Рассом нафарест, ки тавассути асарҳояш фарҳанг, таърихи гузашта, анъанаҳои миллӣ, рӯзгори воқеии мардумро инъикос менамояд. Наргис Ҳамидова аз зумраи он мусаввиронест, ки мазмун ва сабки асарҳои ӯ ба тасвири табиати диёр, ҳаёти воқеии занону духтарони деҳот ва натюрмортҳо бахшида шудааст.
Дар аксари офаридаҳояш услубҳои хосси фаровонии ҳамаи рангҳо, бештар рангҳои гармро мушоҳида кардан мумкин аст. Вай дар санъати тасвирӣ мақом пайдо намудаву дар Ватан ва хориҷ аз он шинохта шудааст. Наргисбону соли 1971 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ таваллуд шуда, мактаби миёнаи №65-и пойтахтро хатм намуд. Мураббии аввалини ӯ падараш аст, чун қиблагоҳ ба санъат мароқи зиёд дошт. Баъди хатми мактаби миёна ба Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов дохил шуда, онро соли 1991 бо дипломи аъло хатм намуд. Барои боз ҳам сайқал додани донишу малакаи худ ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, шуъбаи мусаввирии дастгоҳиро хатм намуд. Ӯ дар чандин намоишгоҳҳои ватаниву хориҷӣ ширкат дошта, сазовори ифтихорномаву сипосномаҳои зиёде гардидааст.
Рассом шахсест, ки ҳақиқати ҳолро дар расм тасвир намояд. Аз ин рӯ, ӯ манзараҳои зебои диёрро дар расмҳояш тасвир намуда, Тоҷикистони биҳиштосоро ба хориҷиён муаррифӣ намудааст. Силсилаасарҳои ӯ «Диёри зебои ман-Тоҷикистон» рамзи зебоии зиндагӣ мебошанд.
- Мо, рассомон, бояд дар бораи рушди санъати муосири тоҷик бештар андеша намуда, асарҳо эҷод намоем, то таваҷҷуҳи бештарро ба санъати тоҷик ҷалб созем. Ба ин восита метавонем дар ҷаҳони муосир мавқеъ пайдо намоем. Тули фаъолияти эҷодиам асарҳои зиёде офаридаам, якчанд асари офаридаам имрӯз дар хазинаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи Санъати тасвирии ба номи А.Кастееви Қазоқистон ва Намоишгоҳи санъати муосири Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳфузанд, - мегӯяд рассом.
Мусаввараҳои Наргис Ҳамидова бо сабки хоссаи худ ва рамзҳои зоҳирии гуногунрангӣ ифода шудаанд. Рассом чеҳраи занонро хеле пурасрор тасвир намудааст, ки намунаҳои онро аз асарҳои «Дугонаҳо», «Марворидони шарқ» ва «Суруди алла» метавон пайдо намуд. Ба ин восита, ӯ моҳияти ботинии образҳоро нишон медиҳад. Истеъдод ва боварӣ ба худ доштан ба ӯ ёрӣ расонда, ки дар наққошӣ муваффақу комёб гардад.
Талошҳои пайвастаи ин бонуи ҳунарро дида, ӯро соли 2001 узви раёсати Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, котиби Иттиҳоди ҷавонон ва аз соли 2011 узви Академияи мусаввирии Тоҷикистон пазируфтанд. Шуруъ аз соли 2018 Наргис Ҳамидова роҳбари Иттифоқи рассомони Тоҷикистон аст.
Наргисбону аз соли 2002 иштирокчии намоишҳои байналмилалии рассомӣ мебошад. Соли 2016 дар Намоиши байналмилалии «Дурдонаҳои Роҳи абрешим», ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардида буд, дар маросими ифтитоҳи он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, оид ба мақоми санъати тасвирӣ ва саҳми рассомон дар тарғиби фарҳанги миллӣ ибрози ақида карда, таъкид намуданд, ки рассомон қосиди сулҳу дӯстӣ буда, дар мусаввараҳои худ инсонро ба некиву накукорӣ, хайру саховат ва нангу номус даъват менамоянд. Дар ин намоиш мусаввараҳои Наргис низ, ба маъраз гузошта шуда буданд.
-Барои эҷоди як асар баъзан солҳо кор мекунӣ, вале асарҳое ҳастанд, ки дар як рӯз ба итмом мерасонӣ. Бояд гуфт, ки расмҳое ҳастанд, ки аз он қонеъ намегардӣ, боз рӯзи дигар бо дидӣ нав аз дигар меофарӣ. Ин ба илҳом ва ҳаҷми асар вобаста аст. Бештар аз табиати зебои диёр илҳом мегирам. Аксари асарҳои офаридаи ман аз табиати Тоҷикистони биҳиштосо аст. Ҳар як асарҳои офаридаи рассом барояш чун фарзанд азиз аст, - иброз медорад Наргис Ҳамидова.
Ӯ шуруъ аз соли 1991 ба алоқамандони санъати рассомӣ дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов дарс мегӯяд. Таъсиси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн ғамхории бевоситаи Сарвари давлат ба аҳли илм ва санъату фарҳанг аст. Ёдовар мешавем, ки Наргис Ҳамидова дар қатори дигар донишмандону ҳунармандони кишвар дар ташкили Донишкада, ки дар заминаи кафедраи рассомӣ таъсис ёфтааст, саҳм дорад. Вай муддати се сол ҳамчун декани факултети санъати тасвирӣ фаъолият бурда, аз соли 2015 муовини директор оид ба таълим дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов буд.
- Солҳои пеш таваҷҷуҳи ҷавонон ба санъати рассомӣ кам буд, хусусан духтарон ҷиддӣ мароқ зоҳир намекарданд. Хушбахтона, ҳоло таваҷҷуҳ бештар аст. Духтарон ҳоло ихлосманди пешаи дизайнери либос ҳастанд. Рассом бояд таърих, адабиёти кишвар ва ҷаҳонро хуб донад. Рассом, дар баробари истеъдод, бояд ба арзишҳои миллӣ арҷ гузорад, эҳсоси баланди ватандӯстӣ дошта бошад. Баъзан як мусаввара метавонад инъикос¬кунандаи вазъ ва роҳнамое дар зиндагӣ гардад, - иброз медорад устод Наргис.
Рассоми чирадаст дар чандин намоишҳои байналмилалӣ ширкат намуда, Тоҷикистон ва рассомони тоҷикро муаррифӣ намудааст. Соли 2018 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин миёни рассомони кишварҳои зиёд ӯ низ даъватӣ буд. Ҳамчунин, дар Қазоқистон чандин маротиба, дар намоиши расмҳо ширкат варзидааст.
Хизматҳои ин бонуи рассом аз мадди назарҳо дур намонда, барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳояш дар рушди санъати тасвирии тоҷик бо ордени Шараф дараҷаи II сарфароз шудааст.
Ин бонуи рассом модари меҳрубони ду писар аст, ки яке ба касби модар мароқ дошта, пешаи ӯро пазируфтааст.
Фарзонаи ШАЪБОН