Худоё! Пири Тӯсӣ, бахш моро,
Саро бори дигар аз боби Рустам.
Ба рағми чашмтанги одамихор,
Бикӯбад то ба фарқаш зарба маҳкам.
Қалам фарсой аз барномаи сулҳ,
Бубандо дасту пойи деви ҳаф(т)сар.
Раҳо бахшо зи чанги нафси бадкеш,
Зи ҷанги душману кини бародар.
Бизан хома ба ҷойи тиру теғе
Биҳишт овар барои мардумонаш.
Ба амри Ҳақ чу Хершеди дигар сохт,
Чу нури Роғун андар хонадонаш.
Ба ҳафтод он яли мардумпарастам
Ба ҷо овард ҳаф(т)садсола коре.
Сараш боло бувад дар пеши миллат
Ба мисли кӯҳи Помир устуворе.
Ба ин марди худододи шарафёб
Худоё, бахш умри ҷовидонӣ.
Ба дасти босахои меҳрбораш,
Биёбад миллати мо сабзҷонӣ!
ШОҲОНА