорад ва дар маъракаҳо, сари гаҳвораи тифлон бо лаҳни дилошӯб мақомсароӣ мекунад. Хоҳарбузурги дигарам Гулрухсор Муъминова дар Ансамбли «Шашмақом»-и шаҳри Исфара фаъолият дошт. Дар маҳфиле агар ба ҳам оем, назди апаам аз сурудхонӣ шармам меояду худро шогирде беш намедонам. Садои махмалини пурқувват дорад ӯ. Агарчи Гулрухсор имрӯзҳо наберадор аст, «Бояд устод бинаму сурудҳои классикӣ омӯзам», - гӯён бо духтараш ба факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шомил шуд ва ҳоло донишҷӯи соли сеюм асту ҳамзамон дар рушди санъати шашмақом дар бахши фарҳанги шаҳри Исфара фаъолият дорад.
Дар раҳи омӯзиш
Пас аз поён бурдани мактаби миёна Гулчеҳра барои таҳсил аз Исфара рӯ ба Хуҷанд овард. Баъди хатми соли чоруми таҳсил дар факултаи санъати Донишгоҳ ба ҳайси омӯзгор ба кор пардохт. Ташаббускориву пешгомии ӯ возеҳ буд, ки соли 2000 баъди хатми таҳсил дар озмуни шашмақомсароёни вилоят «Навои Борбад» ширкат карду Шоҳҷоиза ба даст овард. Ҳамон сол дар озмуни «Суруди сол» таронаи эстрадӣ сароиду ҷойи якумро насиб шуд. Бо фарзанди устоди санъат Алиҷон Солиев оила барпо карда, соли 2007 ба Душанбе кӯчид. Ба маҷрои пойтахт ворид ва соҳиби фарзандони дӯстрӯ ҳам гардид.
Соли 2009 доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов ӯро ба Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ки ректори ин таълимгоҳ буд, ба кор даъват намуд. Солҳои 2010 – 2020 дар Ансамбли «Шашмақом»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев фаъолият дошт. Гулчеҳра Қурбоноваро соли 2020 ба Ансамбли «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ даъват карданд ва ӯ бо ҳунармандони шинохта Фурқат Саидзода, Хуршед Иброҳимзода, Луҳира Муъминова, Сироҷиддин Ҷӯраев, Шавкат Олимов ва ҷавонони умедбахши ансамбл ба фаъолият пардохт.
Дурдона
Шашмақом тарғибгари санъату фарҳанги миллии тоҷик маҳсуб меёбад. Он шабеҳи дурдонаест, ки пораи камтари он то замони мо расидааст ва месазад, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Шашмақом дар гузашта бо мактабҳои устод-шогирд аз насл ба насл гузашта, то кунун побарҷост. Агарчи шашмақомро ба нота даровардаанд, аммо нолаҳо - овозҳои хоси нозуке дорад, ки онро ба нота гирифтан ғайриимкон аст. Миёни пардаҳо нимпардаҳо ҳаст, ки танҳо бо сози танбӯр ифода ва аз даҳон ба даҳон интиқол меёбад. Хунармандони Хуҷанд, Исфара, Панҷакент ва Истаравшан мактабҳои хоси худро доранд. Бо дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёре аз мактабҳо барқарор гардиданд…
Пайраҳаи модарро меваи умраш Ёсина мепаймояду пешаи дирижёрӣ ва фортепианоро баргузидааст. Ҳоло омӯзишро дар сози арфа низ, ба роҳ мондааст. Писараш дар ҷодаи санъати тасвирӣ гом ниҳодааст.
- Бисёр хуб мебуд, агар дар муассисаҳое, ки ба санъати мусиқӣ сару кор доранд, бештар аз ихтисос дарс гӯянду санъати тасвириро аз он ҷудо намоянд. Агар дар соҳаи санъати мусиқӣ гурӯҳҳои шартномавиро лағв мекарданд, ба манфиати кор мебуд. Рақсҳои якка, яккасароӣ ва рақси асили мардона бештар гардад, зеро ба ин роҳ шахс масъулияти бештаре эҳсос мекунад. Зиндасароӣ низ, бояд ба ҳуқми анъана дарояд, дар акси ҳол сатҳи касбияти ҳунармандон коста мегардад. Масалан, имрӯз дар ихтисосҳои дирижёрӣ, скрипка, фортепиано, фагот ва арфа норасоии кадрҳо мушоҳида мегардад. Агар норасоии мутахассисон бартараф ва миёни санъаткорон рақобати солим ба миён ояд, ин ҷода ҳатман рушд меёбад, - афзуд Гулчеҳра Қурбонова.
Ситора АШӮРОВА