Дар роҳи омӯзиш ва таҳқиқи санъат, хосса санъати тасвирӣ зумрае аз ҷавонон имрӯз ҷидду ҷаҳди азиме доранд ва Зулола Боймуродова, сардори раёсати фондӣ ва бақайдгирии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, аз шумори онҳост. Ӯ дар таҳқиқ ва пажӯҳиши санъати тасвирӣ ғунчаеро мемонад, ки майл ба во шудан дорад ва аз ӯ ба машом бӯйи умед мерасад, хосса дар фазои санъатшиносӣ.
Зулола аз шумори ҷавононе мебошад, ки дар талоши кашфи розҳои санъати рассомӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ӯ саъй дорад ин розҳоро аз роҳи илм кушояд. Пажӯҳишгар аст, пажӯҳишгари санъати наққошӣ. Коллексияҳои нафиси қимату камёби Осорхонаи миллиро меомӯзаду таҳқиқ мебарад. Ба садҳо суоли бе ҷавоб посух дармеёбад. Талош дорад рози санъати мусаввирони гузаштаву имрӯзи тоҷ икро ошкор ва ҳунари рассомиро ба мо ошно созад, аммо ин танҳо як самти фаъолияташ аст. Ӯ омӯзгор низ ҳаст.
Мушкилнописандӣ ва худсозӣ аз сифатҳои дигари қаҳрамони мост. Алҳол сухан атрофи на омӯзгору пажӯҳишгар, балки ҳамсар ва модаре меравад, ки тарбияи 3 фарзанди хурдакаку дӯстрӯякро ба зимма дорад.
Ба илми санъатшиносӣ пайвастанаш ҷолиб аст. Соли 2006 Коллеҷи технологии информатикаи №47-и шаҳри Душанберо бо ихтисоси ҳисобчӣ - информатика хатм намуда, ҳамон сол дар Осорхонаи миллӣ ҳамчун ҳуруфчин ба фаъолият мепардозад. Шояд бовар накунед, аммо он замон дар осорхона вай ягона нафаре буд, ки компютерро сарфаҳм мерафт. Китобҳои бақайдгирии воридотии осорхонаро электронӣ менамуд. Ҳамин айём кам - кам ба осори таърихӣ рағбат пайдо кард ва тасмим гирифт таҳсилро дар шуъбаи осорхонашиносии факултети фарҳангшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷ икистон ба номи Мирзо Турсунзода идома диҳад. Ҳам мехонд, ҳам дар ним баст дар осорхона кор мекард. Дар курси чорум мехонд, ки ӯро ба шуъбаи санъати тасвирӣ гузаронданд, зеро ба санъати тасвирӣ шавқи зиёд дошту соатҳо ба дарки фаҳмиши нозукиҳои осори наққошон фурӯ мерафт. Баъдтар дар чандин ҳамоишу конфронсҳои илмӣ ширкат варзиду атрофи осори ҳунари рассомон суханҳову мулоҳизаҳои қобили қабул меронд.
Дар маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ мақолаҳо ба нашр мерасонд. Донишкадаро соли 2011 бо баҳои аъло хатм намуд. Ҷаҳду талош, таҳаммулпазирӣ ва рағбаташро дида, ректори вақти Донишкада Аслиддин Низомов исрор намуд, ки Зулола дар Донишкада бимонад.
Ба ҷавонони зиёде рӯ ба рӯ мешавем, ки аз набудани ҷойи кор шикоят мебаранд, аммо мутахас сисе, ки дониши хуб дораду заҳматкаш аст, ҳамеша талабгор низ дорад.
Зулола дар Осорхона фаъолияташро идома дод, аммо давоми се сол ҳафтае ду маротиба ба донишҷӯёни курси театри бадеӣ аз фанни таърихи санъати тасвирӣ дарс мегуфт. Бале, ӯ, ки дар Осорхона ҳуруфчин буд, мутахассисе гардид, ки мушкили норасоии кадриро дар 2 муассиса бартараф сохт. Аз омӯзиши зиндагиномаи ибратбахши ӯ метавон хулоса бурд, ки фаъолияти илмиву омӯзгориаш ба ҳам тавъаманд. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷ икистон аз соли 2013 то соли 2016 фаъолият дошт, сипас дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов ба наврасон сабақ дод, як муддат дар Пажӯҳишгоҳи рушди фарҳанг низ ҳамчун мудири шуъбаи санъатшиносӣ кор кард. Ҳоло сардори раёсати фондӣ ва бақайдгирии Осорхонаи миллӣ буда, дар мавзуи «Коллексияҳои санъати тасвирии фонди Осорхонаи миллӣ» зери роҳбарии доктори илми таърих, санъатшинос Лариса Додхудоева кори илмӣ анҷом дода, дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадӣ аст. Зиндагии инсонҳои ҳар давр дар асари рассомони ҳамон замон инъикос меёбад. Санъати тасвирии мо то замони паҳн гардидани дини ислом хеле рушд намуда буд.
Деворнигораҳои Панҷ акенти қадим далели равшани ин гуфтаҳоянд. Мо гачкорӣ, мусаввирии монументалӣ низ доштем, Аз тасвирҳои ҷомеаи ибтидоӣ зиндагии одамони даврони ибтидоиро меомӯзем, ки ҳар кадоми он ифодагари таърихи мо мебошанд, - мегӯяд ӯ. Самти интихобкардаашро хеле хуб аз бар кардааст.
Инро ҳангоми суҳбат бо ӯ метавон пай бурд. Мавриди рангҳои сарду гарм ё омезиши ин рангҳо дар асари рассомон, чунон моҳирона суҳбат мекунаду маълумот медиҳад, ки гӯё худ рассом бошад. Муҳимтар аз ҳама, аз асари офаридаи рассом ботини ӯро дарк ва руҳияи ӯро муайян месозад. Чунин маҳоратро танҳо онҳое дошта метавонанд, ки ҳақиқати соҳаро омӯхтаву муайян кардаанд. Зулола дар ҳоле санъати рассомиро мавриди пажӯҳиш қарор медиҳад, ки ҷавонони мо ба ин соҳа кам аҳамият медоданд. Аз ин хотир, бе шак метавон ӯро аз мутахассисони ҷавоне ном бурд, ки дар самти санъати тасвирӣ ва ҳифзу нигоҳдории он гомҳои устувор мениҳанд.
Соли равон хидматҳои шоёни Зулола Боймуродова бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шуд, ки боиси ифтихор аст.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ