Руқиямо Қадамшоева умри хешро бо кӯдакон дар олами созу навои макотиби санъати ВМКБ паси сар намудааст. Фаъолияти касбии вай аз синни 18 шуруъ шуд. Пас аз хатми мактаб - интернати махсуси мусиқии кӯдакони боистеъдоди шаҳри Душанбе ба шаҳри Хоруғ баргашт.
- Дар мактаби навтаъсиси санъати ноҳияи Шуғнон ба мутахассиси фортепиано ниёз асту бовар дорем аз уҳдаи ин вазифа мебароӣ, - гуфтанд ба Руқиямо дар идораи фарҳанги вилоят ва роҳхатро ба дасташ супурданд.
Дар канори Чашмаи Носир садои тору рубоб ва найю пианинои мактаб бо шаршараи чашмаи пурэъҷоз ҳамнаво гардида, муҳити ин маконро боз ҳам ҷаззобтар мегардонд. Тайи ду соли фаъолият тавассути заҳмати омӯзгорон ва мудирияти хуб мактаб тавонист истеъдодҳо ва алоқамандони зиёди хурдсоли санъатро ба омӯзиш ҷалб намояд.
Ҳангоме ки дар ноҳияи дурдасти Мурғоб мактаби мусиқӣ дари худро ба рӯйи хоҳишмандон кушод, дар роҳи ҳалли масъалаи таъмини он бо мутахассисон мушкилии ҷиддӣ пеш омад. Имтиёзҳои иҷтимоии шароити баландкӯҳӣ вуҷуд дошта бошанд ҳам, на ҳама барои кор дар шароити сахту сарди иқлимии ноҳия розӣ мешуд.
- Дар Мурғоб хешовандон дорам, дар хонаашон маро мепазиранд ва омодаам то пайдо шудани мутахассиси ботаҷрибаи дорои маълумоти олӣ кор кунам,- баён дошт Руқиямо.
Роҳбарияти идораи фарҳанг ба азмаш бовар карданд.
Ҳамин тариқ Руқиямо дар баландиҳои баландтарини Бадахшон ошён гузошту 30 соли фаъолияти касбиашро ба мактаби санъати ноҳияи Мурғоб бахшид. Дар ин маъмангоҳи кӯдакон асрори созҳои мусиқии тору рубоб, аккордеон, пианино ва сози миллии қирғизӣ - қомузро меомӯзанду истеъдодҳо камол меёбанд. Муаллим Руқиямо Қадамшоева 16 сол мудирии мактаби санъатро ба уҳда дошт ва таҳти роҳбариаш ин ҷо ба макони воқеии истеъдодҳо ва дӯстдорони санъат табдил ёфт. Дар ҳамин ҷо ӯ ба шавҳар баромад ва фарзандон ёфт.
Тайи 15 соли охир устод дар мактаби санъати шаҳри Хоруғ фаъолият дораду бо ҳамроҳии дигар муаллимон ба кӯдакону наврасон тарзи навозиши рубоби бадахшонӣ, рубоби қошқарӣ, чанг, аккордеон, гитор ва пианиноро меомӯзонад. Шогирдони ин макон дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ маҳорати хуби санъатварӣ нишон медиҳанду дар консерваторияҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар таҳсил доранд.
Руқиямо дар мактаб аз назария ва адабиёти санъати мусиқӣ ба шогирдон дарс мегӯяду ба гурӯҳи пианинонавозон нозукиҳои навохтани ин сози мусиқиро таълим медиҳад.
Кор бо шогирдон барои муаллим Руқиямо Қадамшоева осону роҳат аст. Ӯ чун мутахассиси варзида нозукиҳои сози мусиқии пианиноро ба онҳо мефаҳмонаду дар такмил ёфтани малакаи навохтанашон ёрӣ мерасонад. Вай дар баробари мураббии сахтгир будан, чун модар барои дастпарваронаш ғамхору меҳрубон аст. Ҳамеша бо қалби пур аз миннатдорӣ ёд дорад, ки чи тавр омӯзгорон ва мураббияҳои мактаби махсуси мусиқии пойтахт ӯро аз синф ба синф мегардонданду чун волидон барояш дилсӯзу ғамхор буданд.
Хори умумии мактаби мусиқӣ дар таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ кафкӯбии пурмавҷ барангехта, яке аз беҳтарин барномаҳои консертӣ унвон гирифт. Дастпарварони устод Руқиямо Қадамшоева ва ҳамкасбонаш дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ширкат меварзанду бовар доранд, ки ҳунарашон писанди мухлисони санъат мегардад.
Ш. МИРЗОҶАЛОЛ, шаҳри Хоруғ