Мавлуда САФАРОВА:
Ҳамсоязан саргарми дӯхту дӯзи фармоишҳои фабрикаи дӯзандагӣ гоҳе ба духтарбачаҳо, ки дар бараш сари зону нишаста, ба ҷелакдӯзиаш бо шавқу ҳаваси зиёд менигаристанд, зарофатгӯйӣ мекард; «Ҳунар чашмаи зоянда асту давлати поянда. Аз банда молу мансабашро метавон гирифт, аммо ҳунарашро на, чаро ки рамзи ҳунар дар қалби ҳунарманд маъво гирифта, онро танҳо ба василаи омӯзиш метавон азбар намуд».
Он баҳорон боварии касе намеомад, ки аз миёни он ҳама кӯдакони шавқманди пешаи дӯзандагӣ маҳз духтари раиси хоҷагии овозадори «Шурообод» меросбари ину дигар ҳунарҳои қадимӣ гашта, бо рушду равнақи бозори ҳунар даҳҳо ҷавононро ба касбомӯзӣ ва шумори барзиёд аз он бонувони хонашинро бо шуғлҳои судманд таъмин месозад.
- Нахустин дастмуздам маблағи 3 сомонӣ аз дӯхти ҷелаки мардона буд, ки устоди аввалинам иҷрои яке аз фармоишҳои гирифтаашро ба ман бовар карда буд. Ҳамин тавр, аз овони мактабхонӣ бо дӯхти ҷелаку ҷома ва дигар фармоишҳои аз фабрикаи дӯзандагӣ гирифтаи ҳамсояамон фоидаи нақд ба даст оварданро таҷриба андӯхтам, - мегӯяд Мавлуда Сафарова. – Сарфи назар аз дороиву ҷоҳу ҷалоли падар аз ҳисоби гулдӯзиву наққошӣ, шероздӯзиву дигар ҳунарҳои хонагӣ суд ба даст меовардам. Ёд дорам, боре ҳамроҳи сунҳорамон як миқдор ҳосили боғи себистонамонро фурӯхта, барои худ сарулибосу дигар лавозимоти дӯстдоштаамонро харидем. Барои ин амалам аз падар накуҳиш шунида будам, чаро ки пири кор фурӯхтани дону дигар ҳосилоти заминро салоҳ намедонист. Вале тирамоҳон ҳосили боқимондаи боғистон пӯсид, маро офарин хонд, ки хайрият суде аз ҳосили имсола бардоштем.
Бо мурури ҷамъ намудани як миқдор пасандоз аз даромадҳои худӣ ҳар гуна тиҷорати хурдро таҷриба менамуд. Боре зодмандон барояш як либосвории он замон муд - «генералка» туҳфа намуданд, Мавлуда аз он матоъ фаранҷии хуштарҳи миллӣ дӯхта, ба наварӯсон иҷора медод.
Баъди хатми мактаб орзуҳои кӯдакӣ варо ба Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб бурд ва соли 2000 –ум онро бо баҳои аъло ва дипломи сурх хатм намуда, ба шуъбаи ғоибонаи факултаи кимиё ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дохил шуд. Ахиран, майлу рағбат ба ҳунарҳои мардумӣ ва тиҷорати ҳунарҳои хонагиву озмудани таҷрибаи иҷорадиҳии абзори арӯсӣ, ки аз овони мактабхонӣ корозмудаи ин шуғлҳо шуда буд, масири зиндагиашро беҳбуд бахшид.
- Баъди оиладор шудан тиҷоратро аз иҷораи як ҷелаки зардӯзиву сарандози арӯсиам дубора оғоз намудам, ки то он солу замон мардум монои он сарандози нақши чакандорро дар ягон тӯю ҷашнвораҳо надида буданд. Он вақт чирадастони машҳури Кӯлоб мегуфтанд, ки омода намудани чунин тарҳҳои абзори миллӣ ками дар кам муяссар мешавад. Ҳамин сон, аз ҳисоби иҷорапулии сарандози арӯсӣ, ки маҳсули дастранҷи худам буд, фоида ба даст овардаму билохир аз ҳисоби даромади тиҷорат хона харидем, - ба хотир меорад Мавлуда Сафарова.
Рӯзгори навгунаро бо андак пасандози оилавӣ оғоз бахшида, нахуст ҷавоҳироти арӯсӣ ва баъзе туҳфаҳои аз ҷашнҳои хонаводагӣ нигоҳдоштаро фурӯхта, аз маблағи он ба тиҷорат пардохт. Дар баробари дӯхту дӯзи фармоишҳои гуногун, либосҳои арӯсиро ба иҷора медод. Ҳамчунин, аз дукони «Ҳусн»-и хоҳарбузургаш мудҳои навини либоси арӯсӣ оварда, фаъолияти худро васеътар кард. Баъдан, мағозаи калонтарро боз намуда, илова ба иҷорадиҳии лавозимоти ниёзи арӯсон боз фурӯшгоҳи ин гуна либосҳоро ба роҳ монд. Дар миён бо мақсади бозоромӯзӣ ба шаҳри Душанбе кӯчида, ҳунару маҳорати худро дар мағозаи хоҳарбузургаш сайқал дода, бо дӯхту дӯзи либоси миллии арӯсӣ, дигар самтҳои соҳибкориро фаъол бинмуд.
- Соли 2012 дар рӯ ба рӯи мағозаи «Элегант»-и бозори Корвон кошонаи ҳусн таъсис дода, иҷорадиҳии либоси миллии арӯсиро ба роҳ мондам. Аммо бо гузашти сол ҳамсарам аз муҳоҷират баргашта пофишорӣ кард, ки бояд ҳамагӣ ба манзили асосии худ ба шаҳри Кӯлоб баргардем,- хандида изҳор медорад Мавлуда. - Инак, тули даҳ соли охир дар баробари пешбурди фаъолияти тиҷоратӣ дар таълиму омода намудани дӯзандаҳои ҷавону ҳавасмандони саноати дастӣ саҳми худро гузошта истодаам. Аз баракати ҳунару пеша 3 духтару 5 писарро ба воя расонда, ҳамраҳи ҳамсафари ҳаётам талош дорем, то барои илму ҳунаромӯзии фарзандон шароитҳои беҳтару хубтар фароҳам биёварем. Хушбахтона, ҷигарбандонам ба хондан шавқу рағбати зиёд дошта, пайроҳаи маро интихоб накунанд ҳам, «ба як мард чил ҳунар кам аст» гуфта, малакаи соҳибкориро каму беш ба онҳо омӯхта истодаем.
Ба бахти мо баъди талошҳои Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду муаррифии фарҳанги миллӣ соли 2018 дар ҷаласаи солонаи Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО чакан ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардид. Ин рӯйдоди муҳими фарҳангӣ дар рушду эҳёи ин санъати зебои миллати тамаддунофари тоҷик такони бузург бахшид. Таваҷҷуҳи бесобиқаи бонувони Тоҷикистон ба чакан ва анвои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ бозори пешаварони асилро аз нав гарм намуд, имрӯз чакандӯзӣ ба пешаи сердаромад табдил ёфтааст. Ҳамзамон, иқдомҳои ояндасози Сарвари давлат дар самти рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба фаъолияти соҳибкорону ҳунармандони мардумӣ, ҷони тоза бахшида, дар муаррифии санъати гулдӯзии миллӣ ва фароҳамсозии бозори фурӯши он дар дохилу хориҷ аз кишвар мусоидат намуда истодааст. Аз ҷумла, дар доираи дастгириҳои лоиҳаҳои соҳибкорон дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Кӯлоб Маркази чакани Кӯлоб бунёд ёфт, ки тавассути он 28 нафар ҳунарманд ба шуғлҳои нақдмузд фаро гирифта шуд. Ин теъдод ҳунармандон дӯхтани либосу дигар фармоишҳои муштариёни моро дар шароити хона анҷом медиҳанд ва либосҳои омодакардаашонро ба Маркази чакани Кӯлоб супурда, музди нақд ба даст меоранд. Маҳсули дастранҷи чирадастони ин марказ дар шаҳру ноҳияҳои минтақа ва фаротар аз он муштариёни зиёд дорад.
Вобаста ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа ба либоси миллӣ, аз ҷумла чакан, Мавлуда аз интихоби матоъ то риштаву тарроҳӣ ва нақшбандиву дӯхту дӯзи куртаву дигар лавозимот, ба сатҳу сифати маҳсулот ва иҷрои фармоишҳои муштариёнаш аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Ба гуфтаи Мавлуда Сафарова, санъати чакан, ки аз насл ба насл ва аз даст ба дасти ҳунармандон то ба имрӯз мерос мондааст, пайвандгари фарҳангу тамаддун ва осору арзишҳои гузаштаву имрӯзи миллати тоҷик мебошад. Аз ин рӯ, ҳунарманди чакандӯз бо офаридаҳои худ ҳунару маҳорати аз ниёгон меросмондаро ба наслҳои ояндаи хеш боқӣ мегузорад.
Ҷ. УСМОН,
шаҳри Кӯлоб