15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж тариқи онлайн баргузор гардид, номинаи «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи жанри мусиқии «Фалак» ғамхории зиёд зоҳир менамоянд. Маҳз бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон 16 ноябри соли 2001 ба Ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд. Ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди фалакхонӣ нақши шоиста дорад. Инчунин, мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол 10 октябр ҳамчун Рӯзи Фалак ҷашн гирифта шуда, ин чорабинии фарҳангӣ бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил мегардад.
Фалак суруд ва навои мардуми тоҷик аст, ки бештар дар навоҳии кӯҳистон маъмул аст, зеро тули асрҳо марди кӯҳистонӣ аз мушкилот, нодорӣ, гирудору нобасомониҳои рӯзгор ба танг омада, рӯ ба само овардаву аз таҳти дил фалак мезад ва ба ин васила розу ниёзи худро ба Офаридгор ифшо менамуд.
Фарёди ӯ дар кӯҳҳо танин андохта, ба фалак мепечид. Ин жанри мусиқии қадимаи шифоҳӣ дар зарфи садсолаҳо аз забон ба забон, аз дил ба дил ба тарзи мактаби устод–шогирд то ба имрӯз расидааст.
Фотима Машрабова яке аз ҳунармандони ҷавон ва мумтози Ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин фалаксарои маҳбуб байни мардум бо садои ширину дилнавоз шуҳратёр гардидааст. Фалакро Фотима бо лаҳну шеваи ба худ хос иҷро менамояд.
Ӯ пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №88-и шаҳри Душанбе риштаи овозхони анъанавии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторовро аъло хатм карда, аз соли 2012 сарояндаи Ансамбли давлатии «Фалак» аст.
- Дар оилаи фарҳангӣ чашм ба дунё кушодам. Падарам мутриб ва оҳангсоз Артур Машрабов, писари ҳаҷвнигори маъруф Устоқадам Машрабов ва модарам коргардони овозанд. Пешомадонам ҳам аз тарафи падар ва ҳам модар санъаткор будаанд, - мегӯяд Фотимабону.
Вай орзуи сароянда шуданро дар дил намепарварид. Мехост табиб шавад ва як сол дар курсҳои тайёрӣ барои дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номаи Абуалӣ ибни Сино омодагӣ низ гирифта буд. Суруду мусиқиро дӯст медошт ва аз хурдӣ бештар сарояндагони Ғарбро меписандид ва ба онҳо пайравӣ мекард. Дар чорабиниҳои мактабӣ кам - кам месуруд. Суруданро барои худ касб не, балки як ҳавову ҳавас медонист. Тавре худаш мегӯяд, дар бораи жанрҳои «Фалак»-у «Шашмақом» чизе намедонист.
- Бароям аҷиб буд, вақте падар гуфтанд, ки ман бояд ба Консерваторияи миллӣ ҳуҷҷат супорам. Тасмимашон қатъӣ буд. Ман рад кардам, падарам зиқ шуданд, барои хушнудии ӯ натавонистам суханашонро бишканам.
Дар Консерватория барои муайян намудани лаёқати мусиқифаҳмӣ (шунавоии мусиқӣ) ва маҳорати сарояндагӣ санҷиш гузаронданд. Паси парда дар фортопиано устод Ҳасан Пиров (шод¬равон) аз адвори мусиқӣ як садо як овоз менавохтанду аз кадом нота буданашро мепурсиданд. Хушбахтона, аз санҷиш гузаштам.
Фотима барои имтиҳон ду суруд, шеъри устод Мирзо Турсунзода «Меҳмон мешавӣ» ва суруди қадимаи халқии бадахшонӣ «Дил дилак»-ро омода намуд. Вале аз ҳаяҷон дар пеши омӯзгорони санъат надонист аз кадомаш сар кунад.
- Назди устодон Давлатманд Холов, Мастона Эргашева, Ҳасан Пиров ва боз чанди дигар шах шудам. - Озод бош ва бисаро, - гуфт яке аз устодон. Ва ман сурудам. Ҳанӯз ба итмом нарасонда устод Давлатманд Холов гуфтанд: «Шуд, ман ин духтарро ба шогирдӣ мегирам. Садояш ба авҷҳои баланд мерасад», - ба ёд меорад Фотимабону.
Ҳамин тавр, дар назди устоди Фалак Давлатманд Холов 5 сол шогирд истод. Дар баробари ин пайваста ба сурудҳои Гулчеҳра Содиқова ва Нигина Рауфова гӯш меандохт. Ба тарзу равиш ва нозукиҳои сурудхонии онҳо аҳамият медод.
- Шабу рӯз сурудҳои фалакӣ мешунидам. Шавқу рағбатам ба жанри «Фалак» рӯз аз рӯз меафзуд. Албатта, сабаби аслии дӯст доштану дилбохтаи ин жанр гаштанам, устоди азизам Давлатманд Холов аст. Тули панҷ сол бо ман заҳмат кашиданд, то ба ҳадди даркорӣ сароида тавонам.
Тамринҳои муттасил натиҷаҳои хуб доданд. Аллакай дар курси дуюм устодон барои сароидани сурудҳои басо мураккаб, ки хондани онҳо осон набуд, ба Фотима баҳои баланд медоданд. Барояшон ҳайратовар буд, ки чӣ тавр дар ин муддати кӯтоҳ аз худ намудани характери суруд ва кашишу авҷҳои мураккабаш, ки дақиқ иҷро мешуданд, ба Фотима даст додааст. Панҷ сол дар Консерватория тавонист нозукиҳои фалаксароӣ ва, умуман, санъати мусиқиро аз худ кунад. Акнун ӯ барои сурудҳои муаллифиаш оҳанг ҳам мебаст.
Фотима ромишгар низ ҳаст. Дар баробари дутор, фортопиано асбобҳои барқиро хуб менавозад.
- Соли 2012 дар Симпозиуми байналмилалии «Фалак», аввалин бор дар саҳна бо суруди «Ай ёре» бо овоз ва мусиқии зинда баромад намудам. Толор пур аз меҳмонону устодон ва ҳаводорони Фалак буд. Яку якбора ҳаяҷон фарогирам шуд, тамошобинон ҳатто ларзиданамро эҳсос намуданд. Оғози суруд бо рез шуруъ шуд, мардум ҳолати маро дида бо қарсакзаниҳо дастгириям мекарданд, бо ман ҳамоз шуда, сари овозамро мегирифтанд. Ин ҳолатро танҳо нафаре мефаҳмад, ки инро аз сар гузарондааст. Ҳоло ҳам, вақте ба саҳна мебароям, мисли аввала маро ҳаяҷон фаро мегирад, - қисса мекунад Фотима.
Имрӯз ӯ дар баробари сурудҳои анъанавӣ дар жанри эстрада ҳам месарояд. Тавре худаш мегӯяд, Фалак барояш муқаддас аст, ҷойгоҳи хоссаи худро дорад. Акнун мехоҳад дар жанри «Шашмақом» маҳорат санҷад.
- Сурудҳои «Шашмақом» бароям бисёр писанданд. Дар марҳилаи омӯзиши амиқи ин жанри классикиям, мекӯшам барои ҳаводорон суруди хубе тақдим намоям.
Фотимаи фалаксаро мухлисони зиёд дорад. Ӯ мегӯяд, онҳоро бисёр дӯст медорад ва ҳис мекунад, ки дӯстдорияш беҷавоб нест.
- Аксар ҳаводоронам маро баҳри фалаксароиям меписанданд. Сабки Фалак чанд хел мешавад: кӯлобӣ, бадахшонӣ, зарафшонӣ ва ғайра. Вақте аз ман мепурсанд мегӯям, ки фалаки ман фалаки хатлонист. Зеро ҳар чӣ аз жанри «Фалак» омӯхтам аз устод Давлатманд Холов омӯхтаам. Устод дар ин жанр беҳамтоянд ва Фалакро дар сатҳи олӣ месароянд.
Заҳматҳои шабонарӯзии Фотима ва дарсу тавсияҳои устодон аст, ки имрӯз садои марғӯладораш дар ҳар чорабиниҳои сатҳи давлатӣ, иду ҷашнвораҳо, тӯю маъракаҳо, телевизиону радиову интернет ва боз саду як ҷойи дигар садо медиҳаду мардумон аз овози ширинаш лаззат мебаранд.
Тавре Фотима мегӯяд, барои роҳ ёфтани суруд ба дили шунаванда сароянда дарди сурудро аз ботини худ, замири худ гузаронда, синтез намуда, даҳҳо бор такрор хонда, баъд бояд пешкаши мардум намояд, ки дуруст аст.
Фотима Машрабова овозхони баиқбол аст, нахуст бурд ва ё афзалияти вай дар хонаводаи устодони ҳунар ба дунё омадани ӯст. Ҳунар дар ӯ ирсист. Баъдан, бахти баланди ӯ аз шогирди устоди забардасти Фалак, ҳунарвари ҷаҳонзеб Давлатманд Холов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, буданаш аст, ки тамоми сирру асрори фалаксароиро ба Фотима Машрабова омӯхтааст.
Д. САЙДАМИРЗОДА