Бо баҳонаи Рӯзи оила ба сарояндаи мумтози тоҷик устод Файзалӣ Ҳасанов суҳбате доштем, то фаҳмем, ки аз волидон ва рӯзгори эшон чӣ хотираҳо ёд доранд. Ҳине, ки аз модар мегуфт, тобиши аҷиберо дар гуфтораш ҳис кардем, ки зикрашон аз сидқанд.
Модарам як зани бисёр самимӣ буд. Ба шеър мароқи бештаре дошт. Дар хонадони мо доим шеъру ғазалҳои шоирони бузург Бедилу Ҳофиз, Саъдиву Ҳилолӣ садо медоданд. Модарам дар аллаҳояш гуфтаҳои бузургонро бо як лаҳни ширин месуруд, ки ҳанӯзам дар гӯшам садо медиҳанд.
Падари омӯзгорам роҳбарии мактабро бар дӯш дошт. Мутриби хуб, думбраро шоиста менавохт. Хонаи мо фазои фарҳангиро мемонд. Волидонам аз ашъори шуарои гузашта устод Рӯдакӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Имоми Аъзам, Унсуралмаолии Кайковус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон оид ба тарбияи фарзанд ва нақши оила, мақоми падару модар, интихоби ҳамсар, одобу маърифати зан ва монанди инҳо бохабар буданд.
Падарам пайваста насиҳат мекарданд, ки писарам, ҳамеша ба халқу миллат хизмат кун, ягон айбе аз тарафи ту нашавад, зеро обрӯву эътиборро харидан намешавад. Ин панди падар ҳанӯзам бо ман аст, - мегӯяд устод.
Файзалӣ Ҳасанов 19 июни соли 1948 дар ноҳияи Шурообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон), дар оилаи зиёӣ таваллуд ёфтааст. Пас аз итмоми синфи 8-ум ба Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 1968 онро бо ихтисоси ғижак хатм мекунад ва ҳамон сол ба факултаи санъати Донишкадаи омӯзгории Душанбе дохил шуда, соли 1972 онро бо ихтисоси корҳои маданӣ-маърифатӣ ва муаллими мактаби мусиқӣ ба итмом мерасонад. Соли 1972 бо роҳхати Донишкада ба ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) омада, ба сифати омӯзгор, муовини директори мактаб ва ҳамзамон ҳунарманди Театри халқии ноҳия кор мекунад. Ҳанӯз овони таҳсил дар Донишкада ӯ дар озмуну фестивалҳои байни донишкадаҳо дар Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, шаҳри Москва ширкат варзида, сазовори ҷоизаву ифтихорномаҳо гардидааст. Тули солҳои 1975 – 2004 ҳамчун роҳбари бадеии Театри халқии ноҳияи Москва, роҳбари мактаби бачагонаи мусиқии ноҳия, фаъолият намудааст. Соли 2004 бо даъвати роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари дастаи ҳунарии «Дарё» ба фаъолият пардохтааст.
Алҳол Файзалӣ Ҳасанов омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолияти хешро пеш бурда истодааст. Тули фаъолияти эҷодии хеш ба кишварҳои Эрон, Афғонистон, Фаронса, Россия, Лубнон, Сурия, Қатар, Лаҳистон, Олмон, Ҳиндустон ва Покистон сафарҳои ҳунарӣ намудааст.
Суруди аввалинаш соли 1970 бахшида ба 100-солагии В.И.Ленин таҳти унвони «Суруди комсомол» ба вай ном овард. Соли 1972 суруди «Савганд»-ро эҷод мекунад, ки он вирди забони ҳаводорон гашт. Дар ин давра дар эҷодиёти ӯ сурудҳои лирикӣ дар васфи Ватан – Тоҷикистон эҷод шуданд, ки онҳо дар хазинаи радио маҳфузанд.
Ф.Ҳасанов ҳамчун фалакхони сабки роғӣ дар кишвар шинохтааст. Дар ин ҷода шогирди устод Одина Ҳошим буда, баъди устод дар ғазалхонӣ хеле комёб гардидааст. Сурудҳояш: «Тоҷики ман зинда бош!», «Шукрона бояд кард», «Тоҷикистон ватанам», «Бе хоки Ватан», «Аз парешонии ҷамъият нигаҳ дорад Худо», «Як дилу як тан шавед», «Тоҷикистон», «Ватанамро дӯст медорам» ва «Модар» шунавандагони зиёде доранд…
Хоҳиш аз ҷавонон
Зиёд шудани пошхӯрии оилаҳои ҷавонро дар издивоҷҳои беандешаву саросемагӣ мебинам. Ҷавонон, чи писар, чи духтар аввал бояд аз мактаби ҳаёт гузаранд, яъне маълумоти олӣ гиранд, як – ду сол кор кунанд, ба қадри зиндагӣ расанд. Бовар аст, ки пас аз ин кор ҷудошавии оилаҳо камтар мегардад. Дар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ додан даркор аст, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонда, дар ташаккули шахсияташон саҳми бузург гиранд. Волидон бояд барои фарзандон намунаи ибрат бошанд, суханони дағал нагӯянд, эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оранд, то фарзандон низ, ба онҳо пайравӣ намоянд. Аз қадим тарбияи фарзанди солим, нек¬иродаву солеҳ ва ватандӯст дар таърихи халқи тоҷик яке аз вазифаҳои муқаддаси оила ва ҷамъият ба шумор мерафт. Хушоянд аст, ки имрӯз дар ҷомеаи тоҷик арҷгузорӣ ба волидону эҳтиром ба номи поки зан ва таваҷҷуҳ ба заҳмати духтарону бонувон аз ҷониби аҳли илм ва адабу фарҳанг идома дорад…
Хушбахтам, ки падари 6 фарзандам, якеашро аз даст додам, шукри фарзандони дигарам, ки зуд-зуд ба аёдатам меоянд, аз ҳолу аҳволам бохабаранд. Бо ду писари хонадорам якҷо зиндагӣ дорем. Дар иҳотаи келину набераҳо рӯзҳои хубу хушеро дар кишвари ободу озодам паси сар карда истодаам,- иброз медорад Файзалӣ Ҳасан.
Ҳунарпешаи шинохтаи Амрико Ҷони Депп гуфтааст: «Аз ҳама муҳимтарин дар дунё оила аст. Агар шумо оила надоред, пас ҳеҷ чиз надоред. Оила аз ҳама қавитарин пайванди тамоми ҳаёти мост».
Аҳли хонаводаи маъруф Файзалӣ Ҳасанов низ, аз зумраи хонаводаҳои маҳбубу шоистаи тоҷикӣ маҳсуб меёбад.
Фарзона ВОСЕЕВА