Яке аз рӯшантарин чеҳраи диёри хеш, нафаре, ки 45 соли ҳаёташро ба таълиму тарбияи фарзандони халқ бахшидааст, бонуе, ки қолабҳои замонаро шикаставу дар пойтахт тамдиди таҳсил намуда, роҳи духтарони бумиро ба муассисаҳои маърифатӣ боз намудааст, Холнисо Ёрматова аз шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон мебошад.
Дар стансияи Обикиик, ки поезд тариқи он роҳро мегузашт, модари Холнисо назоратчии роҳи оҳани камбар буду ҳамарӯза 16 километр роҳро пиёда тай мезад. Холнисо ҳамагӣ се сол дошт, ки аз падар маҳрум монд. Панҷ фарзандро модар бо машаққат парасторӣ мекард.
Боре Холнисои кунҷков, ки дар синфи 5-ум мехонд, аз телевизор, ки он солҳо нав баромада буд, ҷашни 20-солагии таъсисёбии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро бо завқ тамошо карду гуфт: «Дар ҷашни 25-солагияш, насиб бошад, ман донишҷӯйи ин даргоҳ мешавам». Бародар писханд заду гуфт: «Ҳоло мебинем, ки чи хел донишҷӯ мешавӣ». «Фикри хонданро аз сарат дур кун», - мегуфт модар.
Ӯ табъи хуби шоирӣ дошт ва бо дастгирии раҳбари синфаш Холмирзо Давлатов шеърҳояш дар рӯзномаи ноҳиявӣ чоп мешуданд. «Хон, духтарҷон, хон, ояндаи хубе дорӣ», - мудом мегуфт муаллим.
Таги дил сияҳ, аммо умед ба ояндаи рӯшан дошт, духтарак. Китобе намонда буд, ки нахонад, рӯзе набуд, ки баҳои хубу аъло нагирад. Соли хониш ҳам ба итмом расиду супурдани ҳуҷҷатҳо ба донишгоҳу донишкадаҳо оғоз гардид. Азми духтар бародарро оташин сохт, ки борони мушт ба сару рӯи хоҳар рехт. Мӯйҳои сияҳи ба қад рости духтар оғуштаи хун гардиданд. Аз зери панҷаҳои бародар раҳиду худро ба ҳуҷрае зада, дарро маҳкам баст. Ду рӯз аз ҳуҷра берун нашуд, на хӯрду на нӯшид. Ба зориву таваллои модару бародар, ки аз аспи ҷаҳл фуромада, пушаймон шуда буданд, гӯш ҳам надод.
Дугонаи ҳамсинфаш Холнисоро интизор буд. Ӯ дер кард, аз ин рӯ, бо падари прокурораш барои фаҳмидани ҳол омад. «Кушо дарро, Холнисо, омода шав, ба шаҳр меравем», - гуфт прокурор ва модару бародари ӯро сарзаниш намуд. Духтар дарро кушоду аз ҳуш рафт. Бузургбародар ба ҷонибдории хоҳар бархесту гуфт: «Дасту рӯяшро шуста, омода шавад, саҳар ба шаҳр меравем».
- Офтоби бахт ба рӯям хандид, ки субҳи солеҳон ҷомадони калон дар даст ману бародар ва қиблагоҳи дугонаам, ки ӯро ба худ падархонд гуфтам, озими пойтахт шудем. Духтари содаи деҳотӣ, аввал аз имтиҳонҳо гузар, донишҷӯй шав, баъд ҷомадонро бар, - гӯён бо табассум аз он овон ёдовар шуд Холнисо.
Болои мошини боркаш аз ғояти хурсандӣ чӣ тавр то Душанбе расиданашро надонист. Бинои 6-уми Университети давлатии Тоҷикистон дар хотираш сахт нақш баст, ки ҳуҷҷат супурду дар хобгоҳ ҷой шуд ва рӯзи дигар ба ҳамин бино ба супурдани имтиҳони аввал омад. Аввалин бор зинаҳои зиёдро тай заду ошёнаи 3-юм баромад. Рӯйи лавҳи синфхона мавзуи иншоро диду ба қавли худаш дилаш ба рақс омад. Се мавзуи гуногун, ки ҳамаро ба хубӣ медонист. - Устод, ҳар се мавзуъро медонам, ҳамаи онро нависам? – гуфт духтар. – Яктоаш кифоя, - шунид дар ҷавоб. Романи «Шӯроб»-и Раҳим Ҷалилро баргузиду иншоро супурд.
Ду рӯз натиҷаи имтиҳонро интизор буд. Ба довталабон варақаҳои имтиҳониро аз тирезае медоданд. Ҳине, ки баҳои аълоро дид, ба гуфте шодикаф шуд.
Дар имтиҳони дувум аз адабиёти классикӣ билет гирифту мавзуи дӯстдоштаашро дид. «Устод, иҷозат фармоед ҷавоб диҳам», - гуфт. Назди устодон Шарифҷон Ҳусейнзода, Воҳид Асрорӣ, Дадаҷон Тоҷиев, Соҳиб Табаров (равонашон шод бод) ва Абдулҳай Маҳмадаминов аз ҳаёт ва эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҳарорат сухан ронда, аз қитъаҳои шеърии шоир ёдовар шуд. Духтар аз дарун аланга мезаду мехост донистаҳояшро пурра ба устодон гӯяд. «Кифоя, духтарам, баҳоят аъло», - гуфт устод Ҳусейнзода.
Аз адабиёти муосир мавзуи романи «Шӯроб» батакрор насибаш гашт, ки ин бор ҳам бурро ҳарф зад. Устоде «Ленин ба Шӯроб омада буд-а», - гӯён аз ӯ посух ҷуст. «Не, устод, ӯ ба Шӯроб шахсан наомада буд. Ба Шӯроб идеяҳои Ленин омада буданд ва мардум аз рӯйи онҳо амал мекарданд», - посух дод довталаб.
- Ин духтар ахир шогирди худам мешавад, - гуфт устод Соҳиб Табаров. Ҳамин тавр ҳам шуд. Соли дувуми таҳсил кори курсиро дар мавзуи «Образи коргарон дар романи «Духтари оташ»-и Ҷалол Икромӣ» интихоб кард ва зери роҳбарии профессор Соҳиб Табаров ҳимоя намуд. То соли панҷуми таҳсил мавзуъро васеъ карда, ба кори дипломӣ табдил дод.
Гирандаи стипендияи Айнӣ донишгоҳро бо баҳои хубу аъло поён бурд. Барои фаъолият дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» роҳхат гирифт, аммо модар дархост, то ба деҳа баргардад. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и деҳааш омӯзгор шуд, соли 1978 ҷашни арӯсӣ кард, панҷ фарзанд ба дунё оварду шогирдони зиёдеро тарбия намуд.
Соли 1999 Холнисо Ёрматова барои хизматҳои шоён бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон қадр шуд. Соли 53-юми ҳаёт пайвандонаш ба нафақа баромадани ӯро хостанд. Мудири маориф гуфт, ки то оне неру доред, бояд ғами фарзандони мардумро хӯред. Ҳамин тавр то соли 2020, тайи 45 сол ба кӯдакон сабақ дод.
Омӯзгори асил рӯйи ҳавлӣ ноустувор қадам мениҳаду ба ёди мактаб ба дуриҳои дур назар афканда, мегӯяд:
- Бе мактаб, бе хонандагон хаёле, ки танҳоям. Дар зиндагӣ мушкилӣ зиёд буд, вале, ҳамин ки назди хонандагон меомадам, ҳамаро фаромӯш мекардам. Ҳоло ҳам ба ёди мактаб дилам гум мезанад. Дар хоб хаёле маро мепечад, ки батамом бардаму солимам ва фардо бояд ба назди талабагон баргардам.
Амина ХОҶАЕВА