Ҳар он коре, ки иҷрояш душвор бошад, ҳатман фоида меорад. Омӯзиши забони хориҷӣ низ аз ҷумлаи онҳост. Омӯзиши он ба инсон дарҳои нави имконотро мекушояд, фаҳмишу тафаккур, маърифату ҷаҳонбинӣ, муоширату муносибат ва фикррониву нуқтаи назарро низ дигар мекунад, - мегӯяд Моҳира Давлатова. Шогирдон нисбаташ меҳру эҳтироми беандоза доранду бо ӯ чун модару хоҳарбузурги худ ва маслиҳатгарашон дар зиндагӣ муносибат менамоянд. Вай соли 1978 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Падараш тамоми умр дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият дошт, модараш бо он ки маълумоти олӣ надошт, бонуи рӯзгордидаву соҳибмаърифате буд. Ӯ, ки дастпарвари факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад, бисту ду сол боз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба донишҷӯён аз фанни забони англисӣ дарс мегӯяд. Омӯзгори эҷодкор асту қабл аз дарсҳо, омодагии комил мебинад ва аёниятҳои зиёдро истифода бурда, роҳу равиши махсуси дарсгузариро дорад. Бо хуб донистани забон борҳо пешниҳодҳое барояш ироа шуд, ки бо маоши хуб метавонист зиндагии бофароғате дошта бошад, аммо бештари маврид таклифҳоро сарфи назар мекард. Тули ҳафт сол дар Россия иқомат намудем. Ҳарчанд муҳити зиндагии созгоре доштем, меҳри Ватану касби омӯзгорӣ нагузошт, то он ҷо бимонам. Баробари ба Ватан баргаштан шитобон ба Донишгоҳ рафтам. Чашмам ба чашми шогирдонам мезаду ором мешудам. Фаҳмидам, ки дигар наметавонам. Ҳамаро партофтаму пурра ба пешаи дӯстдошта пайвастам, - бо табассум ироа медорад муаллим. Моҳира Давлатова бо усули нави салоҳиятноки таълим ба шогирдон дарс мегӯяд. Ин ҷо ақидаи донишҷӯ дар ҷои аввал меистад. Дар усули таълимаш омӯзгор вазифаи коргардониро дораду донишҷӯ дар нақши асосӣ қарор мегирад. -Ин усул метавонад ҳам ҷиҳатҳои хуб дошта бошаду ҳам манфӣ. Бо вуҷуди он ки ба донишҷӯён ҳангоми дарсҳо озодӣ медиҳам, вале дар мадди аввал эҳтироми калонсолон ва урфу анъанаҳоро мегузорам. Вақте ба донишҷӯ аз ҳад зиёд мустақилият дода мешавад, ки афкорашро роҳандозӣ намояду ақидаашро дуруст ҳисобад, каме хавф дорад. Баъзе равишҳои ин усулро истифода мебараму бархеашро не. Бо ниҳоят ҷиддӣ будан дар дарс ҳам наметавон меҳри омӯзиши забонҳои хориҷиро дар қалби донишҷӯ бедор кард, - чунин мепиндорад ӯ.
Дар бештари маврид муаллим ба донишу таҷрибаи омӯзгорони солдида такя менамояд.Аз устодонаш, Аълочии маорифи Тоҷикистон ва забондони беҳтарин - Нормат Ҳайбатов ва Сурайё Ҷӯрахонова, ки замони донишҷӯиаш аз онҳо сабақ омӯхтааст, пайваста маслиҳату машварат мегирад. Маҳз онҳо тавонистанд, ки дар қалби вай завқу рағбат нисбат ба омӯзиши забони англисиро ҷой намоянд. Забономӯзиву забондонӣ талаботи вақт аст. Аз ин ҷиҳат насли нав хеле пешрафт ҳам кардааст. Омӯзгорро мебояд, ки ҳар як донишомӯзро бо тарзи ба худаш фаҳмо фаҳмонаду пурсад. Ин тарз кумак мерасонад, ки санҷидани азхудкунии мавзуи дарс аз ҳар як донишҷӯ имкон дошта бошад. Дар ин ҳолат донишҷӯён ба сатҳи саводу дониши ҳамдигар баҳогузорӣ мекунанд. Камбудии якдигарро меёбанд, - таъкид мекунад қаҳрамонамон. Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад, донистани сад забон осон гардад. Ин фармуда дар нисбати омӯзиши забони англисӣ то кадом андоза татбиқ шуданист?, - мепурсам аз муаллим. -Бемуҳобо, донишҷӯёне, ки дар донистани забони модарии худ балад ҳастанду грамматикаи онро нағз медонанд, зимни омӯзиши забони англисӣ душворӣ намекашанд, зеро таълими забони хориҷӣ бо усули муқоиса бо забони модарӣ сурат мегирад. Ҳар қадаре ки фонди луғавии тоҷикии донишҷӯ бой бошад, бештар ба маъноҳои гуногуни калимаҳои англисӣ сарфаҳм меравад. Ба гуфтаи муаллим, сатҳи дохилшавии теъдоди толибилмони мактабҳои миёна ба факултаҳои забоншиносии муассисаҳои олии кишвар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷавонон бештар рӯ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ овардаанд. Шуруи бесобиқа ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони англисӣ аз таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба аз худ кардани забонҳои хориҷии ҷавонону кормандони корхонаҳо маншаъ мегирад. Ин таъкидҳо ва диққати махсус зоҳир намудан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омӯзгорони забонҳои хориҷиро боз ҳам бештар масъулиятнок менамояд. Тамоми донишу малакаи хешро баҳри аз худ намудани забони англисии донишҷӯён сарф менамоем. Зеро, вақте як нафар 7 забонро меомӯзад, аллакай ҷаҳонбинии ӯ ҳафт маротиба рушд мекунад. Чун бо омӯхтани забони хориҷӣ ҳамчунин урфу одат ва фарҳанги ҳамон кишварро низ аз худ менамояд, - ба чунин бовар аст М.Давлатова.
Моҳира Давлатова дар баробари омӯзиши забони англисӣ ба донишҷӯён, ҳамчунин, андаки вақти худро ба таълиму тарбияи ҷавонон мебахшад. Талош меварзад, то қабл аз омӯзиши забонҳо, ҷавононро ба иззату эҳтироми калонсолон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва одоби ҳамидаи инсонӣ ҷалб созад. Тарбия намуданро яке аз рисолатҳои пешаи омӯзгорӣ медонад. Мавсуф дар баробари омӯзгори Донишгоҳ будан, инчунин тасмим гирифтааст, ки кори илмӣ низ анҷом диҳад.
Шаҳдрезаи РАҲМОН