Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил аст. Агар кас як умр ба мутолиаву омӯзиш машғул бошад ҳам, чизеро талаф намедиҳад, балки манфиат мегирад. Китоб ба инсон беҳтарин розҳо, маълумот ва маъхазҳои заруриро ҳадия месозад. Вақте кас китоб мехонад, ба дунёи қаҳрамонаш ворид мешавад, ҳамроҳу ҳамдами онҳо мегардад ва аз зиндагии қаҳрамонаш сабақ меомӯзад, - бо меҳру муҳаббат суханро аз китоб оғоз менамояд ҳамсуҳбатам.
Бону Зулфия наздики 40 сол боз ҳамдами китоб аст ва ин ганҷро ҳифз менамояд. Қалбаш саршор аз муҳаббат нисбат ба китоб аст. Дар хонадони аҳли илму маърифатпарвар зодаву ба воя расидаву меҳру рағбат ба фарҳанги китобдориву донишвариро аз волидонаш омӯхтааст. Моҳи августи соли 1964 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёӣ чашм ба дунё кушодааст. Зодмандонаш пайваста насиҳат медоданд, ки ба китоб меҳр бубандад. Зеро, танҳо китоб метавонад дар ҳама ҳолат муниси одам бошаду сабақи илму адаб диҳад. Ишқ ба китобхонӣ пас аз хатми мактаб ӯро ба факултаи китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода овард ва ӯ ин боргоҳро бо баҳои хубу аъло хатм намуд ва бо роҳхат ба Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ омад. Ҳамчун китобдори калон фаъолияташро оғоз бахшид. Солиёни зиёд дар ин боргоҳи илму маърифат аз мудири бахш то ба мудири шуъба камол ёфт.
Бо таъсис ёфтани Китобхонаи миллии Тоҷикистон баҳри вусъат додани корҳои китобхонавӣ мудири шуъбаи такмили адабиёт таъин шуд. Бо ташаббусҳои пайвастааш дигаргуниҳо ҷорӣ намояд. Кӯшид, то бо роҳу усулҳои нав шавқу завқи хонандагонро нисбат ба мутолиаи китобҳои бадеӣ, илмӣ ва таълимӣ биафзояд. Алҳол сармутахассиси шуъбаи феҳристнигории китобхонаи мазкур буда, дар таъсис додани баргаҳои анъанавии Китобхонаи миллӣ саҳми назаррас дорад. Бо дарку эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ софдилона аз паи иҷрои вазифа, барои зиёд кардани теъдоди хонандагон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ба истифодабарандагон китобҳои дархостшударо сари вақт мерасонад.
Талош меварзад, то зуд китоби хостаи хонандаро пайдо созад. Замони навкориамон устодони собиқадор тарзи хизматрасониро ба мо меомӯзонданд. Ҳеҷ кадоме аз хонандаҳо ноумед намегардид. Бо ин тарзи кор метавон қалби хонандаро ба китобхонаву китобхонӣ ҷалб намуд, - мегӯяд Зулфия Мусофирова.Ба он афсус мехӯрад, ки имрӯз бархе аз кормандони ҷавони китобхонаҳо дар пайдо сохтани адабиёти зарурӣ саҳлангорӣ менамоянд. Ҳамин, ки номи китобро дар рӯйхати баргаҳо пайдо насохтанд, ба хонанда ҷавоби рад медиҳанд. Кӯшиши ба ӯ нишон додани роҳеро барои дарёфти китоб намекунанд. Ин амал метавонад меҳри хонандаро ба китобхона коста ва боиси ҷалб шудани онҳо ба шабакаи ҷаҳонии интернет гардад. - Дар замони рушди технологияи муосир ва ворид шудани компютеру шабакаи интернетӣ, аксари наврасону ҷавонон ба он дода шудаанд. Маънавиёте, ки хонанда аз мутолиаи китоб ба даст меорад, тавассути шабакаҳои интернетӣ амри муҳол аст. Истифодаи интернет ва сомонаҳои иттилоотӣ ба муштарӣ маводи зарурӣ пешниҳод мекунанд, аммо дар ташаккули маънавиёту фарҳангу ахлоқаш саҳме нахоҳанд гузошт. Аз ин рӯ, мебояд, ки тарғиби китоб чун манобеи асосии гирифтани донишу илму адаб бештар гардад, ҳамчунин, тавассути китоб тарғиб намудани фарҳанги ниёгон низ амалӣ мешавад, - ба ин бовар аст ҳамсуҳбатам. Роҳандозиву баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» – ро волотарин иқдоми фарҳангии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонад, ки озмуни мазкур тавониста дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа саҳмгузор бошад. Бо баргузории озмун лаёқату маҳорати эҷодкорию маърифатофарӣ тақвият бахшида шуда, дӯстдорони каломи бадеъ бо ин шеваи ҳавасмандӣ дарёфт гардиданд.
Истеъдодҳо миёни наврасону ҷавонон кашф ва ба ин васила ба арзишҳои миллию фарҳангӣ эҳтиром гузошта, ҳувияту худшиносии миллат баланд бардошта шуд. - «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз беҳтарин падидаҳои даврони истиқлолияти давлатӣ аст. Ин озмун чун ҳама иқдомҳои пешинаи Сарвари кишвар ҳадафҳои баланди миллӣ дорад. Волотарин ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи фарҳангу дониши наврасону ҷавонон ва дар маҷмуъ, ҷомеаи имрӯзи мо мебошад, ки нақши бузурге дар такомул ва ғанисозии маънавиёти миллатамон бозид. Ҳамчунин, озмуни мазкур барои худшиносии миллӣ, шинохти таъриху фарҳанг, ҳувияти миллӣ, тарбияи эҳсоси қавии ватанпарастӣ ва одобу маърифат нақши муҳиме гузошт. Ин озмун бори дигар нури донишро афзун ва биниши зеҳнии аҳли ҷамъиятро фаротар ва зарфияти маънавиашонро фарохтар сохт, - иброз медорад З.Мусофирова. Бо вуҷуди ҷалби аҳли ҷомеа ба китобу китобхона, Зулфиябону тавониста, ки меҳри мутолиаи китобро дар замири фарзандонаш низ бедор намояд. Имрӯз чаҳор фарзанди ӯ, бо вуҷуди дар зинаҳои гуногун фаъолият намудан, вақти озоди худро баҳри мутолиаи китоб мебахшанд. Дар ин самт, саҳми падари фарзандонашро, ки ӯ низ ҳампешаи Зулфиябонуст, кам намедонад. Агарчи фарзандон пайраҳаи онҳоро интихоб накардаанд, аз хондани китоб дар канор нестанд.
- Азбаски ҳамсарам як муддат дар мағозаи китоб заҳмат мекашид, китобҳои гуногунро ҷамъ меоварду фарзандонамон аз мутолиаи асарҳо бебаҳра намемонданд. Китобхонаи шахсиамон дорои 500 китоб аст, - меафзояд ӯ. Воқеан, китоб дар шинохти ҷаҳони ботинии шахс нақши калидӣ дорад. Зимни мутолиа эҳсоси хурсандӣ, ғам, ҳайрат, оромӣ, афсурдагӣ ва хушҳолӣ намуда, ҷаҳони ботинии хешро ғанӣ мегардонем. Таҷрибаи китобдорӣ ва китобхонӣ собит сохта, ки китобхонӣ барои инкишофи шахсият, бой гардидани захираи луғавӣ, сатҳи фарҳангу маданият ва маълумотнокии кас таъсири шоиста мерасонад.
Бунафша РАҲМОНОВА