Фасли баҳори нозпарвар ва фархундапаём бо навозишҳои гарм ва руҳу ҷонпарвари айёми наврӯзӣ ба чорсӯи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, ба соҳилҳои аз хоби даврони сармо бедоршудаи деҳоти канори рудхонаҳои Хингобу Хумбов, Ванҷобу Язгуломоб чун дигар шаҳру деҳоти Помири дилнавоз наку қадам мегузорад. Наврӯзи навбаҳорон, ҷашни фархундае, ки ба қалбҳо сурур, ба чашмҳо нуру зиё, ба кӯҳу даман ҳусну таровати рӯзафзун мебахшад.
Дар ин мавзеи хушобу ҳаво сокинони деҳот аз Яхчисор, Нулванду Ёгед то Курговаду Пошхарв ва деҳоти Пои Мазору Ванван ва Мотравн, Жамагу Андарбаки водиҳои Ванҷи Боло, Вотхуд ва Язгулом кӯшиш менамоянд, ки расму русуми наврӯзороии гузаштагонро ба ҷо биоранд. Яке аз куҳансолтарин сокини ноҳияи Дарвоз, омӯзгори собиқадор Борон Муаззамов нақл мекунад, ки дар деҳоти водиҳои Сағирдашту Вишхарв анъана ва расму русуми аҷдодиро, ки ба ориёиёни қадим хос аст, бе каму кост ба ҷо меоварданд. Ба идгоҳҳои наврӯзӣ баробари зери шуълаҳои Хуршед об гаштани барфҳо барзаговонро ба қитъаҳои бесанг ва серхоктарини деҳаҳо мебароварданд. Ин иқдоми рустонишинон, агар дар асл аз рӯи анъанаҳои наврӯзӣ шудгор ва нарм кардани киштзорони канори боғистонҳо бошад, инчунин бо мақсади фаҳмидани зӯру тавон ва сипас маҳорати майдондории ҷавонпаҳлавонон низ буд.
Собиқадори меҳнат Хушвақт Искандаров ва роҳсози куҳансол Шайхиддин Сайфов аз шоҳидони баргузории ҷашнҳои зиёди наврӯзӣ дар Дарвозу Ванҷ мебошанд. Онҳо мегӯянд, ки дар дами субҳ дар иҳотаи садҳо нафар мардум, аз ҷумла бонувони дойрабадаст наврасон барзаговонро мебароварданд. Ҷавонон мебоист, ки юғу испорро ба гардани буққаҳо мегузоштанд. Ин амали хеле хавфнок ба ҳисоб мерафт. Ин корро танҳо паҳлавонони чусту чолок, нотарсу далер ва тануманд ба ҷо оварда метавонистанд. Танҳо ба далертарин паҳлавонон муяссар мегашт, ки барзаговҳои якравро зери юғу испор гиранд. Аз ҳама боз аҷибаш он буд, ки ҷавонпаҳлавоне, ки ҷуфти барзаговро мутеи худ месохт, ҳуқуқ пайдо мекард, ки нахустин ҷӯякро бикашад ва аз ҳама аввал ба майдони гӯштингирӣ қадам ниҳад.
Боре дар яке аз деҳаҳои даромадгоҳи Ванҷи Боло чунин маросими ҷуфтбаророн, ба гуфти мардуми маҳаллӣ, сарҷуфтӣ ба хотири Наврӯз баргузор мегардад. Баробари ба майдони нокишта ҳай кардани барзаговҳо, паҳлавоне Саидумар лофу газофзанон кӯшиш менамояд, ки юғро ба гардани барзаговон гузорад, аммо ҷомаашро пурлойю куртаашро даронда, ду маротиба сари шохи барзаговон шудан дигар муроде ҳосил намекунад.
Иттифоқан Имат Иззатов, паҳлавони номдор, савори асп падид меояд. Ӯ часпу талошҳои Саидумарро тамошо карда, аз асп мефурояд. Ба ҳозирон салом медиҳаду бо чусту чолокӣ ва хунсардии ба паҳлавонони асил хос юғро ба гардани барзаговон мениҳад. Сипас, як қисми заминро шудгор мекунад.
Саидумар далерӣ ва шуҷоати Имат-паҳлавонро дида, дилаш аз алам аланга мегирад. Ӯ хашму ғазабашро фурӯ шинонда натавониста, мехоҳад, ки бо гӯштингири номӣ дарафтад. Имат-паҳлавон, ки табиатан марди ҳалиму меҳрубон буд, мушту лагадзаниро ба худ айб медонад ва бо нармӣ ва хушгуфторӣ ба паҳлавони ноком мегӯяд:
- Биё, беҳтараш гӯштин мегирем, агар ақаллан якпаҳлу афтонӣ дар шоҳидии ҳамин мардум аспи сиёҳмушкинамро ба ту мебахшам ва пои пиёда ба Ғуҷоваст бармегардам.
Лаҳзае пас дар замини шудгоршуда ҳар ду ба муҳориба мепардозад. Имат-паҳлавон барои рустонишинонро камтарак тамошо додан ҳарифашро ба зудӣ мағлуб намесозад. Баъди гузашти ягон даҳ дақиқа ӯ ҷавони дарси устоднадидаро ба пеш кашида, пои чапи ӯро ҳалуки искандарӣ печонда, аз замин бардошта, бо тахтапушт ба замин мезанад. Ҳариф чанд лаҳзае беҳуш мегардад. Баъде, ки ба сару рӯяш об мепошанд, сар боло карда, ба ҳозирон нидо дармедиҳад:
- Сазои касе, ки лофи майдондорӣ мезанаду бо Имат-паҳлавон қувваозмоӣ менамояд, ҳамин аст, - гӯён аз ҷой бармехезаду сархам меравад.
Шоёни зикр аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сафарҳои кориашон ба Бадахшон ба кишоварзони ҳамаи ноҳияҳо зиёда аз 50 адад трактору плугҳо тақдим карда буданд. Акнун дар вилоят ҳамчун рамзи наврӯзороӣ сарҷуфтиро тариқи барзаговон гузаронда, дигар корҳоро бо техника ба ҷо меоранд. Ҳоло дар айёми наврӯзӣ аҳли деҳот машғули омодагӣ ба кишту кор дар саҳро ва навдазанӣ дар боғот мебошанд. Аз домони киштзорон ва боғистонҳо садои «Кишти нахустинро дуруд, яхчи нахустинро суруд», ба гӯш мерасад, ки басе ҳам хушу гуворо ва дилнавоз мебошад.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
ноҳияи Ванҷ