- Модарам, агарчи хонашин буд, доимо ба фарзандон дониш андӯхтану соҳибкасб шуданро талқин мекард. Соле, ки мактаби миёнаро дар ноҳияи Шаҳринав хатм намудам, модарам якбора бемор шуданд. Муддате дар беморхонаҳо бистарӣ гаштанд. Ҳарчанд орзуи идома додани таҳсил дар мактаби олӣ дар қалби ҷавонам туғён дошт, маризии модар боис шуду барои хондан ба пойтахт наомадам. Зеро дар хонаводаи падарӣ 11 фарзанд будем, ки пас аз ба шавҳар баромадани апаам бори рӯзгор ба дӯши ман уфтода буд. Модар аз ин гуна ранг гирифтани кор ғамгин гашт. Афсӯс хӯрд, ки бемориаш сабаби дур монданам аз таҳсил гардид, - бо ёди рӯзгори гузаштааш суханро оғоз менамояд Ҳурматой Сатторова.
Соли 1970, пас аз шифо ёфтани модар, барои амалӣ намудани орзуҳояш сӯйи пойтахт роҳ гирифт. Бо супурдани имтиҳони дохилшавӣ шомили факултаи забон ва адабиёти тоҷики Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко шуд. Баъди таҳсил бо роҳхат муддате дар мактаби миёнаи №1 ба номи Крупскаяи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба хонандагон дарс гуфт.
- Як сол пас, бо сабабҳои оилавӣ аз мактабу муаллимӣ дур мондам. Барои зани танҳо ва бо фарзандони хурдсол ба кори берун аз хона шуғл варзидан мушкил буд. Аз ин хотир, бо кӯдаконам гузарондани вақтро авлотар донистам.
Сар аз соли 1991 ба касб ва макони дӯстдоштаам баргаштам. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и шаҳри Душанбе ба кори омӯзгорӣ пайвастам, - мегӯяд омӯзгори варзида.
Як усули корӣ
Ҳар муаллим дар рафти таълим усулҳои хоссаи дарсгузарониро дорад. Воқеан, усулҳои анъанавӣ зиёданд ва истифода аз онҳоро наметавон сарфи назар намуд. Масалан, усули ҷорие, ки аксари омӯзгорон алҳол аз он хеле васеъ истифода мебаранд, тариқи саволу ҷавоб ба дарс ҷалб сохтани хонандагон мебошад. Ба гуфтаи Ҳурматой Сатторова ин усули таълимӣ шавқмандӣ ва рағбати талабаро ба ин ё он фан меафзояд.
- Вақте дар бораи кашфи истеъдодҳо сухан мегӯем, бо ин усул метавон истеъдоди хонандаро вобаста ба кадом фанҳое набошад, ҳар чи тезтар эҳсос намуд.
Бисёр вақт волидон шикоят меоранд, ки чаро ба хонанда омӯзгор аз ёд намудани шеъри зиёдро супориш медиҳад. Аввалан, аз ёд намудани шеър ҳам истеъдод аст ва на ҳар хонанда қобилияти азхудкунии онро дорад. Аз он ки омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ҳастам, ба хонандагон ақаллан аз ҳар шоир, хоҳ классик бошад ё муосир азёдкунии мисраъҳои шеъриро талқин месозам.
Баъдан, азёдкунии шеър қувваи ҳофизаи кӯдакро афзун мегардонад, ки дар оянда барои бо осонӣ азбаркунии илму дониш ва ҳунар баманфиат аст. Дар ҳар сурат, ин усулро зарур мешуморам. Вале ин нуктаро низ бояд зикр намуд, ки ҳар мисрае, ки барои азёдкунӣ ба хонанда супориш дода мешавад, маънӣ ва тарзи дурусти хондани он ба шогирд аз ҷониби омӯзгор фаҳмонда шавад. Агар ба мазмуни мисраи шеърӣ кӯдак хуб сарфаҳм равад, шавқи ӯ ба дарс бештар мегардад.
Ҳар он чи дар кӯдакию наврасӣ омӯхта мешавад, аз лавҳи хотир сутуда нагардад. Ба гуфтае чун нақшест, ки дар санг гузошта шавад, - иброз медорад муаллим.
Баъзе мавзуъҳо печидаанд
Ҳурматой Сатторова дар ин давраи соли хониш ба хонандагони синфҳои 7 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик таълим медиҳад. Ӯ нигаронӣ аз мавзуъҳои китобҳои дарсӣ карда, чунин изҳори андеша менамояд:
- Муҳтавои китобҳои дарсӣ дар чанд соли охир бағоят душворфаҳм шудаанд. Дар ин хусус борҳо омӯзгорон тариқи расонаҳо гуфтаанд ва мавод низ дар маҷаллаву рӯзномаҳо ба табъ расонданд. Вақте барои такмили ихтисос ба курсҳои бозомӯзӣ меравем, ҳатман сари ин масъала баҳсҳои зиёд сурат мегиранд. Вале, мутаассифона, ҳанӯз ҳам бо барномаҳои куҳна, ки солҳои 2006 – 2007 пешниҳод шудаанд, дарс мегузарем. Рисолати омӯзгор равшанидиҳанда ва роҳнамои шогирдон аст. Ба ҳар ҳол, то ҳадди имкон ба талабаҳо бо таври сода мефаҳмонем, то онҳо аз донишандӯзӣ қафо намонанд.
Дар таълифи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтаҷриба низ муаллифон ҷалб шаванд. Зеро дар ҷараёни фаъолият аз мушкили омӯзгор ва хонанда, инчунин, волидон онҳо огоҳанд. Бо дастгирии муаллимони таҷрибаандӯхта роҳҳои осон бар интихоби мавзуъҳои дарсӣ пешниҳод мегарданд.
Забони тоҷикӣ – арзиши миллӣ
Муаллим тафовут байни хонандагони имрӯзро бо хонандагони даҳсолаи пеш гузошта, мегӯяд, ки наврасону ҷавонон чандон ба илмомӯзӣ таваҷҷуҳ надоранд. Аз ҷониби волидон ва мактабу маориф дар бобати ба илм ҷалб шудани наврасону ҷавонон ҳавасмандкунӣ зиёд аст, вале на ҳар хонандаи имрӯза аз ин шароитҳои фароҳамбуда истифода мебарад.
- Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки чанд соли охир, бахусус ба хотири бедор намудани завқи кӯдакон, наврасон ва ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар роҳандозӣ гаштааст, боиси хушнудист. Хушбахтона, 2 шогирдам аллакай дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дастболо шуд.
Китобҳои забон ва адабиёти тоҷик, ки ба қавли бархе аз волидон фанҳои нодаркор буданд, бори дигар рӯйи дасти хонандагон омад. Зеро, ба ин васила, на танҳо насли ҷавони имрӯза, ҳатто калонсолон аз шавқ китобхон шуданд.
Воқеан, аксари падару модарон омӯхтани забонҳои хориҷиро зарур шумурда, омӯзиши забони модариро сарфи назар мекунанд. Ҳамқадами замон будани насли имрӯзу фардо хуб аст ва мебоист барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи навин ба фарзандон шароити бештаре фароҳам орем. Ва фаромӯш набод кард: агар хоҳем, ки забонҳои хориҷиро омӯзем, нахуст бояд забони модариро бо тамоми назокатҳояш омӯхт,- иброз медорад Ҳурматой Сатторова.
АНОҲИТО