Наздик ба сад сол аст, ки дар Тоҷикистон 8 март ҳамчун Рӯзи бонувон ҷашн гирифта мешавад. Соли 2009 бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин сана мақоми Рӯзи Модарро гирифт ва таҷлили он шаҳомати хосса касб кард. Вале кам касон медонанд, ки то талоши занони Аврупову Амрико барои баробарҳуқуқиву озодӣ ва кӯшишҳои Клара Сеткину Роза Люксембург гузаштагони мо ҷашни занонро таҷлил мекарданд…
Аз таърихи 8 март
Мусаллам аст, ки вақте 8 март мегӯем, Рӯзи байналмилалии занонро дар назар дорем. Агар ба таърихи таҷлили ин ҷашн дар Амрикову Аврупо нигарем, мебинем, ки он дар аввал рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон ё худ ҷашни занони инқилобгар таҷлил мешуд. Зеро ду маротиба - 8 марти солҳои 1857 ва 1908 коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ дар Ню-Йорк дархости баробарҳуқуқӣ намуда, гирдиҳамоӣ ташкил кардаанд. Онҳо талаби кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар намудани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро доштанд. Он вақтҳо занон то 16 соат дар як шабонарӯз заҳмат мекарданд, вале барои корҳояшон музди ночизе мегирифтанд. Мардон баъди намоишҳои эътирозӣ рӯзи кори худро то 10 соат кам карда буданд.
Пас аз ин масъалаи ҳуқуқу озодии занон дар Ғарб мубрам шуд ва он характери байналмилалӣ гирифт. Дар оғози асри ХХ бо талоши фаъолзанон Клара Сеткин ва Роза Люксембург 8 март Рӯзи байналмилалии занони ҷасур эълон шуд. Ҳамин тавр, ин сана бо ҳар ном ба кишварҳои ҷаҳон доман зад. Дар Иттиҳоди Шуравӣ, ки Тоҷикистон ҷузъе аз он буд, низ, ин рӯз таҷлил мешуд.
Мардуми тоҷик ин ҷашнро пос медоранд ва дар ин рӯз мекӯшанд то ба модар, ҳамсар, хоҳар, духтар ва ҳамкорон ҳарфҳои нек бигӯянд ва армуғоне ҳадия бикунанд, вале муроди мо таърихи 8 март нест, балки ба ёд овардани таърихи миллат аст.
Исфандорҷашн
Таҷлили мураттаб ва бошукӯҳи ҷашну маросимҳо хосси тоҷикон аст. Ҷашнҳои бошукӯҳе чун Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон, ки то ба замони мо омада расидаанд, далели гуфтаҳои болост. Ҳамчунин, ин ҷашнҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки миллати тоҷик дар дарозои таърих фарҳанги баланди ҷашнороӣ дорад. Ҳикмати ин ҷашнҳо иттиҳоду ҳамдилӣ ва ягонагӣ аст.
Дар баробари чаҳор иди бузург гузаштагони мо ҷашнҳои хосси дигар низ, доштанд, ки яке аз онҳо Исфандорҷашн аст. Ин ҷашн, ки ориёиҳо дар замонҳои қадим дар оғози баҳор барпо менамуданд, бахшида ба занону модарон буд. Номи он дар манбаъҳои таърихӣ ба гунаи Испандорҷашн, Исфандорҷашн, Исфандормумоҳ, Исфандгон ва Спандармагон, Исфандормазгон ва ғ. омадааст. Исфандорҷашн дар рӯзи панҷуми моҳи исфанд, ки охирин моҳи солшумории эрониёни қадим (мувофиқи солшумории шамсӣ) аст, таҷлил мешуд. Мувофиқи тақвими милодӣ он ба 23–24 ё 25 феврал мувофиқ меояд.
Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия» доир ба ин ҷашн менависад: «Исфандормузмоҳ, ки рӯзи панҷуми он Исфандормуз аст ва барои иттифоқ афтодани ду ном онро чунин номидаанд ва маънии он ақлу илм аст ва Исфандормуз фариштаи посбони Замин аст ва ҳомии занони дуруст ва порсо ва шавҳардӯст мебошад. Дар замони гузашта ин моҳ, ба вижа ин рӯз иди занон буд ва мардон ба занон ҳадия медоданд ва ҳанӯз ин расм дар Исфаҳон, Рай ва Паҳла боқӣ монда ва ба форсӣ муздгирон низ мегӯянд».
Аз гуфтаи Берунӣ бармеояд, ки дар ин ҷашн чун имрӯз мардон ба занон туҳфа медоданд, ки ин рамзи эҳтиром ва муҳаббат ба бонувон аст.
Ҷашни бонувон дар «Авасто»
Аз таҳқиқоти олимон Юсуфшо Ёқубов, С. Қосимӣ, Бобо Назар Бобохон ва дигар муҳаққиқони фарҳанги бостон бармеояд, ки дар китоби муқаддаси «Авасто» низ, аз Исфандорҷашн ёд шудааст. Номи ҷашни мазкур дар китоби муқаддаси Зардуштиён ба сурати Спента Ормаитӣ омадааст, ки маънои фурӯтанӣ ва фидокориро дорад.
Дар оини зардуштӣ Исфанд ё Исфандормуз (Ормаитӣ) номи яке аз фариштагони бузург буда, ӯ дар олами маънавӣ мазҳари ишқу муҳаббат, фурӯтаниву тавозуъ, сулҳу созиш, ҷонбозиву фидокорӣ, бурдборӣ ва дар ҷаҳони моддӣ посбон ва ҳомии занони неку порсо мебошад. Ин фаришта муваззаф аст заминро хурраму обод ва поку борвар нигоҳ дорад. Чун Ормаитӣ ба сурати фариштаи хосси занони пок ва порсо қаламдод гардидааст, ба эҳтироми он ва барои пайравӣ аз ин мазҳари пок дар рӯзи испандорҷашн тамоми модарон ва занони порсоро, ки бо пайравӣ аз Ормаитии модар ва ҳамсари намуна ва шоиста буданд, гиромӣ медоштанд ва заҳматҳои онҳоро қадр мекарданд ва ба ин муносибат ҷашну шодмонӣ барпо мекарданд.
Дар китоби «Авасто», инчунин, занони пок ва порсо, ки аз фаришта Ормаитӣ пайравӣ мекарданд, ситоиш шудааст. Чунончи: «Занони дорандаи фарзандони бисёр ва хонадони хуб ва неруманд ва хушандом ва баландболоро меситоем. Ин заминро бо заноне, ки бар рӯйи он зиндагӣ мекунанд, меситоем. Эй Аҳурамаздо, мо ситоем занонеро, ки дар асари дурусткорӣ ва ростӣ неруманд шудаанд… Мо меситоем… занони некандешро, ки дар ҳар кишвар бо виҷдони нек бар зидди бадӣ қиём намудаанд ё менамоянд… Эй Аҳурамаздо, мо меситоем занони ёрирасон ва бомуҳаббатро».
Эзадбонуи мададрасон
Имрӯз, дар ҷаҳони муосир, вақте сухан аз ҳуқуқи баробарии занон бо мардон меравад, муҳаққиқону олимонро зарур аст, ки фарҳанги эҳтиром ба зан-модарро, ки гузаштагони мо тули ҳазорсолаҳо ба он арҷ мегузоштанд, ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Гузаштагони мо ба зан-модар ҳамчун, ба намоди меҳру муҳаббат, манбаи нуру зиё, илҳомбахши рӯзгор эҳтиром мегузоштанд. Ҳатто дар оини зардуштӣ яке аз эзадбонуҳои шашгонаи (пантеони) дини зардуштӣ Исфандормаз ё Спандормаз ном дорад, ки мададрасону файзбахши корҳои кишоварзон унвон шудааст.
Гузаштагони мо қабл аз таҷлили Наврӯзи оламафрӯз нахуст аз олиҳаи Исфандормаз барои барори кори кишоварзӣ мадад меҷустаанд. Масъуди Саъди Салмон мазмуни ин ниёишро чунин қаламдод кардааст:
Сипандормуз рӯз хез эй нигор,
Сипанд ор морову май ор.
Эҳёи ҷашни аҷдодӣ
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки халқи тоҷик гузаштаи пурифтихор ва бо дасти аҷнабиён азбайнрафтаи хешро эҳё созад. Таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷашнҳои ниёгон ва эҳёи анъанаҳои миллӣ далели гуфтаи болост.
Чун сухан аз Исфандорҷашн рафт, зикр кардан ба маврид аст, ки имрӯз ҳам зардуштиёни ҷаҳон ба эҳтироми фариштаи покию ишқу муҳаббат ва арҷ гузоштан ба зан – модар ин ҷашнро таҷлил мекунанд. Зеро, вақте ҷаҳони муосир аз ҳуқуқи зан мегӯяд ва тазоҳуроти коргарзанони амрикоиро рамзи мубориза мехонаду талоши Клара Сеткинро ҷасорат арзёбӣ мекунад, мо аз олиҳаи зан мегӯем, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад. Бонувони тоҷик пеш аз 3000 сол низ, ҷашни хосси худро доштанд, дар ин рӯз хурсандӣ мекарданд, аз мардон ҳадия мегирифтанд. Исфандорҷашн шаҳодат медиҳад, ки зани тоҷик аз оғози таърих озод буд ва симои зани тоҷик ҳамон қаҳрамонбонувони «Шоҳнома» - и Ҳаким Фирдавсӣ мебошанд.
О. СОҲИБЗОДА