Рассоми номвар 66 сол дошта, аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта дар олами рассомии кишвар аст. Бо асарҳои худ борҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, шоистаи арзёбиҳои хуб аз ҷониби мунаққидон шудааст. Асарҳои Ҳасан Ҷумъаев дар бузургтарин намоишгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Мос¬ква, Санъо, Бухарест, Торонто ва кишварҳои дигар гузошта шудаанд. Мавсуф наққоши муваффақи равияи кандакории рӯйи чӯб ва кундал буда, дар як қатор иншооти фарҳангию хизматрасонӣ нақши дастони пурэъҷози худро гузоштааст. Ҳар шахсе, ки ба бинои «Барқи тоҷик», чойхонаи «Дӯстии халқҳо», саристгоҳи Роҳи оҳан, қасри «Ақди никоҳ», кохи «Наврӯз», «Маркази исмоилия», Сафорати Туркия дар шаҳри Душанбе, даҳҳо чойхонаву масоҷид, муассисаву ташкилотҳо назар меандозад, аз ороиши ҷаззобу мафтункунандаи он баҳра бурда, ба ҳунари волои наққош таҳсин мехонад.
Суҳбате доштем бо наққош Ҳасан Ҷумъаев, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
Оё боре андешидаед, ки чаро маҳз рассомиро пеша намудаед?
- Ростӣ, ин роҳ бароям табиӣ буд. Модарам зани шеърдон, қиссахону афсонагӯй буд. Қиссаву афсонаҳои модар маро ба дунёи дигар мебурданд ва қаҳрамонони фасонаҳои ӯ ба муроду мақсад мерасиданд. Мазмунашон ҳамин, ки ҳар нафаре ба коре сидқан азм намояд, ҳатман ба мақсад мерасад. Ман он вақт худро қаҳрамони асосии афсонаҳои модар мепиндоштам. Ҳамчунин аммаам-Момоҳаво, кони дубайтиву рубоиёти халқӣ, ҳунарманди гилкор буданд, барои рӯзгор косаву табақ, кӯза ва чизҳои дигар месохтанд. Дар бораи ӯ чанд барномаи телевизионӣ ҳам ба навор гирифта буданд. Ҳунари ӯро олим ва муҳаққиқи рус Роза Лвовна Неменова дар китоби «Таджики Варзоба» низ, зикр намудааст. Ман дар хурдӣ ҳамеша ӯро ҳамроҳӣ мекардам. Ӯ барои ман аз гил бозичаҳо месохт ва бо ҳамин меҳри ҳунарро дар дили ман модару аммаам бедор кардаанд.
Рассомӣ равияҳои зиёде дорад, кадоми онҳо ба Шумо бештар писанданд?
- Қариб дар ҳама равияҳои санъати рассомӣ худро озмудаам, лекин кандакорӣ дар чӯб ва кундал бароям бештар писанданд ва аксари корҳои эҷодиам дар ҳамин ду равия рӯйи кор омадаанд.
Ин ду равия санъати рассомии моли худи мост ва аз миёни ҳунармандони тоҷик зуҳур намудаву ба дигар халқу миллатҳо интиқол ёфтааст. Кандакорӣ усули коркарди бадеии чӯб, санг, устухон, гач, гил ва ғайра, ки бо роҳи коркард ва нақш офаридан иҷро мешавад. Кандакорӣ яке аз маъмултарин ва қадимтарин намуди санъати амалии миллати соҳибтамаддуни мо ба ҳисоб меравад. Кандакорӣ дар меъморӣ, ороиши биноҳо, истеҳсоли ашёву анҷоми рӯзгор ва ғайра истифода мешавад.
Кундал низ, намунаи санъати анъанавии мардуми Осиёи Марказӣ аст, ки танҳо дар Тоҷикистон боқӣ монда, ривоҷ меёбад. Мувофиқи тахмини олимон замони пайдоиши ин санъати нодир ба асри ХV рост меояд. Замоне, ки дар як қатор ёдгориҳои маркази қадимаи тоҷикон - Шоҳи Зинда, Гӯри Амир, Оқсарой, ки дар шаҳри Самарқанд мебошанд, усули нави ороиш рӯи кор омад. Қисмҳои ҷудогонаи сақф ва деворҳои дохили биноҳоро нақшу нигори аҷибе бо истифодаи миқдори зиёди тилло оро медоданд, ки ба дебо шабоҳат доштанд. Зебоии кундал дар асоси ба ҳам пайвастани тимсолҳои мураккаб, омехтани шаклҳои табииву ҳандасӣ, бозии тахайюл бо рангҳо асос гирифта, ҳар намунаи он ҳунари хондан ва дарк карданро талаб мекард.
Манбаи илҳоми эҷоди Шумо аз куҷо сарчашма мегирад?
- Латофату зебоии зан манбаи илҳоми ман аст. Бе муболиға илҳоми кулли эҷодкорон, шоиру нависандагон ва рассомон, пеш аз ҳама, зан – модар аст. Зан – модар мавзуи асосии эҷодиёти рассомони забардасти сатҳи ҷаҳонӣ буд ва минбаъд низ, хоҳад монд. Марҳамат, рӯй оваред ба эҷодиёти Миколанҷело, Леонардо да Винчи, Репин, Рембранд ва садҳо рассомони шинохтаи олам. Маҳз муҳаббати зан ва зебоиву назокаташ эҷодкорро ба васфи ӯ водор менамояд.
Ман ҳанӯз солҳои 80 - уми асри гузашта дос¬тони «Лайлӣ ва Маҷнун» - и Мактабии Шерозӣ ва дос¬тони «Фарҳод ва Ширин» - и Низомии Ган¬ҷавиро хонда будам. Достонҳои ширин маро ба дунёи бекаронаи ишқу муҳаббат бурд. Ҳамин шефтагӣ маро водор сохт, ки ду асари мазмунан ва ҳаҷман калонро бо ин номҳо рӯйи кор орам. Ин корҳои эҷодии банда, аз ҷониби санъатшиносон ва нафароне, ки ба санъат дилбастагӣ доранд, баҳои баланд гирифтанд.
Ҳамчунин, чандин лавҳаҳое дорам, ки симои зани тоҷик, аз ҷумла зани муосирро таҷассум менамоянд.
Симои зебои зоҳирии зан мардро шефтаи худ мегардонад?
- На танҳо симои зоҳирӣ, балки ҷасорат, фаросату дониши занон, ки дар ботинашон ниҳон аст. Мақоли хуби чинӣ ҳамеша дар ёдам аст: «Зани зишт дар дунё вуҷуд надорад. Танҳо баъзе аз занҳо ҳастанд, ки наметавонанд худро зебо ҷилва диҳанд». Занон ганҷинаи меҳру шафқат ва накуиву ҳикмат ҳастанд, ки ҳеҷ амал бузургию азамати онҳоро пурра тасвир карда наметавонад.
- Эҳсос мегардад, ки сермутолиа ҳастед…
- Эҷодкор, хусусан рассом, бояд пайваста дар омӯзиш бошад. Истеъдоди модарзодии ҳунарманд танҳо дар натиҷаи талошу омӯзиши ҳамешагӣ инкишоф меёбад. Рассоме, ки аз илму адабиёт баҳра набурдааст, офаридаҳояш хушку бемазмун мебароянд. Ман осори гузаштагону муосирони илму адабиёти ватанию хориҷиро ба қадри имкон хондаам. Хусусан, «Шоҳнома» - и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар зеҳнам нақши носутурданӣ гузоштааст. Ҳамин буд, ки асарҳои «Симурғ ва Золи Зар», «Набарди Рустаму Суҳроб» – ро эҷод намудам.
Мутолиаи як мақолаи таърихӣ дар бораи зани тоҷик, ки бо ҷасорату ғурури баланд қабл аз милод мардони қабиларо ба тобеияти худ даровардаву бо ғосибону аҷнабиён мубориза бурдааст, маро водор ба эҷоди лавҳаи «Зарринаи шоҳ» намуд.
Ҳамин шабу рӯз мутолиаи китоби «Наводир-ул-вақоеъ»- и Аҳмади Донишро тамом кардам. Аллома асари мазкурро дар замони давлатдории Манғитиён, ки барояшон илму ҳунар ва фарҳангу санъат қимате надошт, иншо намудаанд. Агарчанде ба таъкиди аллома Аҳмади Дониш, ки фармуда: «Мулк аз ҳунармандон ҷамол мегирад», вале ин ҳама гуфтори равшанфикрони ҷомеа барои онҳо, ба гӯши хар азон гуфтан буд. Ҳар ҷомеа ва ҳар давлате, ки фарҳангу санъатро қадр кард, барои пешрафти худ замина муҳайё намуд.
Эҷоди асари рассомӣ кори соҳа нест. Як асар чӣ қадар вақт мегирад?
- Воқеан ҳам, эҷод кори шавқовар, вале заҳматталаб аст. Офаридаҳо аввал дар зеҳнам пайдо ва шакл мегиранд. Сипас, ба кор шуруъ мекунам. Барои асарҳои калону баландмазмун аз 4 – 5 моҳ то як сол вақт сарф мешавад. Асарҳое ҳастанд, ки вақти аз ин камтар ва ё бештарро фаро мегиранд.
Саъати рассомӣ барои пешрафти ҷомеа чӣ таъсире дошта метавонад?
Ин санъат арзиши бузурги маънавӣ, мисли илму адабиёт, қудрати бузурги тарбияи инсонро молик аст. Дар мамлакатҳои мутамаддин намоишгоҳҳои бузурги мусаввараҳоро ташкил ва роҳандозӣ менамоянд, ки ҳазорҳо тамошобинон аз он лаззати маънавӣ мебардоранд. Ҳамчунин, дар кишварҳои пешрафтаи олам осорхонаҳои боҳашамати санъати рассомӣ, ба мисли Эрмитажи шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия, ҳастанд, ки маҳсули эҷоди рассомону ҳунармандони ҳирфаиро ҷамъ овардаанд ва онҳо боигарии миллату кишварҳо маҳсуб меёбанд. Ҳар сол миллионҳо одамон аз он дидан намуда, таассуроти неку хотирмон мебардоранд.
Санъати рассомӣ метавонад ҳиссиёти ҳа¬қиқии инсонӣ, гуманизм, фидокорӣ, ватандӯстӣ, ҳифзи табиат, эҳтироми ҳамдигарӣ ва дигар эҳсосоти мусбатро дар ниҳоди шахс, хусусан насли наврас бедор намояд.
Фараҳноз УМАРЗОДА,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон