Муртазо Забеҳӣ – тадқиқотгари «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ чунин нидо дардода: «Сано бигӯям Фирдавсиро ва ҳамсари сабури варо, ки дуюмӣ чунин шавҳар парварида, аввалӣ чунин хамоса офарида!»
Фирдавсӣ асари бузурги худро биофарид дар муддати сӣ сол, боз панҷ соли дигар болои он заҳмат бикашид, яъне аз таҳлил гузаронд. Хуллас, 35 сол бе музд, бе мавод, бе подоше таърихи қадимаи миллати хешро ҷамъ овардан, дар дунёи бетартибу бенизом унҳоро ба тартиб кашидан, назм кардан осон набуд. Хосатан, даме, ки мулки азими аҷдодиро пора-пора арабу турку қарахитоиву бегонагони дигар ба тасарруфи ҳарбӣ ва мазҳабӣ ва тасарруфи моддиву молии худ гирифта, дар бандашон медошта ва соҳибони аслии кишварро барои омӯхтану донистани таърихи аслии худ маҳрум кунонда буданд.
Вале Фирдавсӣ буд, ки қотеона, якравона дар иншои таърихи миллат ҳамарӯза заҳмат мекашид ва ӯро дилсӯзи мудоме лозим буд.
Ва чунин пуштибонии мудому фидокоронаро, пеш аз ҳама, зан метавонист бикунад ва хосса зани хонадон.
Такя ба зан буд, ки Фирдавсӣ азимтарин дос¬тони дунёро аз худи зиндагиномаи Каюмарс, яъне Одам ва Ҳавво, яъне аз аввали дунё то қариби замонаи худаш навишта бикард. Ва он 120 ҳазор мисраъ бишуд, яъне аз азимтарин достонҳои олам гардид.
Фирдавсӣ гузаштаи пурифтихори атрофиёни худро иншо менамуд. Талошгарона, рӯзу шабон, вале атрофиёнаш ёд намеоварда эҳёгари гузаштаи онҳо чӣ аҳвол дорад. Маҳз хизмати яке беҳад ва беамсол буд ва ӯ зани хонадони Фирдавсӣ ба шумор мерафт.
Зани хонадон, ки ба ҳама носозӣ сабр меовард, норасоиҳоро таҳаммул мекард, барои шавҳараш муҳайё менамуд ҳар чизи наку, муҳимтар аз ҳама иншои китобашро идома дода тавонад.
Ин зане буд, ки пажӯҳишгарони оянда барояш номҳои гуногун додаанд, вале ӯ як номи аниқи аниқ дошт: зани эҷодгар! Яъне, зани фидокори марди эҷодгар!
Гӯяндагони роз, ифшогарони асрор овардаанд, ки «Шоҳнома» аз ҷониби Султон Маҳмуди Ғазнавӣ хуш пазируфта нашуд, ба ивази ранҷи сивупанҷсолаи Фирдавсӣ инъоми додаи Султон Маҳмуд ба як ҳаммомпулӣ расид ва боз чанд коса шароби талх, ки онро шоир аз сари доғу алам харидаву ошомида буд.
Шоири музтарибгашта сари мастӣ мазамматнома иншо намуд алайҳи Султон, ба дари ҳаммом часпонд ва онро мутолиа кардани одамон боиси ҳангома шуд ва ин билохир кину адовати Султонро барангехт, фармуд шоирро даст гирифта, зери пойи жандапили ҷангӣ барандохта маҷақ бисозанд.
Фирдавсӣ аз ин ҷиҳат илоҷ надошт ғайри рӯ ба фирор овардан ва аз байн зиёда аз бист соли дигар гузашту касе зинда будан ё набудани шоирро намедонист.
Ривояте монда, ки муддати ин бист сол зани Фирдавсӣ ҳамарӯза ва ҳамашаба заҳмат мекашид, зиндагии духтараш Манижа, ки нишоне аз шавҳари шоираш буд, таъмин кунад, баробари ин ҳамарӯза ва ҳамашаба аз дастнависҳои Фирдавсӣ китоби «Шоҳнома»-ро рӯбардор мекард. Чунин мекард, то нусхаҳои он расида битвонанд барои оянда ва ояндагон, зеро нусхаи асл дар Ғазнин, дар дарбори Султон Маҳмуд монда ва шояд нест карда шуда буд.
Хуллас, ҳамсари Фирдавсӣ аз пайи кор буд ба ҷойи худи шоир. Зеро:
Ошиқӣ хоҳӣ, ки то поён барӣ
Бас бибояд сохт бо ҳар нописанд.
Зишт бояд диду ангорид хуб
Заҳр бояд хӯрду пиндорид қанд.
Фирдавсӣ медонист, ҷониби Ватан баргаштанаш хатари зиёд дорад.
Вале чун тасодуф шунид, бонуи ҳамсараш - қаҳрамони эътирофнашудаи таърих ҷон дода, фавтида, дигар эҳтимоли кушта шудани худашро сарфи назар кард ва роҳ гирифт самти Меҳан.
Ниҳоят, дар зодгоҳ - деҳи Божи остони Тӯс, дар хонадоне, ки қаҳрамони барои дигарон ноаён, яъне ҳамсари фидокораш набуд, яъне дар гӯрхонае зери хок карда шуда, шоир аз по биафтид. Яъне, Фирдавсӣ зиндагиашро идома дода наметавонист дигар бе ун ҳамсар. Аз ин боис рӯзи ин ҷо расиданаш ҷон супурда буд…
Ривояте ҳаст, ки ҳамон рӯзу шабҳо Султон Маҳмуди Ғазнавӣ аз карда пушаймон шуда, ба қадри «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ расида ва барои ҳар мисраи он як тангаи тилло мукофот муайян карда, ки ҷамъулҷамъ мешуд 120 000 тангаи тилло.
Ҳоло ин мукофоти деррасидаро меовард корвоне ҷониби деҳкадаи Бож.
Чун аз як дарвозаи ҳисори (девори гирдогирди) Бож шутуру фили пур аз тилло ворид мегардида, аз дарвозаи дигари ҳисори атрофи Бож мебаровардаанд тобути Фирдавсиро…
Чи тасодуфи пурпечи таърих ва чи тасодуфи қисмате.
Вале Манижа ба онҳое, ки халтаҳои тиллоро оварда, чунин изҳор намуда буд:
- Мукофоти падари ман ва, ҳамчунин, мукофоти модари ман ҳамин «Шоҳнома» буд, ки баъди сари онҳо монда. Худи ман бошам, ба мукофоте ниёз надорам!.
Инро касе гуфта метавонист, ки рӯида аз зани Фирдавсӣ. Ва чанд шутур ё чанд фил тангаи тиллоро фақат метавонист рад кунад зан - бигзор барои ин мукофот ба иззати нафси вай расида, иззати ҷадҳои варо муддате зери по кардаанд. Вале фақат зан метавонист ин миқдор дорамиро рад кунад. Бо чунин ғурури хоссаи хештан ва бигзарад аз баҳри онҳо бо чунин осонӣ, ҳарчанд бисёриҳо даъвогаранд, ки зан чизпарасту молпараст бошад, дар аслу бунёдаш…
Шераки ОРИЁН,
нависанда