Ӯро саргарми мутолиа дарёфтам. Бо дилгармӣ маҷаллаву рӯзномаҳоро варақ мегардонд. Дар лаҳзаҳои зарурӣ ҳоҷати хонандаро низ дарҳол бароварда месохт, китобҳои дархостиро зуд пайдо мекард.
Меҳри мутолиа дар қалби ӯ аз хонавода маншаъ гирифтааст. Ҳанӯз хонандаи мактаб буд, ки рӯзнома мехонд. Ҳамчун хонандаи фаъол дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ ширкат меварзид. Бештар аз ҳама, фанни забону адабиёти тоҷикро дӯст медошту маҳз аз ин фан дар олимпиада ҷойҳои намоёнро сазовор мешуд. Забони англисиро низ хуб медонист. Меҳри беандоза ба илму дониш ҳаваси донишҷӯиро дар қалбаш бедор сохт.
Пас аз хатми Литсейи №1 – и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, озими пойтахт шуд. Имтиҳонҳоро бо баҳои баланд супурд. Донишҷӯйи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуд ва бо дониши хубу рафтори намунавӣ ба итмом расонд. Вақте огаҳӣ ёфт, ки дар шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба корманд ниёз доранд, ҳуҷҷат супурда, комёб гардид.
Инак, наздики 10 сол мешавад, ки Бунафша Абдуллозода фаъолияташро дар ин самт идома мебахшад. Ба нафарони зиёде дар пайдо намудани «ғизои маънавӣ» ёрирасон аст. Ва худ низ аз ин «ғизо» бебаҳра намемонад. Ӯро ҳамкорон чун мутахассиси донишёр, забондону кордон ва ташаббускор мешиносанд. Риояи интизоми меҳнат ва серталабӣ нисбат ба худ дар ӯ одат гаштааст.
Бунафша на танҳо дар пайдо намудани матбуоти даврӣ бо забони давлатӣ мадад мерасонад, балки барои дастрасӣ пайдо намудан ба рӯзномаву маҷаллаҳо ва маводи зарурӣ бо забонҳои хориҷӣ низ нафарони ниёзмандро раҳнамоӣ мекунад. Талош меварзад, то ба хонанда маводи зарурӣ барои рисолаҳои номзадиву докториро сари вақт муҳайё созад.
- Шумораи хонандагон бениҳоят зиёданд. Ҳамарӯза наздики 50 - 60 нафар ба шуъбаи матбуоти даврӣ ташриф меоранд. Миёнашон аз донишҷӯ то номзади илм, доктору профессоронанд. Дар баробари матбуоти даврони истиқлол, ҳамчунин, аз матбуоти замони шуравӣ низ пурсон мешаванд. Ҳар шумораи дар бойгонӣ маҳфуз бударо барои хонанда пайдо мекунем. Ин вазифаи мост, - мегӯяд Бунафшабону.
Ба қавли ӯ, корманди шуъбаи матбуоти даврӣ будан, масъулияти зиёдро талаб менамояд. Зеро на фақат дар мавриди ҷалби хонандагон, балки дар тарғиби хондани рӯзномаву маҷаллаҳо дар ҷомеа низ мебояд саҳмгузор буд. Ба хотири таъмини талаботи рӯзмарраи хонандагон бо маводи тозанашр давоми ҳар ҳафта 29 номгӯи рӯзнома дар асоси нусхаи ҳатмӣ ва обунавӣ бо забони тоҷикиву русӣ ва бештар аз 40 номгӯи маҷаллаҳо бо забони тоҷикӣ ва русӣ 60, номгӯи рӯзномаҳои ноҳиявӣ моҳе як маротиба вориди шуъбаи мазкур мегарданд. Инчунин, миёни номгӯи рӯзномаву маҷаллаҳо бо забони тоҷикиву русӣ, теъдоди рӯзномаҳо бо забони ӯзбекӣ низ дастрас мегарданд.
Ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки рӯзҳои истироҳативу навбатдорӣ то поси шаб дар ҷойи кор асту ҳангоми кам будани хонанда дар толори хониш, худ ба мутолиа саргарм мегардад. Бидуни рӯзномаву маҷалла зиндагиашро тасаввур карда наметавонад. Аз ҳар навигарие, ки дар ҳаёт ба амал меояд, сари вақт хабардор будан мехоҳад.
Бунавшаи АБДУРАҲИМ