Шабонгаҳ, вақте ки писаронаш аз кору бори хоҷагӣ, набераҳояш аз таҳсил бармегаштанд, ҳавлии модар Гулбаҳор тӯйхонаро мемонд. Хандаю бозӣ, даводави бачаҳо ба нишоту комгории хонадон ҳусн меафзуданд. Оре, ҳавлии онҳо обод аст. Чор писару як духтар – шоҳсутунҳои дилаш як ҷо, тифоқу дӯстона зиндагӣ мекарданд. Ҳар кадомашон 6–7 фарзанд доштанд.
Кампири Гулбаҳор собиқадори сохти колхозӣ, яке аз бунёдгарони тарзи ҳаёти нав буд. Аз ташкилёбии колхози «Болшевик»-и ноҳияи Восеъ, ки баъдтар номи «Коммунизм»-ро гирифт, дар ин ҷо кору зиндагӣ дошт, яке аз аввалин муҳоҷирон ба ин водист. Шавҳараш Қамиш Абдураҳим, бародаронаш Шамсиддину Шарофиддин қитъаҳои нахустини замини пахтаи колхозро корам намуданд. Уллоси гургону шағолон, шуввоси қамишзори касногузар, ҳавои тафсони ботлоқзор, ғингоси магасҳои заҳрдор – ин аст мухтасари тасвири манзараи деҳаҳои навбунёди он айём.
Он бегоҳ, вақте кампири Гулбаҳор дар бораи бо душвории зиёд ҳамроҳи шавҳараш кандани чимзореро ба бачаҳо нақл кард, ҳайраташон дучанд афзуд.
—Бо тракторҳо чаро намеканданд? –пурсид Латофати хурдсол.
Дар лабони момо табассум гул кард. Аз пешонии духтарча гарм—гарм бӯса зад.
—Он солҳо трактор набуд. Заминро ба ҷуфти гов шудгор мекардем. Колхозамон баъдтар соҳиби трактор шуд. Медонед, аввалин механизатори колхозамон кист?
Бачаҳо ба ин саволи бибиашон ҷавоб дода натавонистанд.
—Донистан даркор, - гуфт бо ҷиддият кампири Гулбаҳор,-тракторчии аввалин ҳамдеҳаи худамон, Шовалӣ Раҷабов буд. Вай ҳам ҳамсоли ман, ба 82 даромадааст. Бо заҳмати зиёд пунба кишт мекардем. Як трактор ба 5 колхоз вобаста буд. Бо вуҷуди душвориҳо иқтисодиёти хоҷагӣ мустаҳкам ва зисту зиндагонии мардум беҳтар мегардид. Каме дами осуда гирифта будем, ки фашистони немис ҷанги хонумонсӯзро сар карданд…
Аввал ду бародари кампир - Шамсиддину Шарофиддин, соли 1943 бобояшон Қамиш ба фронт рафтанду барнагаштанд. Се тири ҷонгудози ҷанги хонумонсӯз се сутуни дилашро рабуд. Нигоҳубини кӯдакони онҳо ба уҳдаи Гулбаҳор афтод. Миёнашро маҳкам баста, мардонавор кор кард. Дар ҳама ҷабҳа ибрат нишон медод. Рӯзе 150–200 кило пахта мечид. Меҳнати солҳои ҷанг вазнин буд. ба ҷои мардони ба ҷабҳарафта кор кардан лозим меомад. Саҳро ҳам хонаи якум ва ҳам дуюми мардум гардид.
Ӯ дами субҳ гаҳвораи кӯдакҳояшро ба саҳро мебурд. Аксар шабҳоро дар сари дарав ё пахтачинӣ рӯз мекард. Бачаҳо ин лаҳзаҳоро дигар ба ёди момо намеоранд.
Панҷ хоҷагӣ дар ҳудуди колхози «Коммунизм»дар соли 1931 ба давлат ҳамагӣ 1000 тонна пахта супурд. Баъдтар колхози «Коммунизм» дорои 400 мошину трактор ва комбайн шуду соле зиёда аз 9000 тонна пахта мерӯёнд. Дар деҳаи Кадучӣ оилаҳои хушбахт бисёр буданд. Яке аз онҳо хонаи момои Гулбаҳор аст. Писарону духтаронаш давомдиҳандаи корҳои модари ғамхору меҳнатии худанд. Тағайю Сафаргул хоҷагидорони пешқадами бригадаи рақами 10, Файзулло – механизатор, Файз устои гулдаст буданд, Мирзо муаллим аст, аз фанни забону адабиёт дарс мегӯяд. Келинҳояш низ аз ягон кори ҷамъиятӣ қафо намемонданд. Набераву аберагони кампирро намегӯед. Онҳо дар куҷое, ки кору таҳсил кунанд, намунаи ибрати дигаронанд. Кампир ба дастпарварону ҷигарбандони меҳнатқаринаш мефахрид.
Шахс каҷу килебии роҳ, душвории онро бештар вақти расидан ба баландие мефаҳмад. Имрӯзҳо, ки даврони соҳибистиқлолӣ фаро расидаву вақти ҳаёти хуррамонае мегузаронем, заҳмати кашидаи кампири Гулбаҳор, ҳамсафони ӯ бобои Шовалӣ, Абдулло, Гадо, Раҳмон, Абдураҳмон, Маҳмадрабӣ, Шариф, Ҷӯрахонро пеши назар меорем, мебинем. Дарк месозем, ки осудагиҳову пешравиҳои рӯзгори кунунии мо аз заҳмати шабонарӯзии ин родмардон ба даст омадааст.
Ин бегоҳ медалҳои қатори кампир диққаташонро ҷалб кард.
-Онҳоро солҳои ҷанг гирифтед, момаҷон? –пурсид наберааш Азиз.
-Солҳои ҷанг медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар солҳои 1941–1945»-ро гирифтаам. Баъдтар чанд маротиба ғолиби мусобиқаи умумииттифоқӣ гаштаму бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат ва «Нишони фахрӣ» қадр шудам.
Солҳост, ки ин зани меҳнатқарин ва бунёдгар дар қайди ҳаёт нест, Хоҷагии деҳқонии мазкур низ бо таҷдиди сохтори кишоварзӣ тағйир ёфт, ба ҷойи колхози онҳо ҳоло хоҷагии деҳқонии ба номи Ғ. Сафарзода амал мекунад. Набераҳову фарзандон низ номдору обрӯманди соҳаҳои гуногунанд. Кампир қадри ин ободиро медонист ва доимо талқин менамуд.
-Шукронаи даврони соҳибистиқлолии кишвар кунед. Мо бунёд кардем, шумо зеботар гардонед. Ба қадри меҳнатҳои Сарвари давлат ва заҳматҳои ӯ бирасед.
Аз миён солҳо сипарӣ мешаванд. Гулбаҳори меҳнатқарин дар қайди ҳаёт нест, вале нақлҳои ширинаш, ки наберагонро ба далерию шуҷоат, ватандӯстию хоксорӣ даъват мекарданд, дар ёдҳо мондаанд.
Садриддин ҲАСАНЗОДА