То расидан ба нишонии омӯзгор, ки дар яке аз биноҳои серошёнаи шаҳри Кӯлоб ба сар мебарад, ҷӯёи саду як суол мешудам, то бидонам, ки оё дар рӯнамоии заҳматҳои беназири ӯ метавон муваффақ шуд. Зеро вай чанд соли охир дар бистари бемористу ҳамдами розу ниёзаш хотираҳоест аз саргузашти пурифтихораш, ки мисли навори синамо пеши назар меорад.
Аз нақли шогирдон, солҳои охир бар асари бемориҳои гуногун чашмони муаллим камнур шуда, дунёро хира ва атрофиёнро шабеҳи соя мебинад, аммо аз ёддошти рӯзгорони гузашта чеҳраҳои азизон пеши назараш рӯшану пурнур меоянд.
Назди даҳлези бинои истиқоматӣ набераи муаллим моро пешвоз гирифта, то манзили зисти бибӣ роҳнамоӣ мекунад.
Устод дар ноҳияи Фархор чашм ба олами ҳастӣ кушода, баъди фавти модар дар тарбияи холабачааш Ҳабибулло Тағоев, корманди давлатӣ, ҳизбию ҷамъиятӣ, мемонад. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ оиладор шуда, се сол дар яке аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод, беш аз 25 сол дар кӯдакистони №3-и шаҳри Кӯлоб ва сониян, то даврони бознишастагӣ ҳамчун омӯзгори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии шаҳри Кӯлоб фаъолият намудааст.
Мухотаби матлаб аз зумраи маорифпарварони асилест, ки дар тарбияи насли наврас, ба вижа, кӯдакони душвортарбияи шаҳри Кӯлоб монояшро касе ёд надорад. Ӯро дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии шаҳри Кӯлоб ба шарти ба зимма гирифтани роҳбарии як гурӯҳи душвортарбияи хонандагони синфи 7-ум ба кор мегиранд. Ғайриинтизор, баъди чаҳор сол 17 нафар шогирдаш муассисаи мазкурро бо баҳои аъло хатм карда, донишҷӯи муассисаҳои олии таълимӣ шуд.
- Мактаб - интернати мазкур ба омӯзгорзанон ниёзе надошта бошад ҳам, маро ба хотири таҷрибаи дар боғчаи кӯдакон андӯхтаам, ба кор гирифтанд, - ба ёд меорад Момагул Сафарова.
Бо баргашти дубора аз кори тарбияву нигоҳубини кӯдакон ба фаъолияти омӯзгорӣ, ҳадафи асосиаш ҷалби наврасони душвортарбия ба донишандӯзӣ ва ба камол расондани онҳо дар руҳияи арзишҳои инсондӯстиву ватанпарварӣ буд, ки ба иддаои баъзеҳо, гӯё тағйири хулқи кас дар синни балоғату бедории фикрӣ ғайриимкон аст. Мурури вақт муаллим Момагул Сафарова даҳҳо тан наврасони саркашу гапногирро аз беҳудагардиву амалҳои носолим ба олами китобу дигар шуғлҳои судманд фаро гирифтааст. Бо гузашти солҳо дастпарваронаш бо касби илму ҳунарҳои гуногун мавқеи худро дар ҷомеа пайдо карда, аз устоди роҳнамо сипосгузоранд, ки бо сахтгириву маҳорати волои мафкурасозиаш диди онҳоро ба зиндагӣ дигар карда тавонист, дар замири шогирдон меҳру муҳаббат ба илму ҳунарро бипарвард.
- «Рижик» барин бачаҳо дар овони наврасиву ҷавонӣ мактабу оила чӣ, сокинони маҳаллаву бозорнишинонро ба дод оварда буданд, вақте таҳти тарбияи ман қарор гирифтанд, бо мақсади тарбия онҳоро ҳафтаву моҳҳо дар иҳотаи китобу ашёи таълимӣ нигоҳ дошта, намегузоштам, ки аз ним соат зиёд саргарми бозӣ шаванд, - бо табассуми ҳалим аз саргузаштҳои шогирдони душвортарбияаш қисса мекард муаллим. - Дарвоқеъ, бачаҳои нотарсу бесаранҷом, агар ба илму дониш фаро гирифта шаванд, дар оянда чун шахсиятҳои хушсалиқаву дар корҳои роҳбарӣ хушбину тавоно ба воя мерасанд.
- Мактаб - интернати ҷумҳуриявии шаҳри Кӯлоб аз таълимгоҳҳои пешоҳанги вилоят ва кишварамон ба ҳисоб рафта, хосса дар солҳои роҳбарии Фирӯза Ҳоҷиева сатҳи донишу саводнокии омӯзгорон ва раванди таълиму тарбия дар ин таълимгоҳ ба авҷи аъло расида буд. Афсӯс, баъди ба дигар вазифа гузаштани ӯ, роҳбари минбаъдаи мактаб - интернат сабабгори аз кор рафтани беҳтарин омӯзгорон ва коҳиш ёфтани сатҳи таълим дар ин таълимгоҳ гардид, - изҳори таассуф дошт мусоҳибам.
Дар ин миён аз муолиҷаи нодурусти табибони хориҷӣ, ки дар кишвар фаъолият доранд, чашмонаш хира шуд, болои ранҷи дардҳои тарбодӣ аз ваҳми нобиноӣ фишораш ҳамеша баланд мешуд. Ҳолиё шукр мегӯяд, ки табибони шаҳри Кӯлоб иллати фишорбаландиашро ба эътидол оварда, ҳамакнун баъди ҷарроҳии якум дар чашми росташ каме беҳбудӣ ҳис мекунад. Вақтҳои охир ба умеди шифо ёфтани дидагонаш ҳама фикру зикри худро ба ёддоштҳои овони ҷавониаш андармон намуда, мекӯшад, ки дар зиндагӣ хушбин бошад.
-Хуш он рӯзҳое, ки ҳанӯз 10–11 сол пеш дар асоси китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров як чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ – адабиро дар сатҳи баланд гузаронда, аз роҳбарияти соҳаи маориф таҳсину офарин шунида будем, - изҳор дошт Момагул Сафарова. - Эҷоди фазои маънавӣ ва роҳкушоии наврасон ба мутолиаи адабиёти бадеӣ беҳтарин равиши тарбият ва ташаккули афкору ҳисси худшиносии онҳо ба зиндагии шоиста аст. Ин усули таълим дар мактаб-интернат самараи дилхоҳ дода буд. Баъзе шогирдонам иқрор меоянд, ки шумо намешудед, мо бенасиб аз донишу маърифат мемондем.
Ҷамол УСМОН шаҳри Кӯлоб