Солҳост, ки дар майдони журналистикаи тоҷик бо навиштаҳои ҷолиби хеш фаъолият дорад. Дар бораи нафарони дорои касбу кори гуногун, ки ҳангоми фаъолияташ аз онҳо дар бораи кору рӯзгорашон пурсон мешавад, ӯро аз пешааш бипурсанд, ки рӯзноманигорӣ чӣ касбест, то ӯ аз заҳмати пешаи интихобнамудааш сухан гӯяд.
Посухҳои зиёд дорам. Мехоҳам аз эҳсосоти рӯзноманигор, аз интизориҳое, ки ҳамсуҳбати хешро чӣ гуна дидан мехоҳад ва аз ҷавоб наёфтан ба баъзе аз саволи худ, ки нооромаш месозад, ҳарф занам. Рӯзноманигорӣ пешаи мушкил аст. Садсолаҳо шогирди ин мактаби бузург будан кам аст. Ин мактаб омӯзиши пайваста ва ҳамқадами замон буданро барои муваффақ шудан тақозо менамояд, - мегӯяд ӯ.
Инак, суолҳое, ки Шаҳло Эшонова тасмим дошт, посух мегӯяд:
Чаро журналист шудам?
Аз хурдӣ хондану навиштан ва шунидани ҳар гуна қиссаву ҳикояҳоро меписандидам. Паҳлуи падар, ки ҳамеша рӯзномаю маҷалла ва китоб мехонд, бо ҳисси кунҷковӣ нишаста, бо иштиёқ сар хам кардаву дергоҳ аз онҳо чашм наканданашонро наззора мебурдам.
Дар синни 6 - солагӣ ба мактаб рафтам. Он замон ҳарфҳоро хуб мешинохтаму ба қавле «ҷанг» андохта, китоб мехондам. Дар синфи 2 узви китобхонаи мактаб гардида, шеър, қисса ва ҳикояҳо мутолиа менамудам. Гоҳҳо мисраъҳои шогирдона эҷод менамудам. Дар синфи 6 нахустин навиштаам дар газетаи девории мактаб чоп шуд. Нигоштаам дар бораи дарсгурезии як хонанда буд. Баъдан дар рӯзномаи ноҳиявӣ ва каме баъдтар дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон» ва «Комсомоли Тоҷикистон» маводам ба табъ мерасиданд. Вақте бори нахуст якчанд мисраъҳои шогирдона ва расмам дар саҳифаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») чоп шуд, аз гӯшаву канори кишвар номаҳои зиёд гирифтам. Якбора сафи дӯстонам афзуд ва хушбахтона, робитаи дӯстиам бо бархеашон то имрӯз идома дорад.
Пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чанд муддат дар Радиои Тоҷикистон ҳамчун муҳаррири шуъбаи адабиёт ва ҳунар кор кардам. Ҳанӯз аз солҳои донишҷӯӣ эҳсос намудам, ки журналистӣ пешаи заҳматталаб асту масъулиятшиносиро тақозо менамояд.
Замоне ба кор шуруъ намудам, ки мисли имрӯз рӯзноманигор имконияти васеъ надошт. Кишвар баъди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гомҳои нахустин ба роҳи истиқлолият ва сулҳу субот мегузошт. Вазъи сиёсиву иқтисодии мамлакат аз ҳар ҷиҳат мураккабу нигаронкунанда буд. Дар ҳама давру замон бо сухани худ таъсир расондан ба ҷомеа аз рӯзноманигор маҳорати хоссаро тақозо менамояд. Дар чунин вазъият таблиғи сулҳу субот, муттаҳидиву сарҷамъӣ ва даъвати мардум ба худшиносиву ватандӯстӣ рисолати ҳар як рӯзноманигор буд, ки то ҳадде аз пайи анҷоми ин масъулияти хеш будам.
Бо низомиён
Бо тавсияи яке аз дӯстон муддате самти фаъолиятамро тағйир дода, ба сохтори низомӣ ба кор даромадам, аммо бо гузашти замон ҳарчи бештар дарк мекардам, ки касби ман рӯзноманигористу силоҳи ман сухан. Оре, рӯзноманигор дар ҳама давру замон неруи бузургро соҳиб аст, ки ин неру сухан аст. Сухани росту ҳадафрас, ки ба дардҳо малҳам бахшаду ба дилҳо таскину оромиш, сухани созандаю офаранда, ки роҳкушову роҳнамо аст. Барои мани эҷодкор фазои низомӣ қафасеро мемонд, ки бо тақозои вақт муддате сокини он будаму боз баргаштам ба дунёи озоди сухану суханварӣ ва рангину пуртазоди рӯзноманигорӣ. Яъне, маро муҳаббати пеша боз ба дунёи эҷод овард.
Ману «Ҷавонони Тоҷикистон»
Ҳафтаномаи ҷавонони кишвар, ки аз замони ҷавонӣ то имрӯз рӯзномаи дӯстдоштаам мебошад ва беш аз 15 сол аст, маро дар оғӯши хеш, дар баробари як зумра созандагони имрӯзу умедҳои фардои кишвар гирифтааст. Хушҳол аз онам, бори дигар пас аз вақти начандон тулонӣ фазои муносиби эҷодӣ бароям фароҳам омад.
Ҳайати эҷодие, ки алҳол бо ҳам фаъолият дорем, тими воҳиду муттаҳидест, ки фидоии касби пуршарафи хешанд ва якдилона гуфтаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати ҷумҳуриро дар бобати тарбияи насли ҷавон тарғиб менамоянд. Воқеан, «Ҷавонони Тоҷикистон» ягона нашрияест, ки аз рӯзгори ҷавонони кишвар, дастоварду мушкилоти онҳо маводи ҷолибу хонданӣ нашр менамояд.
Журналист кист?
Сипосгузор аз онҳое ҳастам, ки талқинам намуданд, то ба ҷодаи рӯзноманигорӣ раҳнамун шавам. Ҳанӯз ҳам шогирди ин мактаби бузургам ва озодманишиву ҷасорату матонатро аз он меомӯзам. Касбам шеваи зиндагӣ, маънои ҳаёт ва эъҷозу эҷодам ҳаст, ки ба ин васила равобити маро бо ҷомеа пайвастааст.
Нафаре, ки ҳамеша дар такопӯ, ҷустуҷӯ, шоҳиди набарди зиндагии мардум ва аввалин шунавандаи андеша ва розҳои одамон аст, ин журналист мебошад. Лаҳзаҳои хотирмону гуворои ҳаётам аз ҳамин вохӯриву мулоқот ва суҳбатҳо бо ашхоси касбу кори гуногун маншаъ мегирад ва ин муносибати ҳаррӯза бо одамон рӯзгори журналистро фараҳ мебахшад.
Гоҳе аз худ мепурсам, ки дар ин давра аз уҳдаи рисолати пеша баромада тавонистаам ва ё на? Агар қудрати дуюмбора гардон намудани чархи зиндагӣ медоштам, ҳатман боз рӯзноманигор мешудам ва барои пешрафту шукуфоии кишвари азиз ва ободии ҳар як порчаи замини зархезаш бо суханҳои созанда саҳм мегирифтам. Рӯзноманигорӣ аз ҷумлаи пешаҳоест, ки муҳаббат ба Ватанро дар қалби худу дигарон фурӯзон менамояд.
АНОҲИТО