Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар партави сиёсати бунёдкорона ва ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибкасб намудани ҷавондухтарон ва бо ҷойи кор таъмин кардани бонувони хонашин, маркази «Сад ранги чакан» ифтитоҳ ёфт.
Марказ аз ҳисоби буҷети ноҳия маблағгузорӣ шуда, дар он барои 20 нафар занону духтарон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст. Ба гуфти роҳбари марказ Гулбарг Боқиева, ҳунарманди чакандӯз, минбаъд теъдоди ҷойҳои корӣ дар марказ афзун мегарданд.
Чакан бо сифатҳои маҳин, зебо, дилрабо ва арзиши ҳазорсолаву куҳанаш диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намуда, ҳамчун мероси ғайримодии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ ном баровард.
Аввалин намунаи таърихии чакани аҷдодиро, ки ба асри III милодӣ мутобиқ медонанд, бос¬тоншиносону муҳаққиқон дар ҳудуди деҳаи Иттифоқи ноҳияи Фархор дарёфтаанд. Дар он кашфиёти таърихӣ - расми «Дарахти ҳаёт» бо услуби классикӣ гулдӯзӣ шудааст. Ин кашфиёт муайян сохт, ки фарҳанги чакандӯзӣ аз водии Кӯлоб сарчашма мегирад. Гулдухтарони тоҷик чаканро дар ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ, истиқболи меҳмонони олиқадр ва тӯю маъракаҳои хонаводагӣ ба бар менамоянд.
Аз қадим давлату миллатҳоро аз рӯи фарҳанг, урфу одат ва либоси миллиашон мешиносанд ва ин рукн ҳанӯз ҳам риоя мешавад. Тоҷикон дорои фарҳанги қадимӣ буда, маълум мегардад, ки либосҳои миллӣ қудрати дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудани миллатро доранд.
Ф. ВОСИЕЕВА