Соли 2023 барои омӯзгорону талабагони Муассисаи давлатии «Мактаби мусиқии бачагонаи № 3-и ба номи А.С. Ленский»-и Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе фараҳбахшу хотирмон оғоз ёфт. Ду хонандаи муассиса Муаттар Маликова ва Гулнора Низомова дар онлайн-озмуни байналмилалии «Дунёи маҳорат», ки дар Олмон доир гардид, миёни 600 иштирокдорони озмун дар сози мусиқии «Фортепиано» ҳунарнамоӣ карданд. Ҳайати доварон ба истеъдоди хонандагон баҳои воло доданд – ба Муаттар Маликова Шоҳҷоиза ва ба Гулнора Низомова ҷойи якумро сазовор донистанд. Омӯзгори муассиса Фирӯза Қосимова, ки дар таълиму тарбияи ин шогирдон саҳми арзанда дорад, аз ҷониби доварон ва созмондиҳандагони озмун бо Сипоснома қадр шуд.
Калиди муваффақият
Фирӯза Қосимова, санъаткор ва ҳунарманди тоҷик, ки то соли 2006 бо насаби Алифова машҳур буд, пас аз бунёди оила тарки саҳна намуду муддате ба тарбияи фарзандон масруф гашт. Ӯ дар хонаводаи санъаткор Шодмон Алифов, собиқ директори Мактаби мусиқии шаҳри Чкаловск ва роҳбари оркес¬три камеравии вилояти Суғд ба дунё омада, аз хурдсолӣ бо танини навою оҳангҳои гӯшнавози классикӣ ба воя расидааст. Мусиқишиносону композиторони шинохта пайваста меҳмони дудмони қиблагоҳаш буданду ҳамроҳ сайри ҷаҳони маънӣ мекарданд.
Фирӯза баҳравар аз ҳавои санъату мусиқӣ аз 6-солагӣ дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ба номи М. Собирова (ҳоло ба номи Миратулло Атоев) дарси фортепиано омӯхту баъдан таҳсилро дар Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд идома дод. Соли 2006 Академияи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуровро бо тахассуси сарояндагии халқӣ ва жанри вокал поён бурд. Дар радифи фортепианонавози касбӣ будан, ҳамчун сароянда миёни мардум шинохта шуд. Нахустин намоиши фортепианонавозии ӯ соли 1994 баргузор гардид, ки «Консерти хурд»-и В.А. Мотсартро бо оркестри симфонии Филармонияи давлатии Тоҷикистон иҷро намуд. Аз ҳамон сол ба иҷрои таронаҳои мардумӣ ва эстрадӣ пардохт. Муддате аз Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Юрий Пӯлотов сабақ омӯхт. Солҳои 1999–2001 дар «Дуэ¬ти Лайло» ҳунарнамоӣ карда, соли 2000 беҳтарин гурӯҳи эстрадии вилояти Суғд, «Беҳтарин дуэти сол» (2000, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон), «Беҳтарин дебюти сол» (2000, Ширкати телерадиоии «МИР») пазируфта шуд.
Фирӯзабону солҳои 2005–2006 солисти ансамбли созию овозии «Садои Суғд» буд. Дар озмуни 4-уми байналмилалии эстрадӣ ва вокалӣ дар шаҳри Остона (2006) ҳунарнамоӣ карда, сазовори ҷои дувум ва бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон «Барои саҳми инфиродӣ дар рушди эстрадаи кишвар» қадр гардид. Аълочии фарҳанги Тоҷикистон буда, омӯзгори ҳирфаии санъати сарояндагӣ ва фортепиано аст.
Ҳамеша бо санъат
Агарчи саҳнаро тарк гуфтам, санъатро тарк накардаам. Ба ҳар коре, ки даст мезадам, мекӯшидам, ки онро босифат сомон диҳам. Дар оила низ фарзандони хурдсоламро то ба по рост шудан намехостам аз мадди назар дур монам. Соли 2014, пас аз фавти падар, ки солҳои охир дар Мактаби мусиқии бачагонаи № 3-и ба номи А.С. Ленский кор мекарданд, васият намуданд, ки ҳамчун омӯзгор дар ин мактаб ба халқу Ватан хизмат намоям. Он кас мегуфтанд, ки муаллимони фанни фортепиано намерасанд ва мудом гӯшзад мекарданд, ки ҳунари аз хурдӣ омӯхтаам набояд зоеъ гардад. Дурӣ аз падарро таҳаммул карда натавонистам ва ҳамон сол ба ин мактаб ба кор омадам, - мегӯяд Фирӯза Қосимова.
Дар ин давра Фирӯзабону шогирдони зиёд тарбия намуд, ки ҳоло қисме дар омӯзишгоҳҳои мусиқии кишвар ва як нафари онҳо дар Академияи мусиқии ба номи Гнесинҳои шаҳри Москва мехонанд.
«Тоҷикистон – Ватани азизи ман»
Ҳини омода намудани шогирдонаш Муаттар Маликова ва Гулнора Низомоваро барои ширкат дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо композитори тоҷик Сангалӣ Ҳомидов ҳамкориро ба роҳ монда, аз ӯ хоҳиш намуд, то асаре офарад, ки он аз чанд қисм иборат буда, аз лиҳози техникӣ, лирикӣ ва вазну усул пурмуҳтаво бошад. Асари «Экспромт фантазия» ду ҳафта қабл аз озмун омода шуду Фирӯзабону бо шогирди 12-солааш ин асари мураккабро тавонис¬танд тамрину аз худ намоянд. Дар натиҷа, Муаттар Маликова соли 2022 дар даври ноҳиявии озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мақоми якум ва дар даврҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ҷойҳои дувумро ишғол намуд. Шогирди дигари муаллим Гулнора Низомова дар ин озмун ба гирифтани ҷойи дувум мушарраф гардид.
Таҷрибаи Муаттар назар ба Гулнора ғанитар аст, чун ӯ бармаҳал ба мусиқӣ рӯ овард. Дар радифи фортепиано 5 сол дар бахши рубобнавозӣ низ таҳсил кардааст. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки Муаттар соли 2022 дар озмун пурра ширкат варзад ва Гулнораро барои озмуни соли оянда омода намоем. Бовар дорам, ки ӯро муваффақиятҳо дар пешанд. Гулнора набераи профессор, академики соҳаи мусиқӣ Аслиддин Низомов асту ин ҳунар дар шараёни ӯ ҷорист, - изҳор намуд Фирӯзабону.
Шуҳрати ҷаҳонӣ
Фирӯза Қосимова офаридаҳои Сангалӣ Ҳомидов ва панҷ асари аврупоиро дар иҷрои Муаттар Маликова ва Гулнора Низомова тули 6 моҳ тамрин карда, барномаро сабт намуду онро ба озмунҳои байналмилалӣ фиристод.
- Бо иҷрои асарҳои Мотсарту Бетховен мо наметавонистем мутахассисони хориҷиро мафтун созем. Хостем, то онҳо бо асарҳои ҷолибу пурмазмун ва услубу таҳияи хоссаи композиторони тоҷик низ ошно шаванд. Нахуст барномаро ба Озмуни байналмилалии шаҳри Қазон равон кардем, ки дар натиҷа, Муаттар лауреати дараҷаи якум гардид. Дар озмуни дигари байналмилалӣ, ки дар Туркия доир шуд, Муаттар Шоҳҷоиза ба даст овард. Дар озмуне, ки аз 3 то 13 январи соли равон дар Олмон баргузор шуд, Муаттар Шоҳҷоиза ва Гулнора ҷойи аввалро гирифтанд. Доварони ҳайратзадаро бовар намеомад, ки чӣ гуна наврасон тавонистанд чунин асарҳои мураккабро бо услуби шарқиву ғарбӣ салису равону дилнишин иҷро намоянд, - афзуд муаллим.
Аз ин озмунҳои ҷаҳонӣ Фирӯза Қосимова бо сипосномаҳо ва дипломҳои махсуси «Омӯзгори беҳтарин» қадр гардид. Барои фаҳму дарки мусиқӣ устод ва шогирдон ба театрҳо, консертҳои касбии опера ва балет, Консерваторияи миллӣ ва ғайра рӯ меоранд ва ба асарҳои мусиқии ҷаҳонӣ гӯш андохта, иҷро менамоянд. Ӯро шогирдонаш устод, роҳбар, модар ва дӯсти бебаҳо медонанд.
Модар-муаллим
Фирӯза Қосимова ҳоло соҳиби чаҳор фарзанд аст, ки ҳар кадоме бо зеҳну донишу тарбия дар муассисаҳои таълимӣ муваффақанду аз озмунҳои дохиливу байналмилалӣ медалу ҷоизаҳо дар¬ёфт менамоянд. Ҳамсари бофарҳангаш барои муваффақияти аҳли хонавода шароити созгорро фароҳам менамояд, ки Фирӯзабону аз чунин иқдомҳои наҷиби ӯ миннатдор аст.
Бисёриҳо наздам барои омӯхтани ҳунари сарояндагӣ меоянд, аммо аз фортепиано сабақ доданро бағоят дӯст медорам. Таваҷҷуҳ ба ин асбоби мусиқӣ дар ҷумҳурӣ кам гардидааст, аз ин рӯ, дар сатҳи касбӣ омӯзондани он барои санъати тоҷик бағоят муҳим аст. Маҳз озмунҳо, бахусус озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, барои кашфу дарёфти истеъдодҳо, рушду тавсеаи чунин бахшҳои муҳими фарҳанг имконияти васеъ фароҳам меоранд, то наврасону ҷавонон бо дасту дили гарм ба омӯзиш пардозанду номбардорони миллат бошанд.
Ситора АШӮРОВА