Дар расидан ба камолу мавқеъ пайдо кардани ҳар фард, муҳити иҷтимоию фарҳангии оила нақши тақдирсоз мебозад. Ҳаёт, мушоҳидаҳо собит сохтаанд, ки тарбия аз таълим афзалтар аст. Ва, воқеан, шахси тарбиятнадида ва беадаб ҳаргиз бар омӯзиш муваффақ шуда наметавонад.
Гулпарӣ Шарифова, 50 сол муқаддам, дар оилаи шахсиятҳои фарҳангию бомаърифати Мастчоҳ таваллуд шуда, ба камол расид. Гулпарӣ, ки фарзанди рӯзноманигор Мирзоҳамдам Шарифов - Аълочии маориф ва фарҳанг, Корманди шоистаи Тоҷикистон, собиқ муҳаррири рӯзномаи «Машъал»-и ноҳияи Мастчоҳ, дар солҳои таҳсил дар мактаби миёнаи № 16-и зодбум бо дастгирии падар ва муаллими забон ва адабиёт Раъно Шарифова ба адабиёт, ба шеър, ба қалам дилбастагӣ пайдо кард.
Орзу дошт, ки ба бахши рӯзноманигорӣ ва ё шарқшиносӣ дохил шавад, вале бо розигии волидон соли 1989 донишҷӯи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид. Духтараки кӯҳистонии мавзунқомати чеҳрахандони сарвосо диққати устодонро ба худ ҷалб намуд. Таълиму лексияҳои устодон Абдунабӣ Сатторзода, Худоӣ Шарифзода, Мукаррама Қосимова ва дигарон баҳри беканори адабиётро ба дидаи духтараки ташнаи илму дониш боз намуданд.
Бо сабабҳои ноамнӣ ва ҳаёти оилавӣ Гулпарӣ Шарифова хонданро дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров идома дод. Дар ин ҷо аз устодон Матлуба Хоҷаева, Носирҷон Салимов, Абдуманнон Насриддин, Толиб Ваҳҳобов, Фарҳод Зикриёев дониш андӯхт.
Соли 1996 Гулпарӣ Шарифова касби омӯзгориро пешаи худ донист. Соле чанд дар мактабҳои миёна ва Литсейи давлатии шаҳри Панҷакент дарс гуфт.
Дониши ҳаматарафаи фаннӣ, соҳибқаламӣ, сухангустарию ангубингуфториаш ӯро соли 2006 ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент овард. Аз доираи танг ба парвозгоҳи васеъ ворид гардид, барои баландпарвозӣ парҳои худро боз намуд. Бо нармгуфторию донишмандӣ, меҳрубонию хоксорӣ дар кӯтоҳтарин муддат дили ҳамкасбону донишҷӯёнро тасхир кард. Муаллим Гулпарӣ Шарифова бо фаъолияти пурмаҳсул дар раванди таълиму тарбия, таҳияи нақшаҳои таълимӣ, интихоби мавзуъҳо барои баланд бардоштани мазмуннокии машғулиятҳо, натиҷаҳои таълим, хулосабарорӣ аз санҷишҳо, сифати дарсҳо, татбиқи сиёсати давлатӣ дар Донишкада маҳбуб гардид.
Дар баробари таълими донишҷӯён ба кори илмӣ, омӯхтани паҳлуҳои торики таърихи адабиёти классикию муосир машғул шуд ва пайваста бо мақолаҳои илмию методӣ дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ баромад мекард. Бо қалами ӯ зиёда аз 80 маводи илмию методӣ нашр гардидааст. Ду монография: «Адиби андешапарвар» ва «Полет над вершинами»-ро ба табъ расондааст. Таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Ӯрун Кӯҳзодро ба худ муносиб донистааст. Соли 2019 бо роҳбарии доктори фанҳои филологӣ Матлуба Хоҷаева рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Ҷанбаҳои ахлоқӣ, маънавӣ ва бадеӣ дар насри Ӯрун Кӯҳзод» ҳимоя намуд.
Чун донандаи хуби забону адабиёти классикию муосир муҳаррири чандин китобҳо аст. Бахусус, ба китоби «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯ», ки аз 76 мақолаи илмӣ иборат аст, муҳарририи олим боиси таҳсину офарин аст.
Ҳамсараш Бахтиёр Султонов адабиётшинос ва рӯзноманигор, муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷики Литсейи давлатии шаҳри Панҷакент мебошад. Онҳо соҳиби 3 фарзанд: Гулноз, Беҳрӯз ва Париноз мебошанд. Гулнозу Беҳрӯз соҳиби маълумоти олӣ, Париноз дар синфи 9- уми мактаби миёна таҳсил менамояд. Набераҳои дӯстрӯяш Исмоилҷону Исроилҷон бо дилҷӯиҳояшон ҳаётро рангин намуда, эркаи бобою бибианд. Муаллим фарзандонро дар руҳияи инсондӯстию меҳрубонӣ, шинохти ҳувияти миллӣ тарбият менамояд.
Лутфулло ТОҲИРОВ