Агарчи ҳаво сард ва талу теппаҳои атрофи осоишгоҳ пурбарф буд, офтоби зимистон аранге нурҳои худро рӯшан намуда, ба тан ҳаловат мебахшид. Товусакони ҳавлии осоишгоҳ гармиро ғанимат шумурда, аз ин гӯша ба он гӯша рафта, пушти худро сӯи нурҳои офтоб мегардонданд. Ба қавле аз ин гармии ҷонбахши хуршеди оламтоб роҳат доштанд. Онҳо бо чашмони нимроғу нимпӯшида ба раҳгузарон назар афканда, гӯё аз фароғати хеш арзи ҳол менамуданд. Одамон низ дар интизори боз шудани болҳои рангинкамони товусакон чашм аз мурғон намеканданд.
Нақшу ангораҳои қадима ва муҷассамаҳо, ки намунае аз ҳунарҳои ниёгонанд, диққати фароғаткунандаҳоро ба худ мекашанд. Ҳар нақшу ангораҳо ҳазорон розҳои нуҳуфтаю ногуфтаи гузаштагонро дар худ ҳифз медоранд.
- Вақте кас барои истироҳат маконеро интихоб менамояд, бояд дар баробари фароғату табобат бо хотираҳои аҷоибу ғароиб ба маъвои худ баргардад. Аз ин хотир, талош меварзем, то сари ҳар вақт навоварие дар ҳудуди осоишгоҳ ба миён орем, - иброз медорад роҳбари осоишгоҳи «Сатурн» Рафоат Мардонова.
Бону Рафоат ҳини суҳбат аз муҳаббати хеш ба пеша ва интихоби он, аз давраи оғози фаъолияти хеш дар мавзеи Шоҳамбарӣ, ташаббускорӣ ва ободонии мавзеи сайёҳию табобатии осоишгоҳи «Сатурн» қиссаҳо кард.
Бо дуои падар
Волидон ёд меоварданд, ки аз хурдсолӣ байни фарзандони хонавода бо чусту чолокӣ ва ташаббускорӣ тафовут доштам. Ба қавли падар, аз ҳаракатҳоям ояндаамро пешгӯӣ карда будаанд ва дар мавриди ташаббускориам мегуфт:
«Духтарам қобилияти роҳбарӣ дорад. Рафоат метавонад, ки аз ҳеҷ чиз як чизеро бисозад. Ҳунари сарҷамъ намудану бамаврид истифода бурданро дар худ дорад. Сариштакор асту дурандеш. Ояндааш дурахшон хоҳад буд».
Вақти шунидани ин ҳарфҳо дар айни камолот будам. Ҳамагӣ 14 – 15 сол доштаму ба умқи суханони падар намерафтам.
Муҳандис, тарроҳ, технолог
- Аз хурдсолӣ навовариро меписандидам ва диди наҷиб ба атроф доштам. Мекӯшидам, дар ҳар коре тарҳи наверо бипайвандам ва аз он навоварӣ чашм рӯшан шаваду руҳ ҳаловат барад. Аз он ки аз пайи амалӣ сохтани орзуҳоям сидқан ҷаҳд менамудам, волидон дар интихоби пеша монеъ нашуданд. Эътимод доштанд, ки истодагарӣ намудан хислати модарзодиам асту аз роҳи интихоб кардаам барнамегардам. Воқеан, касберо ба худ муносиб донистам, ки мебоист оянда чун муҳандис ё технолог дар идора намудани корхонаи бузурги истеҳсолӣ саҳм бигирам.
Бо шавқу шӯри ҷавонӣ ҷиҳати амалӣ сохтани орзуҳои хеш пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 34 – и шаҳри Душанбе ба факултаи муҳандисӣ ва тарроҳии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳуҷҷат супурдам. Соли 1995 онро бомуваффақият хатм намудам. Устодон дониши хубу маҳорати касбомӯзиамро аз замони донишҷӯӣ дарк карда, мекӯшиданд, то барои муваффақ шуданам ҳар чи бештар саҳм бигиранд. Бо дастгирии онҳо ба ҳайси коргари одӣ дар фабрикаи ҷуроббофии «Нафиса» - и шаҳри Душанбе ба фаъолият пардохтам. Бо саъю талош дар муддати начандон тулонӣ корро омӯхтам ва чанде пас роҳбари яке аз сехҳои корхона таъин шудам.
Табиист, ки волидон бо умеди зиёд фарзанд ба воя мерасонанд ва дидани ҷашни арӯсию домодии онҳо орзуи деринаи онҳост. Зодмандон мехостанд, аз пайи бунёди оила шавам. Чунин ҳам шуд. Бо тавлиди фарзандон муддате хонашиниро ихтиёр кардам.
Шавҳарам баъди солҳои 2000 – ум дар осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» ба фаъолият пардохт. Баъдан дар ин осоишгоҳ ман низ хазиначӣ шудам.
Барои ободонии «Сатурн»
Осоишгоҳи «Сатурн» аз соли 2015 фаъолияташро мустақилона дар мавзеи хушбоду ҳавои Шоҳамбарӣ роҳандозӣ намуд. Акнун мебоист 1,3 га замине, ки дар тавозуни осоишгоҳ аст, дар он корҳои ободонию навсозӣ анҷом дода шаванд. Воқеан, оғози кор мушкилиро ба бор меорад. Зеро барои сохтани иморату иншооти мувофиқ ба талаботи стандартӣ, ки барои осоишгоҳҳо муайян шудааст, заҳмати зиёдро мехоҳад.
Болотар аз бинои осоишгоҳ боғе бунёд намудем, ки дар он ҷо истироҳаткунандагон фориғ аз муолиҷаву табобат субҳгоҳон ё пас аз хӯроки шом ба сайругашт мебароянд. Токпарварӣ шуғли доимии мардуми маҳал аст ва дар ин мавзеъ беҳтарин навъҳои ангур парвариш меёбад. Мо низ тасмим гирифтем, ки дар як қисми замини лалмӣ токзоре обод намоем. Чор фасли сол истироҳаткунандагон аз кабудӣ, помидор ва бодиринги тару тозаи 2 гармхонае, ки дар шафати осоишгоҳ бунёд ёфтааст, тановул менамоянд.
Ба хотири таъмини муштариён бо ғизои табиӣ зиёда аз 10 сар гови ширдеҳ дар фермаи назди осоишгоҳ парвариш мешавад. Деҳаи Шоҳамбарӣ аз маркази шаҳрҳои Ҳисор ва Душанбе дур аст. Аз ин рӯ, барои аҳолии ин русто дарёфти ҷойи кори доимӣ мушкилӣ ба бор меорад. Бо бунёд ёфтани истироҳатгоҳҳо аҳолӣ соҳиби ҷойи кор шуданд. Масалан, дар осоишгоҳи «Сатурн» 30 нафар аз мардуми маҳал ба фаъолият пардохт, ки бештарашон бонувон мебошанд.
«Сатурн» - макони табобатӣ
Дар баробари истироҳаткунандагони ватанӣ ҳар сол аз давлатҳои Қазоқистону Ӯзбекистон, Ҳиндустону Афғонистон ва шаҳрҳои Россия сайёҳон ба ин мавзеи табобатӣ омада, ситоиш аз обҳои шифобахш ва боду ҳавои тозаи Шоҳамбарӣ менамоянд.
Асосан онҳое, ки шикоят аз бемориҳои узвҳои ҳозима, маризиҳои пӯст ва буғумдарду дигар узвҳои такягоҳ доранд, дар осоишгоҳ табобат меёбанд. Беморону истироҳаткунандагон аз усулҳои табобатии псамотерапия (ваннаҳои регӣ), гиёҳдармонӣ (истифода аз рустаниҳои шифобахши ватанӣ), буғдармонӣ, рӯдашӯӣ, 10 намуди физиотерапия, фитобочкаи бо дарахти дуб ва ҳавзҳои сиркулярӣ истифода менамоянд. Ҳамчунин, ба наздикӣ аз Россия фангопарафин, ки аввалин бор дар Тоҷикистон бо ин намуди маҳсулоти табобатӣ беморони устухондард дармонбахшӣ мешаванд, ворид гардид.
Алҳол, барои 148 нафар ҷой омода шудааст. Муштариён имкони бо аҳли оила истироҳат намуданро доранд. Се вақт хӯроки гарм бо интихоби дилхоҳ таомҳо дар мизи ба истилоҳ шведӣ омода аст. Хуллас, он лоиҳае, ки барои идома додани сохтмони осоишгоҳ пешниҳод шудааст, бо мурури вақт ва сарфи маблағи муайян амалӣ хоҳад шуд.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО