Гумон мебурдам, ки дар бораи модар навиш- тан осон аст, аммо на. Гумон аст, он шириниеро, ки метавонад баробар ба бузургии меҳри беканору ноёбаш бошад, тасвир намоям. Оё метаво- нам, он ҳама ранҷу машаққатеро, ки аз бароям кашидааст, рӯйи авроқи сафед нигорам? Албатта, не. Тасаввур нокарданист, подоши ин ҳама меҳру муҳаббаташро баргардонда бошам. Оғӯши кучаки ман куҷову оғӯши беканори модарам куҷо? Тан додам, ки модар бузургтар аз он аст, ки ману мо мепиндорем.
Модари дар ҳунару ҳусну малоҳат камназир, дар тарбияту пандгӯиҳо аз падарам кам набуд. Ҳиҷ шонае дигар дар умрам мӯйи сарамро чун панҷаҳои сабуку нарму гарму нозуки модарам натавонист ҳамвор кунаду орояд. Сари зонуи модар сар мениҳодаму гӯё доруи хобам дода бошанд, бароҳату сабук мехуспидам. Ку болиште ҳолиё чун сари зонуи модар, ки фирорӣ аз масири зиндагии пуртакопӯву серташвиши рӯзгор рӯи он дамаке осуда биғнавам?
Ёди нақшдӯзиву пилларесии модар то ба ҳол саҳнаҳои овони кӯдакиву ҷавониамро дар хотираҳоям зинда месозад. Аз нӯги сӯзани дастони соҳири ӯ дар замини матоъҳои якранг чаманзори садгесу мунаққаш мерӯид.
Субҳи солеҳон, аз хоб бархеста барои аҳли хонадон ноништа омода мекард. Ғизоҳояш таъму лаззати дигар доштанд, ки ҳанӯз ҳам мазаи он аз комам нарафтааст. Зани боиффату дастархондоре буду то як поси шаб даст ба кор. Чашми рӯз на- кафида нонҳои гарму лазиз рӯи хон мегузошт. Болои ин ҳама, бори заҳмати парасториву тарбияи фарзандонро бештар модарам мекашид. Чун падарам ба ҳукми рӯзирасон аз дар берун буд. Модарам ба меҳмону меҳмондорӣ назари нек дошт. Ҳамеша меҳмононро бо кулчаву чапотӣ ва нону фатир истиқбол мегирифт. Дар баробари пухтани анвои гуногуни нон, фатир, чапотӣ, кулча ва гирдачаҳо, боз қурутобу шакароб, фатиршӯрбо ва дигар анвои ғизоҳои миллиро бо маҳорати ба худ хосе омода менамуд. Ҳар нафари нӯши ҷон кунанда ба модарам баҳои баланд медод.
Ҳатто барои ҳамсояи наздике, ки барои ҳолпурсӣ вориди ҳавлӣ мегардид, модарам ҳатман дастархон меоросту ғизоҳои милливу болаззат пухта, ҳамаи нозу неъматро рӯи хон мегузошт. Ба қавле, бидуни ҳамсояҳо аз гулуяш об намегузашт. Ҳамсояҳо низ доимо мегуфтанд: «Қурутобу шакароби Саодатро як бор, ки хӯрдӣ, асло мазааш аз даҳонат намеравад».
Ёд дорам, солҳои баъдиҷангиро. Мардум он замон ба тикаи ноне зор буданд. Падарам, Худоёр Назаров, муҳандиси Комбинати хизмати маишии шаҳри Кӯлоб, дар сахову ҳимматбаландӣ беназир буданд, мо аз анвои ғизоӣ азият намекашидем. Ҳар як ниёзманди корафтодаеро падару модарам бо анвои ғизоӣ таъмин мекарданд. Он солҳо хо- наамон пур аз одам буд.
Модарам ҳар рӯз чандборӣ нон пухта, ба ҳаққу ҳамсояҳо тақсим мекард. Онҳоеро, ки дар хонаамон буданд, бо хӯроки гарму болаззат меҳмондорӣ менамуд. Бо вуҷуди серташвишу сер- кор буданаш, дар чеҳрааш хастагиро намедидем. Ҳамеша бо рӯи хандон ҳар нафареро, ки вориди хонадонамон мешуд, пешвоз мегирифт.
Баъд аз он, ки бародарам Муҳаммадҷони 24-соларо аз даст додем, болидаруҳиву хандаи самимӣ чеҳраи модарамро ба куллӣ тарк гуфт. Дигар хандаҳояш мисли пеш набуд. Парешону хаёлӣ менамуд. Доғи фарзанд оҳиста-оҳиста модарамро аз пой уфтонду бистарӣ намуд. Се соли дароз рӯзҳову моҳҳоро бо ҳамин минвол гузаронд. Агарчи бемор буд, орзуи зиёрати Каъбаро дошт. Ба хотири амалӣ гардондани ин орзуяш, бародарам Бахтиёр ӯро ҳамроҳӣ намуд. Тамоми муддате, ки он ҷо қарор доштанд, дар пуштораи бародарам модар тавонист тамоми рукнҳои ҳаҷро анҷом бидиҳад.
Дар ин муддат, падарам барои сиҳатёбии модарам ба куҷоҳое, ки муроҷиат накарданд. Ҳеҷ як беморхонае намонда буд, ки модарамро набурда бошад. Маҳз ҳамин лаҳзаҳо ба меҳру муҳаббати падарам нисбат ба модарам қоил шудам. Бо талошҳои зиёди падару бародарам ва инояти Парвардигор модарам шифо ёфту ба по хест. Хурсандии фарзандонро ҳадду канор набуд.
Бо гузашти солҳо, падарам низ реҳлат намуд. Ин мусибат фарзандон, бештар аз ҳама, бародарам Бахтиёрро парешон карда буд. Мабодо, ки даргузашти падар модарамро боз аз пой уфтонад, аммо гумонам, ин дам модарам ба хотири фарзандон худро ба даст гирифт. Чун соябони сарамон падар рафта буду ӯро мебоист болои сари фарзандон соябон бошад.
Шитофт сӯи ҳунармандӣ, машғули шуғлҳои дӯстдоштааш – дӯзандагиву пазандагӣ гардид. Бо андармони кор шудан худро аз ғамҳо раҳондан мехост ва ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста ба ғаму кулфатҳо тан дод, аммо ҳамеша ғами мани маълул домангираш буд.
Сарфи назар аз маълулӣ соҳибҳунараму корҳоямро худам анҷом медиҳам. Ҳамчунин, компютерро аз бар намудаву дар ин самт фаъолият мебарам, вале ҳамоно кунҷи қалбаш нисбат ба рӯзгори ман дарду ғуссае ҷой дошт. Кӯдаквор навозишам менамуду мунису маҳбуби қалбам буд. Аммо ба афсурдаҳолӣ тан намедод, меҳри фарзанд боло меистод.
Бо чашмони пур аз меҳр ҷонибам нигариста, дуои хушбахту модари серфарзанд шуданамро аз даргоҳи Худо талаб мекард. Аз рухсораҳоям бӯсида, гӯё ғаму дардашро ба коми фаромӯшӣ месупурд. Барои оне, ки дил дораду дардро эҳсос меку- над, оне, ки инсон асту дарки инсоният мекунад, ин саҳна осон набуд. Ва ба худ меандешам, ки ин ҳамаро чӣ гуна метавон ҷуброн кард?
Оё дастаи гуле басанда аст, то ҷои умреро, ки хазонаш кардам, гирад? Оё ноёбтарин суханҳо метавонанд, ки ҷои якшаба аллаашро, ки на хобу на дард гуфтанд, гирад? Оё гаронтарин туҳфа метавонад, ки ҷои як қатра шири покашро гирад? Ин ҳама ба гарде намеарзад. Ниҳоят дарду ранҷҳо ӯро аз мо бурд. Беш аз як сол аст, ки силаи дастони модаронаро аз ҳар як кӯю дар меҷӯям.
Танҳо ёди модар маро мадор мебахшад. Ӯ буд, ки дар баробари ноарзиштарин туҳфаям кӯдаквор мезавқиду маро шоду масрур мегардонд… Фараҳманд аз онам, ки модарам тавониста фарзандони баору номус ва сарсупурдаи Ватанро ба камол расонад. Апаҳоям Анзурату Адолат пешаи омӯзгорӣ ва Саломату Таҳмина самти тибро пазируфтаву ягона бародарам Бахтиёр иқтисодчӣ асту алҳол роҳбарии шаҳри Кӯлобро бар зимма дорад. Ҳар кадоме дар пешаи интихобкардаи хеш заҳмат ба бор доштаву нафъе ба халқу миллати хеш мерасонад.
Хосият НАЗАРОВА,
шаҳри Кӯлоб