Сароянда ва ҳунарпешаи театр ё кино дар ин, ё он маврид бо суруд ва ё нақше шинохта мешавад ва ин рухдод тамоми умр ӯро пайгир мегардад. Аз ин падида иддае аз ҳунарварон шод, қисме аз ин нақш бурун омадан наметавонанд. Хоманигорон ва ҳамсафони ҳунарвар аз ин бора мегӯянду менигоранд. Ин маротиба сухан аз сарояндаи маҳбуб Мулук Баҳор хоҳад буд, ки соли 1941 дар Москва суруди қадимаи гурҷӣ дар назди роҳбарони олии Иттиҳоди Шуравӣ сароид ва дар хотири бисёриҳо нақш баст ва бояд гуфт, ки оғоз чунин буд.
Даҳа
Аз моҳи марти соли 1936 то апрели соли 1941 дар шаҳри Москва, пойтахти СССР, даҳаи санъати 15 ҷумҳурии бародар доман густурд. Роҳбари давлати советӣ Иосиф Виссарионович Сталин дар даҳаҳои ҷумҳуриҳо иштирок намуда, дар ҳеҷ кадоме суханронӣ ва нӯшбод нагуфта буд. Аз ҳама охир навбат ба ҳунарварони Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон расид.
Новобаста аз авзои мураккаб ва серкорӣ, Сталин якчанд барномаҳои театрӣ ва консертии Даҳаи санъати Тоҷикистонро сарфи назар накард. Роҳбарони олимақом И.В.Сталин, В. М. Молотов, А. А. Жданов ва Л. И. Берия 17 апрели соли 1941 дар филиали Театри калони СССР балети «Ду гул» ва 18 апрел дар ҳамин саҳна фоҷиаи «Отелло» - и Шекспирро тамошо карданд.
20 апрели соли 1941 дар саҳнаи Театри калони СССР консерти хотимавии иштирокчиёни Даҳаи санъати Тоҷикистон доир шуд. Дар ин чорабинӣ роҳбарони сатҳи аввали мамлакат И. Сталин, В. Молотов, К. Ворошилов, М. Калинин, Л. Каганович, А. Андреев, А. Микоян, А. Жданов, Н. Шверник, Г. Малинков, А. Шербаков ва Г. Дмитров ҳузур доштанд.
Баъди анҷоми Даҳаи санъати Тоҷикистон дар шаҳри Москва 23 апрели соли 1941 И. В. Сталин дар толори Георгиеви Қасри Кремл ба иштирокчиёни Даҳа зиёфат орост.
Мафтунгарон
Боис ба ёдоварист, ки он рӯзи ёдмон – 23 апрел И. В. Сталин нутқ эрод кард. Қисми аввали нутқ дар бораи В. И. Ленин ва хизмати бебаҳои ӯ барои ташкил намудани давлати советӣ ва нимаи дуюмаш дар бораи таърихи халқи тоҷик мерафт.
Он шоми пурнишот, ба гуфти Ҳукуматшо Бандишоев, оҳангсози маъруф, Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (он давра 13 – сола буд) ба И. Сталин доирабазми Кимсан Маҳкамов ва хиромиданҳои зебои раққоса Ашӯра Носирова писанд уфтод.
Рақси «Аспак» дар иҷрои Азизбек Мақбулов ва Тайғуншо Шодмонбеков басе дилпазир буд. Ҳини падид омадани Азизбек бо «Аспак» дар чеҳраи Сталин хушҳолӣ пайдо шуд. Сарвари давлат сар ҷунбонда рақси наврасони тоҷикро бо мароқи зиёд тамошо мекард.
«Сулико»
Авҷи аълои зиёфат - садо додани суруди қадимаи гурҷӣ «Сулико», бо забони тоҷикӣ (тарҷумаи устод Лоҳутӣ) дар иҷрои сарояндаи маҳбуб, бонуи хушрӯ ва хушсадо Мулук Баҳор шуд. Садои марғуби сароянда ва суруди ошно дили доҳиро тасхир намуд. Аз ҳама аҷиб ҳамовоз шудани Сталин (бо забони гурҷӣ) бо Мулук Баҳор буд, ки аз он хотири ҳозирон болида гашт.
Ба назар ин қиссаи дилнишин устувор намебуд, аммо баъди мутолиаи «Ёди устод Лоҳутӣ» ба ҳақиқати он боварии том пайдо шуд. Дар китоб аз ҷумла омада: «…Баъд аз хатми Даҳа дар Кремл барои иштирокчиёни он зиёфате ороста шуд. Дар ин маҳфил ба ман муяссар шуд, ки суруди «Сулико»-ро бо матни тоҷикӣ бо ҳамовозии И. В. Сталин хонам. Ӯ матни гурҷӣ ва ман матни тоҷикии ин суруди диловезро мехондем» (Мулук Баҳор, «Падархонди ман», аз китоби «Ёди устод Лоҳутӣ» Душанбе, «Адиб», 1987, саҳ. 220).
Пас аз шунидани ин қисса ва мутолиаи ин рухдод ба рӯзгори сарояндаи номвар Мулук Баҳор мароқ зоҳир намудем. Ҳамчунин, ин ёддошт ба ин хотир аст, ки соли равон ба зодрӯзи ҳунарпешаи маҳбуб - Мулук Баҳор 105 сол пур шуда, ёди ҳунару рӯзгори ин бонуи ҳунаркеш аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.
Мулук Баҳор
Яке аз чеҳраҳои тобнок, сарояндаи шуҳратёри операи тоҷик Мулук Баҳор (Баҳор Мулук Асадуллозода) 31 декабри соли 1917 дар шаҳри бостонии Бухоро ба дунё омадааст. Номбурда Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Тошкент (1938) ва Консерваторияи давлатии ба номи П. И. Чайковскийи Москваро хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиаш дар Ансамбли суруд ва рақси Филармонияи давлатии РСС Ӯзбекистон (1936–1939) оғоз шуда, пас ба шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) меояд. Ӯ домани 30 сол ҳамчун сароянда дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ фаъолият мекунад (1940–1945, 1949–1970).
Мулук Баҳор дорои овози баланди форам буд. Партияҳои офаридааш самимӣ ва ҷаззобу дилнишинанд. Дар операи тоҷик беш аз 80 нақш офаридааст. Гулизор (»Шӯриши Восеъ»-и С. Баласанян), Гулрӯ (»Пӯлод ва Гулрӯ»-и Ш. Сайфиддинов), Ойхон (»Найранги Майсара»-и С. Юдаков), Комде (»Комде ва Мадан»-и З. Шаҳидӣ), Маҳин (»Тоҳир ва Зуҳро»-и А. Ленский), хонум Баттерфляй (»Чио-Чио-Сан»-и Ҷ. Пуччини), Гулчеҳра (»Оршин-мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков) ва дигарон аз зумраи беҳтаринҳост. Мулук Баҳор дар иҷрои романсҳо низ маҳорати бепоён дошт.
Аз соли 1970 нафақахӯрӣ шахсӣ. Мавсуф тули солҳои 1970–1982 ҳамчун методисти шуъбаи театрии Хонаи эҷодиёти ҷумҳурӣ ифои вазифа дошт.
Мулук Баҳор дар 4 Даҳаи санъати тоҷик дар Москва (1941, 1949, 1957 ва 1968) иштирок намудааст. Соли 1941 ба Эрон сафари ҳунарӣ кардааст.
Хизмати шоёни Мулук Баҳор бо унвони Корманди хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1978), бо медалҳо ва грамотаҳои фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон қадр гардидааст.
Мулук Баҳор 26 декабри соли 1986 дар 69-солагӣ фавтид ва дар шаҳри Душанбе мадфун гашт.
Умари ШЕРХОН, адиб