Насли калону миёнсол дар баробари даҳҳо рӯзномаву маҷаллаҳои замони шуравӣ аз хушрангиву хушоҳангии маҷаллаи «Машъал» хуб воқиф аст. Ин маҷаллае аст, ки дар он устодони чирадасте чун Пӯлод Толис, Мурод Боғиров, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Акобир Шарифӣ, Абдусалом Атобоев, Акбар Қодирӣ, Мавҷуда Ҳакимова, Бобо Ҳоҷӣ, Алӣ Бобоҷон, Наримон Бақозода, Ҳадиса, Камол Насрулло ва даҳҳо дигарон фаъолият доштанд ва роҳбарӣ кардаанд. «Машъал», воқеан, аз маҷаллаҳои хондании хонандагони мактабҳои миёна буд. Мактаббачаҳо ба воситаи он аз ҳаёти пуробуранги ҳамсолони хеш огаҳӣ ёфта, ҳамчунин, тавассути саҳифаҳои пурнақшу нигораш машқи қалам менамуданд. Хабару мақола, қиссаву афсона, аксу кашидаҳои худро ба нишонии «Машъал» фиристода, ҳар шумораи