Наврӯз паҳновартар ва фарогиртар аз як ҷашн аст. Олами андешаҳо ва воқеияти рӯзгори мардумест, ки дар баробари ганҷури донишу хирад будан, дигаргуниҳои зебои табиатро бо ҷону дилаш мебинаду нафаси тозаи табиатро тахсис мекунаду тасвир. Ва ҳар зебоӣ, ки ҷилва мехӯрад, бе қиёс бо ҳусну таровати бонувони дилбару дилрабо набудааст:
Рухи гул бо нами борон арӯс аст,
Ки дурри шоҳвораш зевар омад…
Фарвардинмоҳ, ки ибтидои Наврӯз аст, аз забони паҳлавӣ ба маънои оғози рустанист ва моҳест, ки Офтоб аз бурҷи Ҳут (моҳӣ) ба бурҷи Ҳамал ворид мешавад. Моҳи якуми соли хуршедист, ки оғозаш ба 21-уми март рост меояд. Вале на дар як вақту соат мисли сари соли масеҳӣ. Чуноне соли 2021 Хуршед ба Ҳамал соати 14.37 дақиқа ворид шуд ва онро Ҳурмузрӯз, «рӯзи таҳвил», «лаҳзаи таҳвил, офтоби рахшонашро Наврӯзхур, яъне Наврӯзи Хуршед номидаанд ва «рӯзи мухторӣ» мегӯянду «фаррух» низ.
Аз ҳамин рӯз мардум фол мебардоштанд ҳама давру замон. Чуноне 21 марти соли 2007 ба якуми фарвардини соли 1386 ҳиҷрии хуршедӣ рост омада, офтобӣ буд. Моҳ серборон шуд. Бо вуҷуди зиёнаш ба рустаниҳо мувофиқи пешгӯӣ ва мушоҳидаи барзгарон соли хубе омад, меваю сабзавот фаровон шуд, агарчи борон дар кӯҳистон кам борид. Кишоварзон боронро хеле интизорӣ кашиданд. Дар фасли тирамоҳ ба ҳамин сабаб кишти тирамоҳӣ дер шуд. Танҳо якуми декабр барфу борон якҷо омад.
Дар ҳамин ҳолат ба мулҷар низ аҳамият медиҳанд. Соли 2007 ба хубон иртибот дошт. Тибқи мушоҳида соли хубонро мардум ва ахтаршиносон соли оромиҳо пешгӯӣ мекарданд. Ин ва дигар хосиятҳои соли хубон: тобистони гарм, зимистони сард, файзу баракат ва одамон имкони меҳнат пайдо мекунанд, ризқ фаровон мешавад, рост баромад.
Ниёгонамон дар оғози сол, дар шабу рӯзҳои нахуст шамъи муанбар меафрӯхтанд. Шамъе, ки дар таркибаш моддаҳои хушбӯй: сипанд, сандал ва уду анбар дошт, ки ҳавои хонаро хушбӯй мегардонд. Чун рӯзи нек аст, ба якдигар об пошидан, ҳадия додан, пӯшоки тоза пӯшидан, муҳр бар коғаз ниҳодан ва шодиҳо кардан хуб аст. Некмардон ба фарзандони хеш аз рӯйи эътибору шараф номҳои Фаррух, Наврӯз, Ҳурмуз ва Шоиста мениҳоданд. Расми мулуки Хуросон буд, ки дар ин мавсим ба сипоҳиёни худ таваҷҷуҳи хосса доштанд ва либоси баҳорию тобистонӣ инъом мекарданд.
Аз афзалияти Наврӯз бастагиаш ба тағйироти шаборӯзӣ аст. Муҷиби шодмонӣ ба дарозӣ сар кашидани рӯзҳост, ки ба шарту рамз Мавлоно Қозии Алоӣ «кӯтоҳии шабҳои ҳиҷронаш» қаламдод мекунад:
Ба наврӯзӣ навиде медиҳад боди саҳаргоҳӣ,
Ки дорад баъд аз ин шабҳои ҳиҷрон рӯ ба кӯтоҳӣ.
Табиати сеҳрофар мумтозтарин шоир аст, ки замину замонро назокат ато мекунад. Фарзандони закӣ ва хушлаҳн онро ба назм мекашанд, ки ба латофату зебоии ҷашнвора меафзояд. Магар мешавад нозанинтарин ҷашнро бе нӯшбод тасаввур кард. Онҳо бо суханони дилбар ба муқовимати ислом рахна заданд, ки хеле муҳим буд. Ҳам забон латофат афзуду ҳам идвора ҷовидият пайдо кард. Мо ин ҷумларо дар қитъае аз Асири Футӯҳи Марвазӣ бармало эҳсос мекунем:
Ба Наврӯз кардӣ нишоти шароб,
Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!
Бешак, нӯшбоди шоирони наврӯзпарастро метавон ҳамчун намунаи олии ватанпарастӣ ва таманниёт барои ҳар шахс истифода бурд:
Ҳар маҳат бод фатҳу фирӯзӣ,
Фаррухат бод ҷашни наврӯзӣ…
Эй шабу рӯз бар ҳавову мурод,
Карда пирӯзӣ эзидат рӯзӣ.
То бувад рӯзу шаб натиҷаи чарх,
Шод бодӣ чунон-к имрӯзӣ.
Баҳори нозанинро бас ҳунармандона сутудаанд, чун оғози рӯзгори тоза ва овони гулхез. Аз устод Рӯдакӣ аст:
Омад ин баҳори тавбашикан,
Парниён гашт боғу барзану кӯй.
Ҳамчуноне аз Фаррухии Систонӣ:
Омад он баҳори тавбашикан,
Бозгаште бикард тавбаи ман.
Дар анъанаи наврӯзӣ зиёд навиштаанд. Дар ин рав ёд кардани гузаштагон ва зиёрати манзили охирати наздикон хеле муҳим буд. Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ дар як рубоӣ моҳи Ҳамалро зебо тасвир мекунад ва ҷилваи лолазоронро чун ормонҳои эшон қаламдод мекунад:
Айёми ҳамал, ки фасли ибратхез аст,
Дар сафҳаи гул хатти ҷунунангез аст.
Дар пардаи хок нозанинон хуфта,
З- ин ғусса мизоҷи лола хуномез аст.
Наврӯз зиндагиномаи мардуми одӣ аст. Онҳо бештар аз ҳар тоифа ба ҷашнвора сидқ меварзанд. Орзуву омол ва ормонҳояшонро бо Наврӯз тавъам медонанд. Наврӯз барояшон беҳтарин падида, муқаддасот ва ченаки арзишманди рӯзгорашон будааст. Ошиқи шефта аст, ки дидори маҳбубаашро беҳтарин шараф мешуморад ва расидан ба Иди Наврӯз медонад.
Ман рӯи туро бинаму Наврӯз кунам,
Шабам ба сари санги сиё(ҳ) рӯз кунам.
Аз сурудаҳои бонувони зебочеҳра аст, ки дар фасли дай бо умеду орзуҳо сӯзан рӯи алвон мезананд ва орзуву омоли хешро ба нақшҳои музайян ифода мекунанд:
Наврӯза ба навбаҳор кай мебинам,
Гулҳора ба шаш қатор кай мебинам.
Гулҳора ба шаш қатор дар фасли баҳор,
Дунёра ба як қарор кай мебинам?
Наврӯз кай ҷаҳонӣ шуд?
-Барои ман имрӯз басо рӯзи хушию саодатмандист, ки сарварону роҳбарон ва намояндагони воломақоми кишварҳои дӯст дар сарзамини таърихӣ ва афсонавии Эрон – ин хоки муқаддаси фарҳангхезу тамаддунофар – ҷамъ омадаем. Мо дар ин ҷо гирди ҳам омадаем, то бори дигар ин суннати бостонӣ ва ҷашни бузурги миллии худ - Наврӯзи оламафрӯзро, ки аз қаъри асрҳо то имрӯз ба мо расидааст ва ҷузъи ҳувияти миллӣ ва ифтихори маънавии мардумони мо гаштааст, бо шукӯҳи хос, ҳамчун ворисони тамаддуни бузург, таҷлил намоем. Ман омадаам, то ки аз номи миллати тоҷик – аз бародарону хоҳарони ҳамкешу ҳамфарҳанги шумо – паём ва табрику таҳниятҳои гармро бирасонам…
Дар замони истиқлолияти Тоҷикистон, ки миллати тоҷик сарнавишти давлати худро ба дасти худ гирифт, Наврӯз дар кишвари мо шукӯҳу ҷалоли худро аз нав пайдо кард ва ба ҷашну сурури умумимиллӣ табдил ёфт. Ва дар ин ки Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид карда шуд ва Созмони Милали Муттаҳид онро ҷашни ҷаҳонӣ эътироф кард, саҳми мардум ва давлати мо низ дар он назаррас аст…
Ҳамингуна оғоз ёфта буд суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар Ҷумҳурии Исломии Эрон.
Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар 64-умин нишаст Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон кард, ки он рӯзи 23 феврали соли 2010 буд.
Маҷмаи умумии СММ аз кишварҳои ҷашнгирандаи Наврӯз хостааст, таъриху анъанаи таҷлили ин иди бостониро пажӯҳиши амиқтар намуда, натиҷаи онро дар миёни аҳли олам паҳн кунанд.
Чи олами дилрабое меофаранд, ки аз дониши ниёгон ва таҷрибаи садсолаҳо баҳра дорад. Ҳар ранг асроромез аст ва ба табиат дар пайвандӣ. Аз рангҳои дилкаш, ки ба хосиятҳои ситораву сайёраҳои Зуҳал – сиёҳ, Муштарӣ – ҷигарӣ, Миррих – сурх, Офтоб – зард, Зуҳра - сафед, Аторуд – кабуд, Моҳтоб – сабз алоқаманданд, дунёи ҷаззобе эҷод менамоянд, ки ба табиати инсонҳо созиш мекунад. Аз бурду бохт, комёбию нокомӣ, сӯгу сур мазмун гирифтаанд.
Дар миён сурху сафеду сабзи шодию нишотофарро миллати тоҷик дар Парчам баргузида, ки рамзи Наврӯз, муҷиби саодату бахт ва давлатдории мардуми тоҷик аст, ки дар олам парафшонӣ дорад.
Фаррух бод Ҷашни Наврӯз!
Ҷонибек АСРОРИЁН