Гуфтам:
- Бузурге фармуда: «Мард шер асту зан шербон. Нигоҳдории шер аз шер будан душвортар аст». Оё ба ин душворӣ тоб меорӣ?
Гуфт:
- Бале, ман ба ин душвортарин шева тоб меорам, агар ту шер бошӣ.
***
Гуфтам:
- Фозиле гуфтааст: «Беҳтарин шеъре, ки аз ду лаб барояд, бӯса аст».
Гуфт:
- Агар чунин бошад, туро кайҳо девонест аз чунин шеърҳо.
***
Гуфтам:
- Дилат ба кӣ месӯзад?
Гуфт:
- Ба бечорагон.
Гуфтам:
- Аз ман бечоратаре ҳаст?!
***
Ӯ ба мулоқот дер омад. Аз интизориҳои зиёд оташи қаҳрам боло гирифт. Аммо лабони нозукаш моили табассум буданд. Аз ғояти қаҳру ғазаб гуфтам:
- Оё кори хуб кардӣ, ки боз табассум мекунӣ?!
Гуфт:
- Намедонӣ, ки порсое чӣ фармуда? – «Беҳтарин силоҳи ҷангӣ табассум аст».
Оташи қаҳрам фурӯ нишаст… Ӯ пирӯз шуд.
***
- Ошиқ кист? – пурсид ӯ аз ман.
- Ошиқ ман, - гуфтам ба ӯ.
- Маъшуқ кист?
- Маъшуқ ту.
Гуфт:
- Агар ошиқу маъшуқ ману ту бошем, вой бар ҳоли ишқ.
***
Гуфтам:
- Туро имшаб дар хоб дидам.
- Гуфт боке не, гушна нон хоб мебинад.
***
Гуфтам:
- «Зан аз пирӣ беш аз марг метарсад», - фармуда оқиле.
Гуфт:
- Агар, туро ба аҳдат вафо бошад, на аз ин метарсаму на аз он.
***
Дар дафтари корӣ саргарми кор будам. Занги телефон баланд садо дод. Овози маҳину дилрабояш ба гӯшам расид. Ӯ маро ба фарорасии баҳори нозанин табрик кард:
Зи хоби бехудӣ бедор шуд булбул ба бӯи гул,
Зиҳӣ давлат, ки маъшуқаш кунад бедор ошиқро.
Гуфтамаш:
Баҳор бе гули рӯи туам чӣ кор ояд,
Маро як омаданат беҳ, ки сад баҳор ояд.
***
Дар миёни ҷодае бо ӯ рӯ ба рӯ омадам. Хотири болида дошт. Беихтиёр ин байт ба забонам омад:
Худ масту ғамза масту ду чашми хумор маст,
Бечора дил чӣ чора кунад бо се – чор маст.
Бо як хандаи зебое лаб кушод:
Хоҳам аз ин дидани се – чор маст,
Ман ба пеши худ бинам Саттор маст.