Соли 2005 Фариза Эргашева пас аз фаъолият дар самтҳои гуногун корро дар ислоҳоти хизмати давлатӣ оғоз намуд. Аз соли 2012 ҳамчун мушовири байналмилалӣ оид ба масъалаҳои идоракунии захираҳои инсонӣ дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар мавзуи «Идоракунии захираҳои инсонӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Беш аз 50 китоб вобаста ба кори илмиаш таълиф намудааст. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишандӯзон аз фанни суханварӣ дарс мегӯяд. Нуктадону нуктасанҷ аст ва ба шогирдон низ сухандониро меомӯзад. Мегӯяд: «Роҳбар, дар баробари дониши комил доштан, бояд суханвар бошад. Зеро, танҳо бо сухани неку ҷаззоб, хушу дилпазир ва таъсирбахш ба дили зердастон роҳ метавон ёфт. Як нуктаи ноҷо, кунад касро расво…» Аз суҳбат бо Фариза Эргашева метавон ҷаҳони маъниро ба худ гирифт, ки аз зиндагии ибратомӯзаш чунин қисса намуд… Аз донишҷӯӣ то роҳбарӣ - Дар деҳаи Заргари шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа), дар оилаи зиёӣ ба дунё омадам. Волидонам
омӯзгори фанни забону адабиёти тоҷик буданд. Муҳити хонавода тоҷикӣ ва тоҷикона зиндагӣ намудан шиори зодмандон буд. Вале, аз чӣ бошад, ки маро ба мактаби русӣ монданд. Ниҳоят, таҳсилро дар факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома бахшидам. Аз замони донишҷӯӣ, яъне соли 1981, фаъолиятро дар истироҳатгоҳи бачагонаи «Ромит» оғоз намудам. Ҳамин минвол, ҳар сол таътили тобистона дар фароғатгоҳҳои бачагонаи атрофи шаҳри Душанбе ҳамроҳи кӯдакон будам. Вақте Донишгоҳро ба итмом расондам, устодон хоҳиш намуданд, то дар факултет бимонам. Падар монеъ шуданд. Гуфтанд:«Диплом гирифтӣ, шуд!». Дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Қӯрғонтеппа ба фаъолият пардохтам. Баъдан, дар шуъбаи «Тоҷикматбуот»-и шаҳр ва сипас дар вилоят сардори «Тоҷикматбуот» таъин шуда, то соли 1997 ифои вазифа кардам. Директори лоиҳа - Дар асоси Созишномаи байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои амалисозии лоиҳаи давлатии «Барқарорсозии инфрасохтори иҷтимоӣ» озмун эълон гардид. Чор моҳ чун мутахассиси одӣ кор кардам. Баъдан, директори барномавии лоиҳаи мазкур таъин намуданд. Ҳадафи лоиҳаи давлатии «Барқарорсозии инфрасохтори иҷтимоӣ» бартараф намудани мушкили аҳолии шаҳраку деҳот дар шаҳру навоҳии кишвар буд. Сари ҳар вақт ба шаҳру ноҳияҳо сафар карда, бо мардум вохӯрӣ мегузарондем ва аз мушкилашон огаҳ мешудем. Дар ҳамкорӣ бо роҳбарони мақомоти маҳаллӣ маблағҳои муайян барои сохтмони пул, бунгоҳи тиббӣ, мактаб ва оби нӯшокӣ харҷ мегардид, ки маҳз бо ҳамин камбудиҳо мардум бештар арз доштанд. Ҳамин тариқ, 133 лоиҳа дар ҳамин самт, яъне ободонии маҳалҳо амалӣ гашт. Хотира аз як лоиҳаи амалишуда - Соли 1999 ҳангоми вохӯрӣ дар деҳаи Чарғии Болои ноҳияи Муъминобод, мардум аз бебарқӣ шикоят намуданд. Тамоми корҳо барои соҳиби барқ шудани деҳа анҷом ёфт. Мебоист ҳангоми шом як симчӯбе, ки дар мобайни деҳа гузошта будем ва дар он лампа овезон буд, рӯшан мешуд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳама аз дидани равшании чароғ шоду мамнун буданд. Ин лаҳза писарчае аз таваллуд шудани хоҳарчааш давида, мужда овард. Раиси деҳа номи духтарчаро Фариза ниҳод. Як пиёла чой - Ман дар муҳите ба воя расида будам, ки аз рӯзгор, расму анъанаҳои на ҳар маҳал огаҳӣ доштам. Ҳамкории зич бо одамони касбу кори гуногун боис гардид, ки бо зиндагии тамоми мардуми манотиқи кишвар аз наздик ошно шавам. Ва, албатта, дӯстиву ошноӣ сари як пиёла чойи тоҷикӣ гарму самимитар аст. Воқеан, байни мардум ибораи «як пиёла чой» хеле маъмул аст, ки таҳти ин сухан ҳазорон маънӣ нуҳуфтааст. Як пиёлаи чойи тоҷикӣ ин ҳамаи он нуқлу неъматест, ки сари дастархон барои меҳмон ороста мешавад. Дари хонаи падар барои ҳамаи хешовандон боз буд. Қиблагоҳ, ки шефтаи санъату адабиёт буданд, гирди дастархон ҳамеша адибону санъаткоронро ҷамъ меоварданд. Ёд дорам, ки устод Мирзо Турсунзода меҳмони хонадонамон буданд. Падарам ош пухтанд, рубоб менавохтанд ва хуллас, садои шашмақом дар ҳавлӣ танинандоз шуд. Чунин меҳмоннавозиро падар барои ҳамаи меҳмонҳо роиҷ медонист. Аз ин рӯ, то имрӯз бароям оила, шашмақом, оши якшанбе ва дутори падар азизанд. Ва ин ба ҳам омаданҳои сари як пиёла чой буд, ки моро бо ҳам наздику меҳрубонтар месохт.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО