порае чанд аз рӯзгори хурдсолтарин раққоси Даҳаи санъати
Тоҷикистон дар Москва (1941)
Таърихи кишвар чунин раққоси 6-солаеро ёд надорад, ки қалби Сарвари давлати советӣ Сталини бузургро тасхир сохта бошад. Ҳаштод сол қабл, аз 12 то 20 апрели соли 1941, дар шаҳри Москва нахустин Даҳаи санъати Тоҷикистон бо музаффарияти ҳунарпешаҳои тоҷик анҷом пазируфт. Ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ ва фарҳангии Иттиҳоди Шуравӣ, ҳунармандони Тоҷикистон омодагии зиёде диданд. Дар ҳайат 750 нафар: роҳбарони ҷумҳурӣ, ҳунарпешаҳои халқӣ ва касбӣ, устодони ҳунар, сарояндагону раққосони хурдсоли кӯҳистон, ҳунармандони театри драма, опера ва балет бо барномаҳои мукаммали консертӣ шомил буданд…
Аммо дастаи асосии тасхиргарро ҳунармандони Помир ташкил медоданд. Ба Даҳаи мазкур Ансамбли ашӯла ва рақси Помир ва гурӯҳҳои бачагонаи Ансамбл, ки баъдҳо Ансамбли бачагонаи этнографии Помир унвон гирифт, сафарбар шуданд. Роҳбарони Ансамбл Виталий Смирнов ва Ғуломҳайдар Ғуломалиев, роҳбарони мусиқӣ Фозил Солиев ва Рауф Узоқов, балетмейстер Мамадназар Отамов буданд. Ҳайати Ансамбл аз 32 кас иборат буд.
Сталинобод
Ансамбли Помир тирамоҳи соли 1940 аз Хоруғ ба шаҳри Сталинобод омада, ба машқ пардохтанд. Дар ҳайати дастаи мазкур навозанда ва сароянда намерасид, Управленияи санъати назди Совети комиссарони халқи РСС Тоҷикистон намояндаи хешро барои интихоб ва пурра кардани ҳайати Ансамбл ба шаҳри Хоруғ фиристод.
Барои дарёфти ҳунарварон дар Хоруғ озмун эълон карданд. Ҳунарнамоии Зебои 6-сола бо рақсу сурудҳои дилангез, навозиш ва ҳофизии Хоркаш Мирзошоев ба ҳайати ҳакамон писанд уфтод. Зеборо падараш, ҳунарпешаи маъруф Искандар Мулкамонов то Сталинобод ҳамроҳӣ намуд. Зебо Искандарова, узви хурдсоли даста, бо ҳайати Ансамбли бачагонаи этнографии Помир дар пойтахти кишвар пайваст. Ӯро тамринҳои зиёд дар пеш буд. Бо раққоси хурдтарак Александр Иванович Протсенко ва Мамадназар Отамов машқ карда нозукиҳои рақсро омӯзонданд. Зебо боз ҳам хубтару беҳтар рақсиданро омӯхт.
Дар бадали як моҳи тамрин, ба гуфтаи устодон, Зебочаро шинохта намешуд. Ӯ озодона ва маҳин мечархид, дар рақсаш латофат ва нозукӣ эҳсос мегардид. Акнун боҷуръат ва боварибахш ба саҳна мебаромад.
Устоди рақс А. И. Протсенко ҳунарнамоии Зеборо тамошо карда, ба ваҷд омад ва аз ин хусус фикри хешро дар рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» (23.5.1940, №117. саҳ. 2) изҳор дошт. Ин баҳои нахустин аз устоди рақси касбӣ ба ҳунари Зебо Искандарова маҳсуб меёфт. Баъдҳо, дар хусуси ҳунари волои раққоси хушхиром дар рӯзномаҳои бонуфузи мамлакат – «Правда», «Известия» ва «Советская культура» мақолаҳои арзанда ба нашр расиданд.
Москва
Ҳайати пурраи ансамблҳои тоҷик тавассути қатораи махсус аз шаҳри Сталинобод ба Москва равон шуд. Насли калонсол шеъри равону сода ва дилчаспи устод Мирсаид Миршакарро хуб дар ёд доранд:
Мо аз Помир омадем,
Москва равон шудем.
Хобидем андар вагон,
Бедор шудем дар Когон.
Ана гуфтем Москва, Москваҷон, Москва!…
Қатораи Сталинобод 2 апрели соли 1941, расо соати 10:20, иборат аз 750 нафар иштирокчии Даҳа ба шаҳри Москва ворид шуд. Меҳмононро котиби КМ Иттифоқҳои касабаи шаҳри Москва Тарасов, шаҳрдории Москва ва мардум бо гулу гулдастаҳо истиқбол гирифтанд. Баъди ошноӣ бо иштирокчиёни Даҳа, рӯзномаи «Правда» нигошта буд: «В детском памирском ансамбле – 12 девочек 20 мальчиков. Все ребята – отличники учёбы. Самому младшему участнику Зебо Искандаровой – 6 лет» (12.4.1941, №101, саҳ. 4).
Театри калони СССР
Ҳангоми ҳунарнамоии санъаткорони тоҷик дар саҳнаи Театри калони СССР, тамошогарон ва ҳам аъзои воломақоми Ҳукумати Шуравӣ ба ҳунарнамоии хурдтарин аъзои Ансамбли бачагонаи этнографии Помир Зебо Искандарова қоил монда, каф кӯфтанд. 21 апрели соли 1941 дар Театри калон консерти хотимавии иштирокчиёни Даҳа доир шуд. Дар баробари ҳунарварони калонсоли тоҷик, аз барномаи Ансамбли бачагонаи этнографии Помир се номераро ба барномаи консерти хотимавӣ дохил карданд: хори умумӣ, суруди «Ёри ман» дар иҷрои Абдулваҳҳоб Мирзошоев ва рақси бартангӣ дар иҷрои Зебои 6-сола…
Дар ин консерт Котиби генералии КМ КПСС И. В. Сталин ва аъзои Бюрои сиёсӣ ва Ҳукумати шуравӣ иштирок доштанд. Сталин каме дертар омад. М. И. Калинин чизеро барояш гӯшрас кард. Масъуле пушти пардаи саҳна гуфт, ки се номераи консертии Ансамбли бачагонаи этнографии Помир дубора такрор шавад.
Бачаҳо тағйири либос карда, аз нав ба саҳна баромаданд. Ҳангоми рақсидани Зебои 6-сола, Сарвари СССР Сталин хушҳол шуда, оҳиста - оҳиста чапак мезад. Рақси Зебо ба Сталин хеле писанд омад. Рӯзи дигар дар бораи ҳунарнамоии санъаткорони тоҷик рӯзномаи «Правда» таҳти унвони «Консерт в Большом театре» мақолаи таҳлилӣ ба табъ расонд (21.4.1941, №110, саҳ. 4). Ҳамчунин, рӯзномаи «Известия» таҳти сарлавҳаи «Заключительный консерт» (22.4.1941, №94, саҳ. 4) мақолаи хондание чоп кард.
Дар шаҳри Москва ҳайати Ансамбли бачагонаи этнографии Помирро устод Абулқосим Лоҳутӣ меҳмондорӣ намуд. Дар бойгонии хонаводаи Искандаровҳо аз он дидор акси умумии ҳунармандони хурдсол бо аҳли хонаводаи шоири пролетарӣ маҳфуз аст.
Тошканд
Баъди музаффарият дар шаҳри Москва, Зебои наврас бо неруи тоза дар чорабиниҳои гуногунсатҳ ширкат меварзид. Падари раққоси моҳир Искандар Мулкамонов Ансамбли оилавии «Оилаи хушбахт»-ро таъсис дод. Ин Ансамбл он солҳо дар ҳудуди Иттиҳоди Шуравӣ ном бароварда буд. Баъдҳо, Ҳукумати кишвар Искандар Мулкамоновро бо унвони Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон қадр намуд (1960).
Шунида будам, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 дар шаҳри Тошкент Даҳаи санъати мусиқӣ баргузор шуда будааст ва барои огаҳӣ ёфтан аз он ба адиб Тиллои Некқадам рӯ овардам. Гуфт, ки дар рӯзномаҳои давраи ҷангии солҳои 40 – ум дар ин бора маълумот фаровон аст. Аз 25 феврал то 13 марти соли 1944 дар Тошкент Даҳаи санъати мусиқии советии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ Ансамбли бачагонаи этнографии Помир низ иштирок ва ҳунарнамоӣ кард.
Зебои 9-сола дар саҳнаи Театри давлатии ба номи Я. Свердлови шаҳри Тошкент хотири тамошобинону меҳмонони маъракаи бонуфузро шод гардонд. Баъди бозгашт ба Сталинобод, ҳамаи ҳунарпешаҳои Ансамбл, аз ҷумла Зебо Искандарова, бо Грамотаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Намоиши санъати Помир
9 майи соли 1945 Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ғалабаи Армияи Советӣ хотима ёфт. Зиндагӣ оҳиста-оҳиста ба маҷрои тоза равон гашт.
Аз 10 то 20-уми сентябри соли 1946 Намоиши санъати Помир дар шаҳри Душанбе гузаронда шуд. Ҳунарварони Бадахшон қалби тамошобинону меҳмонони пойтахтро бо ҳунари волои хеш тасхир намуданд. Узви собиқи Ансамбл, сармуҳаррири вақти маҷаллаи «Хорпуштак» шодравон Басир Расо зикр намуда буд, ки Ансамбли этнографии бачагонаи Помир соли 1944 ғолиби Даҳаи санъати мусиқии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар шаҳри Тошкент шуда буд.
Дар интиҳои Даҳа Ҳукумати Тоҷикистон як зумра ҳунарпешаҳои шинохта, аз қабили Файз Ҷорубов, Назаршо Гулмамадов, Амоншо Асалбеков ва дигаронро бо Грамотаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон қадр кард. Дар ин рӯйхат номи Зебо Искандароваи 11-сола низ назаррабоӣ дошт.
Шоёни зикр аст, ки Зебо то 11-солагӣ бо се Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (1941, 1944 ва 1946) мушарраф гардида буд.
Чун анъана, пас аз ҷамъбасти Намоиши санъати Помир, ҳунармандон барои сокинони пойтахт консерти хотимавӣ доданд. Устод Абдусалом Деҳотӣ, ки дар ин консерт ҳузур дошт, бардошти хешро дар мақолааш «Консерти хотимавӣ» дар хусуси Зебо чунин нигошта буд:
«… Тамошобинони Сталинобод аз байни ин бачагон, пеш аз ҳама, духтараки хандонрӯйи номаш ба худаш муносиб Зебо Искандароваро мешиносанд. Зебо, ки 5–6 сол пеш аз ин дар вақтҳои даҳрӯзаи санъати тоҷик дар Москва ҳанӯз бисёр хурдакак буда, рақсҳои зебо мекард, дар ин солҳо ҳунарҳои нав ёд гирифтааст. Вай акнун ҳам суруд мехонад, ҳам мерақсад ва ҳам бо дирижёрҳо тақлид карда, хори ансамбли бачагонаро идора мекунад».
Зебо Искандарова умри пурбаракат дида, соҳиби набераву абераҳои зиёд гашт. Ба пайвандон аз рӯзгори нишотангези хеш, дидору суҳбатҳояш бо шахсиятҳои маъруф, амсоли устод Абулқосим Лоҳутӣ, завҷааш Силсилабону, Сталин ва дигарон, сафарҳои ёдмонаш ба шаҳрҳои Москва, Тошкент, Душанбе, қиблагоҳаш Искандар Мулкамонов, устодонаш Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Мамадназар Отамов ҳикоят мекард.
Ҳунарманди маъруфу маҳбуб Зебо Искандарова 20 майи соли 2020 дар шаҳри Хоруғ аз дунё даргузашта, дар таърихи фарҳанги кишвар номи нек ба ёдгор гузошт.
Умар АЛӢ