Дар Бадахшон чун нишонаи ихлосу эҳтиром мардум ба ҳамдигар ва ба меҳмон ҷуроб туҳфа менамоянду тоқӣ ба сар мегузоранд. Сокини деҳаи Хидорҷеви ноҳияи Роштқалъа Майно Каримова, яке аз он бонувони ҳунармандест, ки бештар аз шаст сол боз гӯшае аз хонаи урфиашро ба коргоҳи офариниши маҳсулоти зебо ва дилписанд табдил додааст.
Овони хурдсолии Майно ба солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватании 1941 - 1945 рост омад. Аз нақли модараш Ҳалво медонист, ки мардуми кишвар худ қаҳтии сахтро аз сар мегузаронданду ба хотири таъмини Ғалаба бар фашизм ғаллаву картошкаро ба фронт мефиристоданд. Бонувон рӯзона дар саҳро арақи ҷабин мерехтанду шабҳо бофандагӣ мекарданд ва ҷуробу дастпӯшакҳои омоданамудаашонро ба корвони кумак барои диловарони Ватан ҳамроҳ менамуданд. Модари Майно аз зумраи бонувони соҳибсалиқаи ҳунарманд буд, ки бо миқдору сифати маҳсулоти дастиаш барои фронт зарбдори меҳнат эътироф гардиду ҳамдиёрон акнун дар баробари саҳрокори заҳматқарин аз ӯ чун бофандаи моҳир ном мебурданд.
Модар қуроқдӯзи моҳир ҳам буд. Аз куҳнаколаҳо ва риштаҳои рангоранги боқимонда пойандоз ва дигар намуди маҳсулоти зебову дилписанд тайёр мекарду дар пайравиаш ҳунари қуроқдӯзӣ дар деҳа вусъат ёфт. Тӯйдорон ва ҳар касе ба сафар мебаромад, ба вай ҷуробу тоқӣ фармоиш медод.
Майно дар пайравӣ аз модари ҳунарманд сихи бофандагӣ ба даст гирифт. Оҳиста-оҳиста дасташ рост шуду дар чордаҳсолагӣ аллакай мустақилона ҷуроб мебофт.
- Вақте аз хизмати ҳарбӣ баргаштаму масъалаи хонадор шуданам ба миён омад, волидон духтари қобилу боҳунари Карими ҳамдеҳаро тавсиф намуданд. Тавре мегӯянд, «оча чӣ гуна, духтар намуна» ва ҷавонони зиёди деҳа орзуи хонадор шудан ба ин духтари бомалоҳат ва қобилу ҳунармандро доштанду меандешидам, ки агар хостгор фиристонам оё қабул мекарда бошанд? Толеам баландӣ карду духтар ва водидонашон ризоият доданд ва пас аз чанд моҳ тӯйи хонадоршавӣ баргузор кардем. Худро хушбахт мешуморам, ки тақдир маро бо чунин бонуи меҳрубону ҳунарманд рӯ ба рӯ сохту вай ҳамсафари ҳаётам гардид, - изҳор дошт Шамшер Тоибов.
Мегӯянд, ки «ҳунар беҳ аз зар аст». Ҳунар на танҳо ин бонуро соҳибэҳтиром гардонд, балки ба василаи ҳунар даромади буҷети хонавода бештар мегардаду баракати он меафзояд. Майно коркарди дастии мӯинаи бузу гӯсфандро аз модар ёд гирифт. Пас аз чанд бор дар оби гарм шустану тоза кардан бо шонаи махсус мӯинаро бо даст ва тори камонак мулоим мекарданд ва сипас мересиданд. Баъд торҳоро ба дег андохта бо маҳлули аз гулу гиёҳҳои маҳал тайёршуда ранг мезаданд. Бештар аз 80 намуди гулпартоиҳо, ба мисли «пари товус», «аловак», «пайи нахчир», «абри сари кӯҳ», «камони Рустам», «ориёигул» вуҷуд доранду ҳар бофанда вобаста аз завқу салиқа барои ҷуроб нақш интихоб мекунад. Модар мушкилписанд буду дар бофандагӣ одатан