Сарзамине, ки ҳамакнун шаҳри Душанбе дар он воқеъ, дар садаҳои миёна «Шумон» (شومان) ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи «Сумон» низ ёд мешавад. Дар «Ҳудуду-л-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» омада: «Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр».
Шумон дар қисми болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Висагирд, алҳол — Файзобод) воқеъ буд, ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон вокеъ буд. Муқаддасӣ дар «Аҳсан ал-тақосим» гӯяд:
«Шумон маконе пурҷамъият ва ободу неку аст». Шарафуддин Алии Яздӣ дар «Зафарномаи Темурӣ» аз ин қалъа ба номи «Ҳисори Шодмон» (شادمان حصار) ёд карда ва ғолибан онро ба сурати мухтасар «Ҳисор» (حصار) ё «Ҳисорак» (حصارک) навишта ва имрӯз ҳам «Ҳисор» маъруф аст.
Аз ҷойноми «Душанбе» (دوشنبه) барои нахустин бор дар китоби донишманди балхӣ Маҳмуд ибни Валӣ «Баҳр ул-аъроф фи маноқиб ал-хайр» (оғози садаи XVII м.) ва номаи хони Балх Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи давлати Рус Фёдор Алексеевич (декабри 1676) ёд шудааст. Дар санаде бозмонда аз соли 1826 ин шаҳр «Душанбе-Қӯрғон» (قورغان دوشنبه) номида шудааст. «Қӯрғон» вожаи туркӣ ва маънояш «қалъа» аст. Қалъаи Душанбе дар канораи чапи рӯди Варзоб ҷой дошта ва ҳар рӯзи душанбе дар назди он бозор доир мешудааст. Номи кунунии пойтахти Тоҷикистон ёдовари ҳамин бозор аст. Азбаски ин ҷойро «Душанбе-бозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «Душанбебозор» пайдо шуд ва он Душанбе ном гирифт.
Дар нишебии кӯчаи Путовский (ҳоло хиёбони Исмоили Сомонӣ) боқимондаҳои шаҳракҳои салтанати Юнону Бохтар (охири асри 3 то милод), макони сукунати бостонии давраи Кӯшониён (асрҳои 7–8) дар соҳили чапи дарёи Душанбе ёфт шуданд. Шаҳри замони Кӯшонӣ як ноҳияи муҳими деҳотӣ дошт, ки осори он ҳангоми кофтукови шаҳракҳои ибтидоии асримиёнагӣ пайдо шудааст: Арки Мир (алҳол ҳудуди Боғи ботаникӣ), Испечактеппа (ҳоло маҳаллаи Испечак), Теппаи Искандарӣ (гузаргоҳи кӯчаҳои Миралӣ Маҳмадалӣ ва Коргар), шаҳркадаи Шиши Хона (маҳаллаи 83).
Унвони пойтахт
Соли 1924, пас аз таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, аз қисми ноҳияи Тоҷик-Лақай (ҳозира ноҳияи Рӯдакӣ) ҷудо шуда, Душанбе бо аҳолии камтар аз 500 нафар шаҳр ва пойтахти ҶМШС Тоҷикистон эълон гардид.
Баҳсҳо барои пойтахти нав зиёд буданд, баъзеҳо Қаратоғро мегуфтанд, чун он калонтар ва сераҳолитар буд, чун Самарқанду Бухоро ба дасти ҷумҳурии ҳамсоя буданд ва Хуҷанд (Хоҷент)-и бос¬тон ҳам ҳоло қисме аз ҷумҳурии тоҷикон набуд. Тоҷикистон ягона ҷумҳурие буд, ки пойтахти худро надошт. Интихоб байни Душанбе ва Қаратоғ ба Душанбе монд, зеро зарурияти сохти шаҳри (пойтахти) нав бо услуби коммунистӣ ба миён омада буд. Худи ҳамон сол дар он аввалин кӯча бо дарозии 3 км бо номи Советӣ (ҳозира Афсаҳзод) ва дигаре худи Душанбе пайдо шуд, ки собиқ қишлоқи Душанберо ба ду қисм ҷудо мекард.
Моҳи апрели соли 1927 Совети Комиссарони Халқии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи сохтмони шаҳри Душанбе» қарор қабул кард.
Сталинобод
16 октябри соли 1929 номи Душанбе ба Сталинобод (бахшида ба роҳбари ҳамонвақтаи ИҶШС Иосиф Сталин (1924–1953), иваз гардид. Соли 1961 пойтахти Тоҷикистони шуравӣ дубора номи Душанберо гирифт. Номҳои ноҳияҳои шаҳр: Октябр, Фрунзе, Роҳи Оҳан, Марказӣ баъди соҳибистиқлолии кишвар ба Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ табдил ёфтанд.
Таҳияи ФАРЗОНА