Чанде пеш дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ширкати доираи васеи адибон, донишмандон ва алоқамандон 100-солагии мавлуди шоири маъруф Жола Бадеъ таҷлил гардид. Дар маҳфил бештар сухан дар атрофи як мавзуъ мечархид: Жола – ошиқи Тоҷикистон! Бале, Жола, гарчанде дар Эрон тавлид шуд ва дар ғурбат – дар Лондон вафот кард, ҳамеша шоири тоҷик буд ва ошиқи Тоҷикистон…
Номи Жола Бадеъ ба доираҳои адабӣ ва хонандаи тоҷик ошност. Зеро, ӯ қариб 30 сол дар муҳити адабии Тоҷикистон фаъол буд ва бо шеъри рангинаш дар қалбҳои мардум ошён гузошт. Жола ҳамқисмати устод Абулқосим Лоҳутист. Номи аслиаш Мастона Султонӣ аст ва соли 1922 дар Исфаҳон ба дунё омадааст. Шеъргӯиро аз ҳафтсолагӣ оғоз карда, дар 13-солагӣ нахустин ғазалаш чоп шудааст. Жола тахаллуси адабии ӯст. Пас аз поёни дабиристон дар Бонки миллии Эрон, аввал дар Исфаҳон ва сипас дар Теҳрон ифои вазифа намудааст. Соли 1945, замоне, ки дар Табрез, дар мактаби ҳарбӣ дарс мегуфт, маҷмуаи аввалинаш бо номи «Гулҳои худрӯ» ба табъ расид. Ҳамон сол бо афсари неруи ҳавоӣ доктор Шамсиддин Бадеъ издивоҷ мекунад.
Соли 1946, пас аз инқилоб ва тағйири қудрат дар Эрон, ҳамроҳи шавҳараш ҷилои Ватан кард. Дар Иттиҳоди Шуравӣ нахуст дар Боку қарор гирифта, забонҳои русӣ ва туркиро меомӯзад ва дар Донишгоҳи давлатии Озарбойҷон таҳсил мекунад. Ду фарзандаш – Бежан ва Меҳрдод дар ин шаҳр таваллуд шудаанд. Соли 1954 Жола ба Москва омада, дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов аспирант ва соли 1959 сазовори унвони илмӣ мегардад.
Ӯ нахустин занест, ки доир ба шеъри муосири форсии тоҷикӣ рисолаи илмӣ дифо кардааст. Аз соли 1960 то соли 1980 дар Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ фаъолият бурдааст. «Нимо Юшич — падари шеъри нав», «Шеъри нав чист?», «Орифи Қазвинӣ», «Маликушшуаро Баҳор» аз намунаи корҳои чашмраси илмии ӯ ҳастанд. Чанд намоишнома барои театрҳо ва ҳазор байт шеъри шоирони Озарбойҷонро низ дар ҳамин давра тарҷума кардааст.
Бо вуҷуди фаъолияти босамари илмӣ ва тарҷумонӣ Жола дар адабиёти тоҷикии форсӣ ҳамчун шоир шуҳратёр гардидааст.
Пас аз ҳиҷрат ба Иттиҳоди Шуравӣ маҷмуаҳояш «Ёдгор» (1950) ва «Армуғон» (1956) дар Боку, «Живая река» (1965), «Синий корабль» (1978), «Перелётные птицы» (1974) дар Москва ба табъ расиданд. Вале, маҳз дар Тоҷикистон ашъори Жола чун парасту бол кушоду ба ҷаҳони форсизабон роҳ ёфт.
Жола бо Тоҷикистон солҳои 50-ум ошноӣ пайдо менамояд. Ҳамчун устод Лоҳутӣ, вақте мефаҳмад, ки дар як гӯшаи Иттиҳоди Шуравӣ ҳамзабононаш зиндагӣ мекунанд, барои иртибот бо Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Муҳити адабии Тоҷикистон низ Жоларо гарм пазироӣ кард. Ашъори Жола пайваста дар нашрияҳои адабии Тоҷикистон, аз ҷумла «Садои Шарқ» нашр мешуд. Китобҳояш «Модарон сулҳ мехоҳанд» (1956), «Дастагул» (1958), «Зиндарӯд» (1964), «Интизор» (1969), «Ҳангоми вафо» (1974), «Киштии кабуд» (1978), «Пайванд» (1988) дар Тоҷикистон нашр шуда, ҳамчун шоири тоҷик маҳбубият ёфт. Аз соли 1957 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Операи «Парасту»-и ӯ солҳо дар репертуари Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ қарор дошт.
Жола Бадеъ, ба гуфти наздиконаш, Тоҷикистонро ватани дувуми худ медонист ва Варзобро дӯст медошт. Муҳаббати ӯ ба кишвари мо дар шеърҳои зиёдаш, ки дар онҳо табиати нотакрор, мардуми меҳмоннавоз ва таърихи бойи мардуми тоҷик васф шудаанд, инъикос гардидааст. Аз ҷумла, дар шеърҳои «Тоҷикистон», «Шеър ташнагист», «Посух ба шоири ҷавони тоҷик», «Посух ба шоири тоҷик», «Садои Шарқ», «Хатлонзамин». Ҳамчунин, Жола бо шоирони тоҷик А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, М. Қаноат, Лоиқ, Б. Собир, Ҳ. Ғоиб, Гулрухсор, М. Шералӣ, А. Ҳаким, Фарзона, З. Атоӣ иртиботи доимӣ дошт.
Жола умри дароз дид, вале як ҷойе як ҷав қарор надошт. Барои вай Иттиҳоди Шуравӣ ва Лондон, ки ҳарчанд он ҷо манзил дошт ва бачаҳояш он ҷо ҳастанд, Ватан нашуд.
Бо вуҷуди душвориҳои зиндагӣ ва муҳоҷиратҳои тулонӣ шеър ҳамрозаш буду дамсозаш. Дар Лондон низ Жола ба кори эҷодӣ идома дод. Китобҳои «Албурзи бешикаст» (1983), «Эй боди шурта» (1986), «Хурӯши хомӯшӣ» (1992), «Тараннуми парвоз» (1996), «Сояи солҳо» (2000), «Шукӯҳи шукуфтан» (2002), «Парандагони муҳоҷир» (2005) маҳсули заҳматҳои солҳои охири умраш буданд. Хушбахтона, дар замони зинда буданаш куллиёти ашъораш дар Теҳрон низ нашр шуд.
Жола шоири барҷаста буду ҳаст. Дар ашъори ӯ, ки дар сабкҳои мухталиф иншо гардидаанд, диди шоиронаи як зани боғурур ва боиззат ба зиндагӣ баён мешавад.
Умед аст, ки дар наздиктарин фурсат ташаббусе доир ба бозгардонӣ ва нашри ашъори Жола дар Тоҷикистон сурат бигирад ва шеъри Жола ба Ватанаш – ба Тоҷикистон баргардад ва ҳамнавои рӯди Варзоб шавад.
Одил НОЗИР
ВАРЗОБ
Сапедаи саҳарӣ рехт дар сиёҳии шаб,
Ҳар он чи буд дар он дам сафед буду сиёҳ,
Зи бас ки нақши фусун дошт сояравшанҳо,
Ду чашми кӯчак кам буд аз барои нигоҳ.
Нишаст духтари симини субҳдам сари кӯҳ,
Паранди домани хокистарӣ ба дарра фиканд…
Ҳазор орзуи ташна дар дили ман буд,
Садои ҳамҳамаи шодиовари Варзоб,
Маро ба ёди баҳорони Зиндарӯд овард.
Сафои хотири ёрони ошнопарвар,
Ғамам рабуду ба чанги дилам суруд овард.
ХАТЛОНЗАМИН
Баҳори хуррами Хатлонзамин гулафшон аст,
Сафои боғи гул аз гулрухони Хатлон аст.
Кӯлоб гӯиву ман гӯямаш гулоб аст ин,
Ки дар баҳор гулу оби ӯ фаровон аст.
Бигӯ ба Восеи разманда шоду хуррам бош,
Ки бахти мардуми номоварат дурахшон аст.
ПОСУХ БА ШОИРИ ТОҶИК
Дили бе ишқу оташ нест дил,
Мушти гил аст он дил.
Барои дӯстдорӣ мушкил аст он дил,
Ту гармӣ медиҳӣ, эй шамъи равшан базми ёронро,
Парастуи баҳорон хондаем бо шеъри пуршӯрат,
Биё, парвоз деҳ, инак, парастуи баҳоронро.