Замоне ба шеърхонӣ шуруъ кард, ки яксола буду шеърҳои кӯтоҳи кӯдаконаро азёд медонист. Расмкаширо аз сесолагӣ оғоз намуд. Рӯзе волидон ӯро ҳамроҳи бибияш дар хона танҳо монда, пайи коре мераванд, пас аз чанд соате бармегарданд, вале…
- Вориди хона шудему чашмамон ба нақши кашидаистодаи духтарам уфтод, қаҳрамони афсонаеро айнан дар девори хона наққошӣ мекард. Падараш ба ман, ман сӯи модарам менигаристам, ҳама ҳайрон будем. Фаҳмидем, ки Гулноз истеъдоди рассомӣ дорад, чун қиблагоҳ. Аз он замон ба маҳфили рассомие номнависаш намудем. Муаллим наққошиҳои ӯро дида пурсид, ки духтаратон аз куҷо ин касбро омӯхтааст? Чун расмҳояш аз ҷиҳати композитсия дуруст ва рангҳо хело аъло инъикос гардидаанд. Ӯ худаш расм мекашид, ранг мекард, пас аз анҷоми кораш назди мо оварда, нишон медод, - мегӯяд Ҷамила - модари Гулноз.
Гулноз Шамсиддинова 6-сола буда, боғча меравад. Ва наздики 1,5 ҳазор мисраи шеърӣ аз ёд медонад. Модараш гуфт, ки Гулноз шеърро зуд аз ёд мекунад. Пас аз 3–4 бор қироати модар вай бехато шеърро аз худ мекунад. Ба ақидаи модари Гулноз, ҳар як кӯдак дар худ истеъдоди нуҳуфтае дорад, ки волидон онро бояд пайдо ва тақвият бахшанд. Гулноз дар баробари ин ҳама, фаҳмиши баланди мусиқӣ низ дошта, фортепианоро хуб менавозад ва дар чорабиниҳои боғча мусиқӣ менавозад. Хусусияти дигари ин духтарак он аст, ки дар рӯзҳои ҷашну зодрӯзҳои волидон расми онҳоро кашида, эшонро табрик менамояд. Модар тамоми расмҳои кашидаи духтарашро ҷамъ намуда, нигоҳ медорад. Вақте маҳсули кори ин кӯдаки шашсоларо дидем, фикр намудем, ки рассоми собиқадоресту чандин сол заҳмат кашида. Ҳама расмҳо хусусияти аҷибе доранд, ки тамошогарро беихтиёр ба дунёи руъёҳо ворид месозанд. Аз рӯи нақли волидон, Гулноз бештар харидани китоб ва лавозимоти рассомиро дӯст медорад. Ҳангоми сайр ҳатман бо китобе ё лавозимоти тасвирӣ ба хона бармегардад.
Хурсандиовар аст, ки кӯдакони мо низ истеъдоду малакае доранд, ки онҳоро бояд эътироф ва муаррифӣ намуд. Мисли рассоми австралиягӣ Аэлита Андре, ки дар 4-солагӣ намоиши расмҳои худро доир намуда буд. Ва ӯро ҷавонтарин рассоми касбӣ дар ҷаҳон ва оқилтарин кӯдак эътироф кардаанд. Даҳҳо асари Аэлитаро ҳаводорони санъат ба маблагӣ 30 ҳазор доллар харид намудаанд.
Ҳис намудем, ки кор бо мӯқалам барои Гулноз бисёр лаззатбахш аст. Ӯ кӯдаки зиндадил ва хушҳол аст. Бекориро хуш надорад, доим шеър қироат мекунад, мусиқӣ менавозад ва ё расм мекашад. Вай бо забони русӣ ва англисӣ шеърҳо медонад ва озодона сухан меронад. Умед аст, ки Гулноз Шамсиддинова дар оянда номбардори Ватан мегардад.
Фарзонаи ШАЪБОН