Махфират РАҲИМОВА:
Тозагию ободии атроф руҳро болидаю чашмро рӯшан месозад. Гоҳе аз дидани партовҳои кӯчаҳо, ки садҳо одамон аз пешаш мегузаранд, табъи кас хира мешавад.
Аммо, вақте вориди ҳавлии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 82-и шаҳри Душанбе шудем, аввалин чизе, ки таваҷҷуҳро ба худ ҷалб сохт, тозагии гирду атроф, долону синфхонаҳо буд. Агарчи рӯз нисф шуда буду хонандагони басти аввал берун мешуданд, оромиро касе халалдор намесохт. Низому тозагии саҳни мактаб ва дохили он гӯё ба ҳам таровате доштанд.
Аз хонандае дар кадом синфхона будани муаллим Махфират Раҳимоваро пурсидем. «Ошёнаи сеюм, синфхонаи фанни забони русӣ»,-шунидем. Аз ошёнаҳои тозаю озода боло шуда, вориди синфхона гардидем. Омӯзгор бо хушҳолӣ аз эътиборамон ба сухан пардохт:
- Тарбия бошад, таълим низ мешавад. Тозагӣ низ як рукни тарбия аст. Бузургон дар баробари пок нигоҳ доштани забон аз дурӯғу алфози қабеҳ, инчунин, тозагии хонаву дар, сарулибос ва муҳитро талқин менамуданд. Имрӯз рисолати мост, ки ба фарзандон дар бораи покизагию тозагӣ ҳарф занем, бахусус дар бобати покии забон, ки мебоист орӣ аз суханҳои қабеҳу фаҳш бошад. Мутаассифона, дар кӯча ё бозор, сари ҳар қадам аз забони навҷавонон суханҳои дурушт мерезанд.
Мушкили дигар суҳбат намудан бо лаҳҷа ё шеваи ин ё он маҳал аст. Ин ҳолат ҳатто дар вақти дарсгузарии омӯзгорон мушоҳида мешавад. Хонандагон дар гуфтугӯ лаҳҷаи ин ё он маҳалро истифода мебаранд. Мактаб ягона маконест, ки хонанда дар он ҷо имкони омӯхтану ҳарф задан бо забони ноби адабии тоҷикиро дорад. Зеро ҳастанд фарзандони хонаводаҳое, ки бо лаҳҷа ва ё бо забони русӣ сухан мегӯянд. Имрӯз кам хонадонҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки забони гуфтугӯиашон забони адабии тоҷикӣ бошад.
Шояд бипурсед, ки чаро омӯзгори фанни забони русӣ ҳастаму аз боби донистани забони адабии тоҷикӣ сухан мегӯям? Нахуст, забони тоҷикӣ забони модариам аст, баъдан, вақте кас аз забони миллати хеш бехабар аст, чӣ хоҷат ба омӯхтани забони ғайр?
Воқеан, боиси хушҳолист, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола зимни суханронии хеш сари омӯзишу азхудкунии забонҳои хориҷӣ таъкид менамоянд. Ин иқдом таваҷҷуҳи волидонро низ дар ин самт афзудааст.
Тақозои давр аст, ки ба хотири дар оянда соҳиби зиндагии шоиста шудан, ҷавонону наврасон рӯ ба забономӯзӣ овардаанд. Аксари адибони рус, ки аз хонаводаҳои асилзодагону ашрофон буданд, дар баробари донистани забони модарӣ, аз бар намудани 3 - 4 забони хориҷӣ, аз қабили забонҳои англисӣ ва фаронсавиро ҳатмӣ медонистанд.
Дар баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ волидонро мебояд дар хона арзишҳои миллиро тарғиб намуда, тафаккури фарзандонро дар пос доштани суннатҳои ниёгон бедор созанд. Зеро таъсири маданияти дигар миллату халқият боло гирифтанаш мумкин аст, ки оянда лакнат ба арзишҳои миллӣ меорад.
Нуктаи дигари муҳим ин камбуди муаллимони фаннӣ пас аз хатми синфҳои ибтидоии мактабҳои усули таълимашон бо забони русӣ мебошад. Бештари волидон бо ин мушкилӣ кӯдаконро ба мактабҳои усули таълимашон бо забони тоҷикӣ меоранд. Онҳо андешаҳояшонро бо забони тоҷикӣ баён карда наметавонанд ва аз нигоҳи равонӣ зарба мегиранд.
То имрӯз ба суоле посух гуфта наметавонем, ки чаро барои насли нав усули сахтгирӣ дар мавриди тарбия ба кор намеояд? Гоҳе сари ин мавзуъ меандешам, тахмину фарзияҳо мезанам. На! Ҳама андешаҳо ботиланд. Посухе намеёбам, ки қаноатмандам созад.Таъсири муҳит гӯем, охир дар ин муҳит моем-ку!? Таъсири телефону технологияи нав? Бе ин ҳам намешавад!
Ва ин аст, ки оила ва муҳит як сӯ мемонанд ва мактабу омӯзгорро сабабгори ба истилоҳ «бадбахтиҳо» - и ҷомеа меҳисобанд. Ҳатто барало назари манфии баъзеҳо нисбат ба мактабу омӯзгор эҳсос мегардад. Омил ин аст, ки нисбат ба омӯзгорон дар оилаҳо волидон назди фарзандон муаллимонро муҳокима ва таҳқиру дашном медиҳанд. Мувофиқи одоб бояд андешаҳояшонро нисбат ба ин ё он омӯзгор дар алоҳидагӣ баён намоянд ва бо ақидаҳои носолим тафаккури кӯдаконро вайрон насозанд. Яке аз рукнҳои тарбияи шарқиёна ин эҳтироми калонсолон, олимон ва бахусус омӯзгорон аст. Бедарак хирадмандон қадри устодро беш аз падар нагуфтаанд.
Соли 1978 мактаби деҳаи Чорбоғи Варзобро тамом карда, шомили Институти омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко шудам. Баъди хатми факултаи забони русӣ ба мактаби деҳа баргаштам. Муаллими куҳансоле дар баробари омӯзгорони ҷавон низ фаъолият менамуд. Гуфтанд, ки муаллим собиқаи 42-солаи омӯзгорӣ дорад. «Ваҳ, собиқаи кории муаллим ба синну соли модарам баробар будааст»,-гуфтам. Бале, умри одам гузарост ва агар умр вафо кунад, соли оянда собиқаи омӯзгории ман низ ба 40 сол мерасад.
Шавқу завқи омӯзгориро аз давраи мактабхонӣ муаллими фанни забони русӣ Елена Сергеевна Чернюк дар дилам ҷой намуд. Омӯзгори сахтгиру меҳрубон идеали ҳар хонанда буд. Усули хоси дарсгузарӣ дошт. Алҳол, аз усулҳои устод дар ҷараёни таълим истифода мебарам. Устодамон ғайр аз журнали синф дафтари алоҳидаеро барои баҳогузории талабаҳо дошт. То хонанда вазифаро иҷро намекард ё шеърро аз ёд наменамуд, соҳиби баҳои хубу аъло намешуд. Ҳамин гуна дафтарро ман низ дорам…
Ҳар сол барои иштирок ба озмунҳои фаннӣ аз миёни хонандагони болаёқат чанд нафарро аз фанни забони русӣ омода месозам. Имсол низ ду шогирдам дар озмун ширкат дошт. Хонандаи синфи 11 Беназир Раҳимова сазовори ҷойи 3-юм аз фанни забони русӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гардид.
Аксаран бо сабабҳои гуногун ширкаткунандагон то даври ниҳоӣ намераванд. Дар ин озмунҳо, аввалан, қобилияти хонандагони мактабҳои усули таълимашон бо забони тоҷикӣ ба инобат гирифта намешавад. Интихоби матн хеле муҳим аст, ки дар ин самт саҳлангорӣ зоҳир мегардад. Масалан, дар Низомнома барои хонандаи синфи 11 дар навишти диктант 210 калима муқаррар шудааст, вале дар озмун аз 300 калима зиёд истифода мешавад. Махсусан, дар озмуни имсола матн барои синну соли хонанда мувофиқат надошт. Норозигии хешро тариқи мактуб ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ирсол намудем. Ин хато ё иштибоҳ бояд ислоҳ шавад, то ки хонандагон барои ширкат ба озмунҳо ҳавасманд бошанд ва аз он дилшикаста барнагарданд.