Гар набудӣ нолаи найро самар,
Най ҷаҳонро пур накардӣ аз шакар.
Ҷалолиддини Балхӣ
Ба зеру бами навояш гӯш фаро дода, эҳсос мекардам, ки соҳибҳунаре забони найро ошиқона дармеоварад. Бо фарорасии баҳори гулбасар, саҳеҳан, бо шунидани навои дилошӯби най хотираҳо дар зеҳн рӯй зада, хомаам ҳамрози дафтар шуд.… Ҷавони сабзинаранги хушандоми ҷингиламӯй бо нафасҳои тоза аз қалби пурсӯзи зиндагисоз паёми наврӯзӣ мерасонд. Ҳине ки созҳо хомӯш гаштанд, танҳо нолаи най ба гӯш мерасид. Гоҳе ки алами таҳбатаҳи най боло мехест, ҳозирон сар ҷунбонда, ба андеша фурӯ мерафтанд. Ӯ ба гунае менавохт, ки дар қалби дилхоҳ бинанда ё шунаванда навои най ошён мегузошт. Роҳи ӯ дар найнавозӣ саҳлу сода набуда, печухамҳои зиёде дошта. Яъне най маҳорату ҳунармандӣ ва назокату санъати вижаро талабгор аст, ки на ҳар кас метавонад ба он комгор бошад. Най бо нафасҳои тозаву тапишҳои дили ҳассоси ҳунарвар ба забон меояд, ҳамрозу дамсози инсонҳо мегардад. Ин ҳунарашро Нуралӣ пас аз хатми Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода 30 сол боз дар ансамбли «Дарё» сайқал бахшида, аз мактаби устодон сарбаланд гузашта, тору пудашро сарфи роҳи душвори санъат намудааст. Дарёи орзуву омолашро бо най тавъам дониста, оҳангҳои марғубе басту дар дили ҳаводоронаш тухми зебоиву муҳаббат кошт. Нуралӣ нолаи найро бо тапишҳои қалби ҳассосаш ҳамсадо дарёфта, масири мусиқиро хеле нозук пайгир шудааст. Ӯ дар ин роҳ гоҳи ҳамнишиниву ҳамкориҳоаз пирони маънавияш, бастакори маъруф Фаттоҳ Одина, Ҳаким Маҳмуд, мутрибон Муборакшо Ҷумъа, Гулбек Саодат, Миралӣ Сафармуҳаммадов, Фарҳод Майфурӯшов, Нигина Рауфова, Саидқул Билолов малакаву таҷриба андӯхта, бештар аз 50 оҳангро чирадастона бо най рӯйи саҳнаҳои ҳунарӣ овардааст. Дар интихоби оҳангҳо таҷриба андӯхта, кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳад. Ин аст, ки оҳангҳои «Тулуи Шамс», «Мавҷрез», «Ҳамроз», «Гулафшон», «Бинол, эй най», «Дилошно» ва «Арғушти Кангурт» бо сабку шеваи хос эҷод шудаанд. Мутриби хушоҳанг тақлидро написандида, ба эҷоди дилнишин даст мезанад, аз пайроҳаи худ гом мебардорад.
Бо маслиҳату машваратҳои устодон ба сурудҳои «Дарё», «Найрез», «Наврӯзи ман» ва монанди ин оҳангҳои марғубе бастааст. Ҳамакнун, дар оҳангҳои «Афсонаи дил», «Ҳамсози дарё», «Сайри гулшан», «Хотира», «Файзи саҳар», «Мавҷи дарё»-и мутрибони хушадо Муборакшо Ҷумъа ва Гулбек Саодат нолаи найи Нуралӣ Шерматов мавқеи хосса пайдо намуда, ба тамошогарону шунавандагон лаззати маънавӣ бахшидаанд. Нуралӣ Шерматов баробари найнавозӣ эҷодгари хубест. Ӯ ба ҳар як оҳанг аз ҳамин зовия нигариста, мазмуну муҳтавояшро амиқан меандешад. Агар суруд ба дили шунаванда нанишинад, тарбиятгари насли одам шуда натавонад, ба таҳияи оҳангаш даст намезанад. Ҳамин буд, ки самари заҳмати чандсолаи хешро дар маҷмуае бо унвони «Найрез» (Душанбе, «Адабиёти бачагона», 2013, 104 саҳ.) иборат аз суруду оҳангҳои худ ва мутрибони дигар, ки маҳз бо най садо медиҳанд, фароҳам овардааст. Басо рамзист, ки найистони ӯ ҷамъи найнавозонро ба доирае муттаҳид кардан мехоҳад. Яъне, ҳар касе ба асбоби миллӣ - най сари кор дорад, ин амали хайру савобро осон мапиндорад ва набзи зебои онро то қуллаи баландаш ҳадафманд бирасонад.
Ба маҷмуа Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саидқул Билол пешгуфтор навишта, аз ҷумла изҳор доштааст: «Нуралӣ Шерматов ба ҳиссу дарки худ эътимод баста, онҳоро бо най ба риштаи ово кашидааст. Ӯ пухтакор ва хушбин аст. Китоби «Найрез» дастурест барои санъаткорони ҷавон, мактабҳои мусиқӣ ва толибилмону донишҷӯёни донишгоҳҳо. Ҳамаи ҳунари ноии хушово Нуралӣ Шерматов дар ин китоб мавҷрезу гулрезӣ шуда. Ҳар эҷоди ӯ зодаи ишқ, дили пок ва заҳмату меҳнати зиёд аст». Нуралӣ Шерматов дастпарвари Коллеҷи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов (1983), Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи МирзоТурсунзода (1984 - 1990) буда, бо таъсиси ансамбли «Дарё» дар ҳайати он ба фаъолият пардохта, аз нозукиҳои найнавозӣ бархӯрдор аст. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба ҳайси устоди найнавоз дарс мегӯяд. Бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005), нишони Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон қадр шудааст.Оиладор, соҳиби 5 фарзанд. Нуралӣ Шерматов ҳамеша пайи ҷустуҷӯву дарёфти суруду оҳангҳои марғуб қарор дошта, доираи мусиқифаҳмиву мусиқидониашро муттасил такмил мебахшад. Сурудҳои халқии қадими тоҷикиро хуб медонад. Аз файзи суҳбати мӯйсафедони фалаксарову шашмақомхон баҳравар аст. Азбаски дар мавзеи Кангурт ҳофизони мардумӣ, машшоқону муғанниён ва ҳунармандони номвар, аз қабили Карими Шиш, Соҳиби Увал, Карим Раҳим, Барот Яхшӣ, Чиллахони Хол, Ҳабибуллоҳи Бекмуҳаммад ба камол расидаву ҳар яке дар мақоми хеш нотакроранд, аҳли хонадони Шерматовҳо низ аз базмороиҳои ҳунарварон баҳравар гаштаанд.
Агарчи Нуралӣ ба сол хурд буд, худро бо шавқу шӯр ба маҳфилҳои устодону роғибони ҳунар мезад, ба суҳбаташон гӯш фаро медод ва хӯша - хӯша маънӣ мебардошт. Сеҳри найнавозии Нуралӣ Шерматов аз назари донандагони санъати мусиқӣ дур намондааст. Шаҳобиддини Ҳақназар, ҳамкор - сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқии Радиои Тоҷикистон баъди мутолиаи маҷмуаи «Найрез» мутриби касбӣ ва дилбастагии муаллифашро эътироф намуда, менигорад, ки маҷмуаи суруду оҳангҳои устодон ва эҷоди худро ба нота дароварда, клавири онҳоро оҳангсози хушзавқ Шуҳрат Ашӯров иншо намудааст. Оҳангҳои Нуралӣ дар хазинаи тиллоии мусиқии радиои тоҷик маҳфузанд. Дарвоқеъ, маҷмуа аз маводи пурбаҳое иборат аст, ки муҳассилони макотиби мусиқӣ, коллеҷҳои мусиқӣ, Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон, инчунин, дастаҳои ҳунарӣ метавонанд аз он истифода баранд.
Аксари оҳангҳояш дар заминаи ашъори намояндагони адабиёти форсии тоҷикӣ эҷод шудаанд. «Найрез» унвон гирифтани маҷмуаи суруду оҳангҳои Нуралӣ Шерматов беҳуда нест.Най дар осори шуарои пешин ба таври васеъ роиҷ будааст. Агар ҳар кадом ҳунарманд барои рушди санъати миллӣ худфарсову содиқ бошад ва дар бунёди ин кохи шукӯҳманд ҳиссае зам намояд, нуфузи соҳа ва ҷойгоҳи кормандонаш то дуриҳо доман мезанад. Кулли тантанаҳои ҷашнӣ бо ширкати ҳунармандони ансамблҳои «Фалак», «Шашмақом», «Дарё» ва «Гулрез»-и Маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунарӣ ва мусиқӣ барои барномаҳои телевизион ва радио мегузаранд. Дар миёни савту сози дастаҳо нолаи най базмҳоро зебу фарри тоза илқо менамояд. Нуралӣ Шерматов дар ҳайати ансамбли «Дарё» ва дастаҳои муштараки кишвар ба мамолики Фаронса, Олмон, Эрон, Ҳиндустон, Чин, Беларус, Баҳрайн, Кувайт, Белгия, Қатар, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон сафар намуда, санъати волои тоҷиконромуаррифӣ намудааст. Соли 1993 дар фестивали ҳунарӣ дар Шоҳигарии Белгия ансамбли «Дарё» миёни соири давлатҳо сазовори ҷойи якум ва ҷоизаи пулии 50 000 доллари амрикоӣ гардида буд. Алҳол Нуралӣ Шерматов дар ҳайати Маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунарӣ ва мусиқии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ барои барномаҳои телевизион ва радио ба ҳайси саркоргардон баҳри равнақи санъати миллӣ дар такопӯст. Ҳамчунин, ӯ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов аз нозукиҳои асбоби най дарс мегӯяд. Мутмаинем,ки талошҳои ӯ дар ҷодаи санъати миллӣ пур- бортар хоҳанд шуд.
Сипеҳр Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД,