Ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и шаҳри Бӯстон ба суроғи муаллими фанни забон ва адабиёти рус Алла Ғаниева омадем. Огоҳ ёфтем, ки соати дарсӣ ба охир расидаву вале омӯзгор ҳоло дар синфаш аст. Ба ошёнаи дуюми дабистон баромадем. Дар ҳақиқат шогирдон дар гирди омӯзгор парвона буданд, корҳои иҷрокардаашонро як-як супурда мерафтанд.
Муаллим моро дида, бо чеҳраи шукуфон ба пешвозамон бархост, руҳаш болида буд. Дарёфтем, ки Алла Ғаниева шаби гузашта аз шаҳри Душанбе бо як таассуроти нек баргаштааст. Чаро хурсанд нашавад, ки заҳматҳояш зоеъ нарафтаанду шогирдонаш дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихориро сазовор гаштаанд. Аз 5 хонандаи ғолиби шаҳри Бӯстон, 2 нафараш шогирди муаллим мебошад.
Ҳини дар бораи олимпиада ва қадрдонии устодону шогирдон сухан рафтан, аз чашмони омӯзгор ашки шодӣ ҷорӣ мешуд.
-Қадршиносию арҷгузории фаъолияти омӯзгорону шогирдонро дида, хеле шод гаштам,-мегӯяд ӯ. –Дар ҳақиқат, дарк кардам, ки заҳматҳои кашидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тули 30 соли Истиқлоли давлатӣ имрӯз боз ҳам ба назар намоёнтар гардид. Дар ин муддат Сарвари давлат тавонистанд Тоҷикистони ҷангзадаро ба як мулки ободу осоишта табдил диҳанд. Он лаҳзаҳои ҳассосро, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои дахлдор устодону шогирдонро арҷгузорӣ менамуданд, хомӯш истода натавонистам. Аз минбари баланд дар бораи ободию осоиштагӣ, пешрафти илму техника, маориф, ки соҳаи калидии ҷомеа аст, изҳори андеша кардам. Ба фарзанди фарзонаи миллат арзи сипоси худро изҳор намудам.
Бале, муаллим Алла Ғаниева бо ҳаяҷон сухан мегуфту беихтиёр ашки чашмонашро бо дастонаш пок мекард ва бо ифтихор мегуфт:
- Давоми 60 соли фаъолияти омӯзгорӣ чунин ғамхориро бори аввал медидам. Буданд лаҳзаҳои хотирмон, лаҳзаҳои ширин, ки шаҳде аз пайи касби худ чашида бошам ва қадрдониҳое дидаам, аммо қадрдонии имсола ба ман гӯё болу пар бахшид. Чорабинӣ ба охир расиду ҳама бо таассуроти нек аз толор мебаромаданд. Ана дар ин лаҳзаҳои ҳассос боз шукри даврони наку, шукри Истиқлоли давлатиро кардам.
Омӯзгори омӯзгорон, инсони самимиву заминӣ Алла Ғаниева тамоми ҳаёти худро ба тарбияи насли наврас бахшидааст. Бале, ӯ ба хубӣ дарк намуда, ки тарбия кардану ба камол расондани насли ҷавону ояндасоз, донишманд ва сазовори давру замон рукне аз рисолати омӯзгор аст. Ин сифатҳоро метавон дар симои ин омӯзгори пуртаҷриба бармало эҳсос намуд.
Муаллим аз табори арманиҳо буда, соли 1948 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №8-и шаҳри Душанбе ба факултаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи омӯзгории пойтахт дохил шуд. Фаъолияти кории худро аз кафедраи забонҳои Институти политехникии Тоҷикистон, оғоз кард. Дар ин даргоҳ 23 сол ба донишҷӯён забону маърифат омӯзонд.
Соли 1993 бо сабабҳои оилавӣ ба шаҳри Бӯстон кӯчид. Ӯро ба филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон пазируфтанд. Чанд муддат ба донишҷӯён аз фанни забон ва адабиёти рус дарс гуфт. Директори вақти МТМУ №4-и шаҳри Бӯстон Тамара Максимовна Зайкина ба муҳлати ду ҳафта ӯро ба дабистон даъват кард. Ҳамин ду ҳафта дар ҳаёти устод Алла дигаргунии куллие ба вуҷуд овард. Зеро директори мактаб дониши баланд, таҷрибаи омӯзгорӣ ва ҳам муносибати неки ин бонуи ҳалиму меҳрубонро ба инобат гирифта, хоҳиш намуд, ки дар дабистон бимонад. Аз ҳамон вақт дар ин даргоҳ ба шогирдон аз матои илму маърифат пироҳани махмалин медӯзад.
Омӯзгори асил, ки пешаи худро дӯст медошт, мекӯшид, ки аз навгониҳои давр огоҳ шуда, на танҳо дарси адабиёт, балки дарси одаму одамият, дарси Ватану ватандориро ба шогирдон меомӯхт. Зиёд пайи ҷустуҷӯ буду усулҳои нави таълимро дар дабистон ҷорӣ мекард, ба шогирдон меомӯзонд. Соли 1996 Анна Ғаниеваро директори лагери «Орлёнок» таъин намуданд, ки он дар тавозуни заводи «Востокредмет» буд.
Соли 2013 «Орлёнок» (ҳоло «Шоҳин») баъди такопӯи директор бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардид. Соли 2018 бо сабаби беморӣ корро дар лагер қатъ намуда, боз ба мактабаш баргашту ба булбулакони боғи дониш дарс медиҳад. Ҳар сол шогирдонро барои иштирок дар олимпиадаву озмунҳо омода месозад.
5 нафар шогирди муаллим дар озмуни навиштани иншо дар мавзуи Ғалаба, ки байни 180 давлати дунё ба таври онлайн доир шуд, ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардид. Алла Ғаниеваро низ барои тарбияи чунин шогирдон бо Сипоснома тақдир карданд. Соли 2021 шогирдаш Мубина Убайдуллоева дар озмуни «Ман Достоевскийро мехонам» ғолиб омад. Адолат Мамадҷонова аз рӯйи мундариҷаи асари Достоевский «Белые ночи» расме кашида ғолиби озмун шуд. Алла Ғаниева дар озмуни байналмилалӣ, дар шаҳри Москва барандаи Ҷоизаи ба номи Александр Сергеевич Пушкин ва ҳам барандаи медали тиллоии Николай Островский гаштааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Алла Ғаниеваро, ки барои хонандагони МТМУ №4 марвориди ноёберо мемонад, бо медали Хизмати шоиста қадр кардаанд.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
шаҳри Бӯстон