Таърифу тавсифи ҳунармандии Лайло байни наздикону хешовандон овоза шуд. Модари ҳунарманд сӯзан ба дасти духтараш намедод, мепиндошт, ки ҳоло хурд аст. Вале Лайло кунҷе нишаста, аз пораҳо барои лӯхтаконаш пироҳан медӯхт.
Гурбачае доштем, ба вай ҳам либосҳои аҷоиб медӯхт. Фикр мекардам, ин ҳама завқи кӯдакӣ аст ва бо мурури вақт мегузарад. Аммо ба дарзҳои нимкораам даст зада, якравӣ мекард, то онҳоро дӯзад. 13 ё 14-сола буд, ки мустақилона курта медӯхт. Аз наврасӣ диди тарроҳии наву замонавӣ ва завқи баланди ҳунармандӣ дошт. Дигар монеи кораш нашудам. Алҳол, мушкилкушоям шудааст ва бо беҳтарин тарроҳӣ ба мизоҷон либос омода менамояд, - гуфт модари Лайло Латофатбону.
Модар мекӯшид, то дар баробари ҳунармандӣ Лайло касберо омӯзад. Боре пурсид, ки оянда кадом пешаро интихоб карданист? «Духтур шудан мехоҳам», - гуфт беистиҳола Лайло.
- Воқеан, пешаи пизишкиро меписандам ва тасмимам ҳам ин буд, ки пас аз хатми мактаб ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино шомил шавам. Дар синфи 10 мехондам ва шунидам, ки дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе намоиши мӯд баргузор мешавад. Дар ин озмун номгӯи 12 намуд либоси кӯдакона ва занонаро пешниҳод намудам. Ҳунарам аз ҷониби ҳакамон баҳои баланд гирифт. Дарк кардам, ки аллакай касбро интихоб намудаам ва сар аз он рӯз аз пайи сайқали он ҳастам, - мегӯяд Лайло.
Шавқу рағбат ва муҳаббату садоқат ба касбу ҳунар ӯро ба Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон овард. Омӯзиши пайваста аз устодон беасар намонд. Дар намоишҳои мӯд ва озмунҳо Лайло ҳамеша пешсаф буд.
Лайло Ҳабибӣ рисолаи дипломиашро бо унвони «Сохтани коллексияи муаллифии занона ва мардона бо истифода аз услубҳо ва унсурҳои аслии афғонӣ – помирӣ» бомуваффақият анҷом дод ва сазовори баҳои баланди устодон гардид.
- Ширкат варзидан дар озмунҳо дари пирӯзиро ба рӯям боз намуд. Ҳини дар курси 2 таҳсил доштанам, аввалин бор байни донишкадаҳо намоиши либос баргузор шуд. Коллексияи либосҳоро бо дӯхти аврупоӣ – миллӣ ба намоиш гузоштам. Заҳматам сазовори баҳои баланд шуд. Соле баъд донишҷӯён бо ҳамин тарҳ дар намоишҳо либос пешниҳод намуданд. Аз кори онҳо шод шудам ва ифтихор ҳам намудам, ки ба ҳунарам ҳамсолонам пайравӣ карданд. Моҳи апрели соли гузашта, намоиши либоси мардона дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» доир шуд, маҳсули дастам шефтагони ҳунари волою асилро мафтун сохт. Ҳамчунин, дастранҷи хешро дар осорхонаи меҳмонхонаи «Серена» ва дар ҷашни Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар шаҳри Ваҳдат ба тамошо гузоштам, ки хуш пазируфтанд - болида мегӯяд бонуи ҳунарманд.
Ширкат варзидан дар намоишҳои мӯд маблағи зиёд ва истеъдоди хоссаро тақозо намояд ҳам, ба тарроҳону ҳунармандон имкон медиҳад, ки маҳорати худро санҷанд. Ва берун аз кишвар муаррифгари санъату фарҳанги миллат бошанд. Инчунин, ба ин васила дар омӯзиши намудҳои наву муосири дизайну тарроҳӣ бо дигар ҳунармандону тарроҳон табодули таҷриба карда, ҳунари хешро сайқал медиҳанд.
- Аксар аз ман мепурсанд, ки чаро дар баробари тарғиби ҳунарҳои қадимаи мардуми Бадахшон, дар тарроҳии худ аз намунаҳои осори минтақаҳои дигар низ истифода менамоям? Чунин меандешам, ки барои ҳунарманд ё тарроҳ пайравӣ ба санъати волои ҳунармандони ҳама гӯшаву канори кишвар ва берун аз он фоидаовар аст. Зеро тарроҳ ё ҳунарманд ба хотири ҷалби мизоҷон мебоист намудҳои навро бо тарзу усулҳои замонавӣ эҷоду тарҳрезӣ намояд.
Бо ҳунармандони зиёд ҳамкорӣ дорам, ки барои равнақи пеша хеле судманд асту бобарор. Дар либосҳои омоданамудаам тарҳи либоси мардуми Кӯлобу Ҳисор, Бадахшону Суғд ва Раштро дидан мумкин аст.
Аслан дар омода намудан ва тарроҳии либос аз усулҳои ҳунармандони мардуми Бадахшон бештар истифода мебарам. Вақте нахустин бор ба Бадахшон сафар намудам, ҳавас ва шавқам ба бофтани шерозаҳои бадахшонӣ афзуд. Ҳар ангораи шерозаҳо маъноҳои зиёд дорад, ки дар ин бора ҳунармандон бароям қиссаҳо гуфтаанд. Аз гулкориҳои намади бадахшонӣ дар шерозаҳои либосҳои дӯхтаам ворид намудам ва ин писанди мизоҷон гардид. Ин андаке тағйирот дар чандин намоишҳо маро муваффақ намуд, - иброз медорад Лайлобону.
Ӯ аз ҳунари бофтани шерозаҳои бадахшонӣ огаҳ аст, вале аз серкорӣ дасташ ба дӯхти шерозаҳо намерасад. Аз ин рӯ, аз ҳунармандони бадахшонӣ шерозаҳоро дастрас намуда, барои ороиши либосҳо истифода мебарад.
Лайлои моҳир мекӯшад, ҳар рӯзи зиндагиро бо навоварӣ дар пешааш рангин созад. Ба духтарони ҳамсолаш ҳунар меомӯзонад ва ба ин васила эҳё гардондани ҳунарҳои миллиро тарғиб менамояд. Дар баробари ин, ба омӯзиши забони англисӣ шавқи беандоза дорад. Ӯ мегӯяд, ки омӯхтани забони хориҷӣ барои муошират бо ҳунармандони хориҷӣ зарур аст.
АНОҲИТО