Шаҳло Ватанова иброз дошт, ки модараш Розия Абдуллоева аввалин туркмандухтари прокурор буд. Падараш Ҳасан Ватанов замони хизмати аскарӣ дар Туркманистон ба ин духтараки туркман дил мебанданд ва ба Тоҷикистон меорад. - Дар оила панҷ фарзанд будем. Падарам сардори шуъбаи кофтукови ҷиноӣ ва модарам корманди прокуратура буданд. Мактаби миёнаи №56-и пойтахтро бо забони русӣ хатм намудам.Азбаски дар оилаи низомӣ ба воя расидаам, аз хурдӣ дар дил орзуи корманди ҳифзи ҳуқуқ буданро мепарваридам. Баъди хатми мактаб азми ҳуқуқшинос шуданро доштам, мехостам мисли модарам прокурор бошам, вале барои дохил шудан ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аз комиссияи мандатӣ бо камии як бал нагузаштам. Қарор додам, ки як сол интизор шавам ва сипас бори дигар бахт озмоям. Дар ин миён бо тавсияи модар мактаби дӯзандагиро (ОКТ №33) аъло хатм намудам. Аллакай тайи ин муддат ҳунари дӯзандагиро аз худ кардам. Ин касб писандам омад ва ман ба гирифтани маълумоти пурраи дӯзандагӣ машғул шудам, - мегӯяд Шаҳло. Ӯ мехост тарроҳи либос ва ороишгари мӯд шавад ва ҳамин гуна ҳам шуд. Барои омӯхтани ин ихтисос ба Донишгоҳи технологӣ бо ихтисоси тарроҳи либос ва ороишгари мӯд ба Украина рафт. Ман дар оилаи суннатӣ ба воя расидаам. Духтарон дар хонаводаи мо ба хориҷа барои таҳсил намерафтанд. Вақте гуфтам ба Украина барои идомаи таҳсил ҳуҷҷат месупорам, падарам зид баромаданд, Вале дар ин тасмим модар маро сахт дастгирӣ намуд. Пас аз гузаштан аз имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Душанбе 4,5 сол дар Донишгоҳи технологии Виннитсаи Украина таҳсил кардам. Баъди бозгашт аз Украина дар Комбинати таълимию истеҳсолӣ ду сол ба ҳайси муаллимаи дӯзандагӣ фаъолият кард. Баъдан ба шавҳар баромада, корро ҳамчун соҳибкори инфиродӣ дар хона идома дод. Ҳарчанд касе аз ӯ патент суроғ намекард, ӯ, ки дар доираи қонун тарбия ёфта буд, расман фаъолияташро ба қайд гирифт. Тибқи фармоиш ба мизоҷон хилъату ҷома, пироҳану курта бо тарҳу шаклҳои гуногун ва замонавӣ омода менамуд. Дар баробари дӯзандагӣ, кори хона, тарбияи фарзандон, боз ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуд ва онро бо ихтисоси педагог – психолог хатм намуд.Хати тақдир чунин будааст, ки бо се кӯдаки хурд дар оғӯш аз шавҳар ҷудо шудам. Танҳо мондам, аммо дасту по гум накардам. Ҳунар, ки доштам, тавонистам зиндагиро пеш барам. Ҳама маблағҳоямро барои оила ва фарзандон сарф мекардам. Баъди зиёда аз 20 соли хонашинӣ маҷбур шудам ба кор бароям, зеро фарзандон калон ва талабот зиёд гашт. Фаъолиятро ба ҳайси директори маркази омӯзиши дӯзандагӣ дар Маркази ҷумҳуриявии ҷавонон «Ориёно» шуруъ намудам. Соли 2014 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маро ба кор дар МД «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт даъват кард. Дар он ҷо Маркази омӯзишӣ-истеҳсолии «Шаҳлои Ватан»-ро таъсис додам, ки дар расми кушодашавиаш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташриф оварданд. Дар ин давом бо пешбарии ҲХДТ ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино вакил интихоб гардидам, - мегӯяд бонуи ҳунарманд.Соли 2017 роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии «Гулдастон» таъин гардид. Корхонаро дубора ба кор андохт. Бонувони маҳаллӣ ва занони хонашинро омӯзонд ва бо кор ва маоши хуб таъмин кард. Алҳол дар корхона 25 нафар бону кор мекунад. Иқтидори корхонаи мазкур барои бо кор таъмин намудани 100 нафар бону пешбинӣ шудааст, ки дар оянда Шаҳло бо дастрас намудани фармоишҳои калон нияти пурра ба кор даровардани онро дорад. Аслан коргоҳ тибқи фармоиш ба истеҳсоли либосҳои корӣ ва ягона барои ташкилоту муассисаҳо, сохтмону бозорҳо ва мактабу беморхонаҳо равона гардидааст. Дар баробари фаъолияти пурсамар ба фарзандон тарбия ва маълумоти хуб низ дод. Онҳо дар Литсейи президентӣ барои кӯдакони болаёқат таҳсил мекарданд. Писари хурдиам дар Литсейи иқтисодии кӯдакони лаёқатманд таҳсил мекунад. Писари калониам дар 18 - солагӣ ба шаҳри Киров ба таҳсил рафт ва дар он ҷо бо муҳаббаташ вохӯрд. Дӯстдоштаи ӯ дизайнери мӯд аст. Ман ҳамеша орзу мекардам, ки духтаре дошта бошам, ки ба ӯ тарҳи либос эҷод карданро омӯзонам ва тақдир ба ман духтари ҳунармандро ҳадия намуд. Онҳо ҳамроҳи набераам дар Алмаато зиндагонӣ мекунанд. Келинам барои варзишгарон либоси фитнесӣ, шиноварӣ ва таҳпӯш медӯзад. Худомӯзиву худтакмилдиҳӣ, курсу семинарҳои ташкилотҳои гуногун бахусус курси «Зан – роҳбар» бароям як таконе гардиданд. Акнун медонам чи тавр корро ташкил бояд кард. Вақте дӯзандаҳо аз кор мерафтанд, ҳатто гиря мекардам. Яке аз мушкилот низ тарбияи кадрҳо буд. Занонеро, ки дӯзандагиро наметавонистанд, ба кор мегирифтам. Ба онҳо бепул таълим медодам ва баъди як – яку ним сол онҳо мерафтанд. Барои ман ин як фоҷиа буд, аммо бо гузашти вақт дарк намудам, ки аз онҳо кадрҳои хуб омода ва ба бозори меҳнат пешниҳод намоям, - мегӯяд ӯ. Дастгириҳои давлату Ҳукумат нисбат ба бонувон, бахусус бонувони соҳибкор дар сатҳи барномаҳои давлатӣ ба роҳ монда шудаанд. Яке аз чунин дастгириҳо ин грантҳои президентӣ мебошанд, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ ба Шаҳло дастрас гардид. Лаҳзае корхонаро кабул кардам, ки ҳич чиз надошт. Танҳо қарзҳо аз роҳбарони қаблӣ. Нафаронеро пайдо намудем, ки ба мо ройгон кумак карданд. Дар натиҷа коргоҳ соҳиби таҷҳизоту мебел ва мошин гардид. Акнун бо духтарон дар коргоҳ ба ҳунарҳои мардумӣ машғул шудем. Яке аз самтҳои маъмули ҳунарҳои мардумӣ қуроқ-парчадӯзӣ буд. Дар Тоҷикистон қариб ҳама ҳунармандон аз уҳдаи ин кор мебароянд. Аз ин рӯ, бо истеҳсоли ин намуд маҳсулот дар бозор рақобат кардан ғайриимкон аст. Баъдтар мо ба сохтани либоси ягона пардохтем. Дар давоми ним сол мо пружаи нави коргоҳро сохтем ва лоиҳаи худро пешниҳоди мизоҷу бозор намудем. Ҳангоми намоиши коллексияи либосҳои корӣ, касе интизор набуд, ки он ин қадар зебо мебарояд. Барои моделҳои мардона низ ғайриодӣ буд, ки онҳо на бо костюмҳои классикӣ, балки бо либоси корӣ, бо сарпӯшу кулоҳҳо буданд. Маҳсулоти коргоҳи мо ба корхонаҳо пешниҳод ва тавсия дода шуд. Мизоҷони аввалин ҷалб гардиданд.
Фармоиши нахустинро ду моҳ дӯхтем, баъд шуруъ гардид фармоишҳои дигару дигар. Ниҳоят, қарори Ҳукумат баромад, ки ҳамаи корхонаҳо бояд либоси ягона дошта бошанд. Он гоҳ ман ба худ гуфтам, бе кор намемонем. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шудем. Фаҳмидам, ки занҳои хонашин низ дар ҳамкорӣ бо мо метавонанд тиҷорати оилавии худро пеш баранд. Ҳамин тавр роҳи душвори шиносоӣ бо тиҷоратро тай кардам, - ифшо месозад Шаҳло. Рӯзи кориям аз соати 8 оғоз меёбад ва он метавонад то соати 22–23 давом кунад, - мегӯяд Шаҳлобону. Рӯзи ба коргоҳ рафтани мо низ ӯ аз бозор, баъд аз хариди навбатии маҳсулоти хоми дӯзандагӣ бармегашт. Ин бонуи хоксору пур аз энержӣ худро заррае аз коргаронаш боло намегирад. Вақте онҳо ба дӯхтудӯз машғуланд, маҳсулотро дарзмол мекунад ё ба духтарон хӯрок мепазад.
Ҳар саҳар аз хоб хеста, субҳона омода мекунам, баъд ба кор меравам. Дар он ҷо аз истеҳсолот дур нарафта дарс медиҳам. Агар имкон бошад, ба духтарон ёрӣ мерасонам, худам дарздӯзӣ мекунам. Ғайр аз ин дарсҳои инфиродӣ мегузаронам, ба ҷои худ кадрҳои нав омода месозам. Шогирдонам аз рӯи методикае, ки 20 сол боз таҳия кардаам, таълим мегиранд, - мегӯяд ӯ.Шаҳлои Ватан Маркази таълимӣ ва омӯзишӣ низ ташкил намудааст, ки дар он барои мактаббачагон омӯзгорони пуртаҷриба аз фанҳои гуногун сабақ мегӯянд. Инчунин, дар ин ҷо барои коргоҳи худ ва коргоҳҳои дигари кишвар мутахассисони соҳаи тарроҳӣ ва дӯхтудӯз омода мешаванд.
Далер САФАР