Рӯзгори ӯ мисли қиссаву ҳикояҳои осораш рангину ҷолиб ва мароқангез аст. аз кӯдакӣ мутолиаи китобҳои бадеиро бағоят дӯст медошт. Меҳмонони хонавода аз лаҳни ширини ӯ ва қироати шеър, аз ҳозирҷавобиву ҳамадонии духтарак дар ҳайрат мемонданд. Бо тахайюли рангини кӯдакӣ пешаи минбаъдаи худро китобдорӣ арзёбӣ мекард. Пайвастагиву алоқамандии зиёдаш бо китоб ӯро ба майдони фарохи адабиёт ва нависандагӣ овард.
Гулчеҳра Маҳмадизода дар хонаводаи зиёӣ камол ёфтааст. Таълимдидаи дабистони ноҳияи Фархор, пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба факултети забон ва адабиёти тоҷик дохил мешавад. Дар Донишгоҳ бо дониши фарогиру зеҳни бурро мавқеъ пайдо мекунад. Баъди чанде роҳбарии Ҷамъияти илмии студентони факултаро ба уҳдааш мегузоранд. Ҳамзамон, вай узви фаъоли маҳфили «Адибони ҷавон» ва гирандаи стипендияи ба номи Садриддин Айнӣ буд. Аз 100 сӯми стипендия Гулчеҳра танҳо 30 сӯми онро барои роҳкиро мегузошту ба боқимондаи маблағ китоб мехарид. Дар ҳар се китобхонаи ноҳия аъзо буд. Донишгоҳро бо дипломи сурх поён бурд. Устодаш профессор Аламхон Кучаров мехост, ки шогирди номдораш дар Донишгоҳ монда, ба донишҷӯён дарс гӯяд, аммо волидон хостанд, ки духтар мадди назари онҳо бошаду дар мактаби худ фаъолият барад. Ҳамин гуна, падар дар деҳа маъракаи калон ороста, хатм ва дипломгирии духтарашро ҷашн гирифт. Бо ифтихор дипломи сурхро ба ҳар меҳмони омада нишон медод. Духтарони деҳ бо ҳавас ба муаллими ҷавон менигаристанду орзуи мисли ӯ шуданро дар дил мепарвариданд.
Омӯзгор
Дар мактаб ҳамагӣ се сол фаъолият бурд, аммо миёни омӯзгорон алмоси суфтаро мемонд. Замони шуравӣ буду ба мактаби ноҳия 22 аъзои комиссия бо мақсади таҳлили машғулиятҳои омӯзгорон омад. Баъди дарси муаллим Гулчеҳра хулоса бароварданд, ки эҳтимол ӯ дар як синф тамоми хонандагони аълохонро гулчин намудааст. Баъди танаффуси кӯтоҳ онҳо боз дар дарси вай иштирок карданд. Пас, ба хулоса омаданд, ки Гулчеҳра Маҳмадизода метавонад дар қатори 5 нафар намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи беҳтарин муаллимони ҷавони Иттиҳоди Шуравӣ дар шаҳри Москва ширкат варзад. Гулчеҳра Маҳмадизода дар ин ҷаласа аз номи намояндагони Тоҷикистон сухан ронда, ба гирифтани нишони «Ба муаллими беҳтарини комсомол» шарафёб гардид.
Дониши хуб ва қобилияти ташкилотчигии Гулчеҳраро ба назар гирифта, ӯро ба корҳои роҳбарӣ тавсия доданд. Аз ҳамон давра вай зина ба зина дар идораҳои гуногун кор кард. Ҳамчун котиби кумитаи комсомоли ноҳияи Фархор, инструктори кумитаи ҳизбии ноҳия, муовини раиси ноҳия ва баъдан мудири бахши шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намуд.
Аз овони мактабхонӣ ба эҷоди шеър рағбати беандоза дошт. Аввалин шеъраш дар васфи модар дар 11-солагиаш дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» («Анбоз») ба табъ расид. Баъдан навиштаҳояш дар шакли тарона, ҳикоя ва тарҷума аз забони русӣ дар матбуоти даврӣ нашр мегардиданд. Корҳои ҷамъиятӣ садди роҳи эҷодаш нагашт, балки пайваста воқеаву рӯйдодҳои ҳаёти мардуми одиро мушоҳида ва сабт менамуд.
Аввалин китоби Гулчеҳра Маҳмадизода бо номи «Як шаб» рӯи чоп омад. Пас аз он асарҳои дигараш «Қасоси зан», «Бонувони Фархор», «Бӯи модар», «Чордодарон», «Мунтахаби осор», «Сафинаи муҳаббат» ва «Балҷувон» ба нашр расиданд.
Мо, адибон, аз кӯдакон қарздорем
Сабаби ба адабиёти кӯдак рӯ овардани Гулчеҳрабонуро ҷӯё шудем.
- Ҳафтаи китоби кӯдак доир гашту бо адибон ба вилояти Хатлон роҳ гирифтем. Дар намоиши асарҳо барои бачагон танҳо китобҳои Ленину Карл Маркс ва ба ин монандро дидем. Пеши худ қавл додам, ки бояд барои кӯдакон асар эҷод намоям. Матлаберо бо унвони «Мо, адибон, аз кӯдакон қарздорем» оид ба набудани адабиёти бачагона дар кишвар рӯи чоп овардам. Шуруъ аз соли 2016 бо дастгирии Вазорати маориф ва илми кишвар китобҳои бачагона рӯи чоп омаданд.
Китобҳои бачагонаи ӯ «Ишораабру», «Навҳаи асп», «Ору ва шоҳпарак», «Афсонаи товус», «Дунёи бачаҳо», «Ғалабаи Ситора», «Тӯй дар беша», «Яке буд, яке набуд» ва ғайраро метавон ном бурд.
Китоби «Тӯй дар беша» ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума шуда, соли 2022 «Китоби сол» дониста шуд. Бисёре аз осораш ба забонҳои русӣ, англисӣ, форсӣ ва арабӣ баргардонда шуданд. Сабки навишти ҳикояву афсонаҳояш шакли кӯтоҳ, равону суфта, вале бо маънии васеъ иншо шудаанд.
Гулчеҳра Маҳмадизода чанд сол пайдарҳам дар Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол» ширкат варзида, бо дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гашт. Аз адабиётҳои насрии бачагона китоби «Афсонаи товус», «Яке буд, яке набуд», «Печутоби тақдир» дар озмуни драманависон ба диплом сазовор гардид. Соли 2017 дар озмуни қиссагӯйҳо дар шаҳри Теҳрон иштирок кард ва соҳиби диплом шуд.
Гулчеҳра Маҳмадизода дар баробари нависандаи маъруф будан, соҳиби оилаи солим, фарзандони бомаърифат аст, ки ҳар яке дар соҳае муваффақанд. Ӯ модари ғамхор, ҳамсари меҳрубон ва бибии афсонагӯст.
Бо медали Хизмати шоиста, унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мушовири хизмати давлатии дараҷаи 1 мебошад.
Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ нисбат ба эҷодиёти адиби хушкор Гулчеҳра Маҳмадизода чунин гуфта: «Навиштаҳои Гулчеҳра зинда, ҷолиб ва барангезандаанд. Онҳо аз сохтакориву рангубору такаллуф орӣ буда, самимӣ ва дилнишинанд. Забони нависанда нарму сода ва бисёр ором аст».
Нависандаи сермаҳсули тоҷик Гулчеҳра Маҳмадизода гулест дар гулистони адаб, ки тавассути нигоштаҳояш ба хонанда руҳияи ватандӯстӣ, якрӯ будан ва зебобиниро тарбият менамояд.
Фарзона ВОСЕЕВА