Шашмақом ҳамчун асари мусиқии суннатӣ дар фарҳанги мусиқии миллати тоҷик мавқеи ниҳоят муҳим дорад. Ин шоҳасари бостонӣ аз даврони бузургони илми адабиёту санъати мусиқии халқи тоҷик Борбад, Рӯдакӣ, Ибни Сино, Форобӣ, Амир Хусрави Деҳлавию Ҳилоливу Абдураҳмони Ҷомӣ ва садҳо пешоҳангони ин санъати безавол сарчашма гирифта, то замони мо рушду ривоҷ кардааст.
Дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати фарҳангии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санъати мусиқии Шашмақом мақому шуҳрати дубора пайдо карда, таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат қарор гирифт. Дар ин давра, бо мақсади рушду эҳёи Шашмақом соли 2003 ин санъати суннатии халқи тоҷик мақоми давлатӣ пайдо кард ва ҳамасола санаи 12-уми май дар кишвар Рӯзи Шашмақом таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибат шоми 11-уми майи соли равон дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар чорабинии идонаи фарҳангӣ таҳти шиори “Шашмақом ҳастии миллат” доир гардид, ки дар он устодону ҳунармандони ин санъати воло, олимону адибон, донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои оливу касбӣ ва дигар ҳаводорони ин санъати асил иштирок намуданд.
Маросими расмии бахшида ба Рӯзи Шашмақомро бо сухани табрикотӣ муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи рушду эҳёи санъату ҳунарҳои миллии қариб ба ҳукми фаромӯшӣ рафтаи халқи тоҷик, санъати мусиқии Шашмқом низ дубора зинда гардид. Маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар санъати асили миллати тоҷик ба ҷаҳониён муаррифӣ гардида, мавриди омӯзишу пажуҳиш қарор дода шуда, ба мактаби бузурги камолоти ҳунармандони ҷавони ин жанри мусиқӣ табдил ёфт. Дар ин давра, бо саъю талоши Роҳбари давлат шоҳкории мероси фарҳангии ғайримоддӣ ба феҳристи шоҳасарҳои Созмони байналмиллалии ЮНЕСКО пешниҳод гардида, баъдан дар соли 2008 санъати Шашмақом ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид карда шуд.
Зикр гардид, ки дар солҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат дар вилояти Хатлон ба рушду такомули ин жанри мусиқӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, баҳри эҳё ва рушду идома ёфтани мактаби мусиқии шашмақомхонӣ шароиту имкониятҳои зиёде фароҳам оварда шудааст.
Айни замон дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ансамбли Шашмақом фаъолият дошта, ҳунармандони ин санъати асил дар тамоми чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ иштирок ва ҳунарнамоӣ мекунанд. Маврид ба ёдоварист, ки “Шашмақом” дар баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа ва тарбияву ташаккули истеъдоди насли ҷавон дар ҷодаи мақомхонӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа нақши муассир дорад.
Баъди маросими расмии бахшида ба Рӯзи Шашмақом аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҳунармандони собиқадори санъати мусиқии Шашмақом ва ҳамчунин шашмақомхонони ҷавони вилояти Хатлон ифтихорномаву туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.
Дар идомаи чорабинии мазкур ҳунармандони Ансамбли “Шашмақом”- и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ҳамчунин шашмақомхонони дигар гуруҳҳои ҳунарӣ бо барномаҳои ҳунарии хеш хотири меҳмонону иштирокчиёнро шод гардониданд.
Тавре иштирокчиёни чорабинии идонаи бахшида ба Рӯзи “Шашмақом” изҳор доштанд, ҳаводорони ин санъати мусиқии суннатӣ инчунин рӯзҳои ҳунарнамоии шашмақомхонони вилоятро дер боз интизор буда, хоҳони онанд, ки лоаққал моҳе як маротиба барномаи ҳунарии санъаткорони ансамбли “Шашмақом” пешкаши ҳаводорон гардонда шавад.
Ба гуфтаи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Аюбӣ дар солҳои соҳибистиқлоли кишварамон пайравони санъати мусиқии Шашмақом аз қабили Меҳрӣ Ҳоҷибоева, Адолат Комилова, Ҳазратқул Ҳусейнов, Ҳанифа Абдураҳимова, Маҳмадризо Ашӯров, Маҳмадалӣ Айюбӣ, Амриддин Кабиров, Аҳадҷон Пулодов, ва дигар шашмақомхонону сарояндагони умедбахши вилояти Хатлон, ба маҳорати волои худ ва тарбияи ҳунармандони ҷавони шашмақомхон дар рушду нумӯи мусиқии классикии тоҷик нақши ниҳоят муҳим гузошта истодаанд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар баробари таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалӣ ҷиҳати рушду такомули ин санъати волои аҷдодиамон, мо ҳунармандонро мебояд, ки бо ҷидду ҷаҳди бештар барномаҳои нав ба нави мусиқии Шашмақомро омода ва пешкаши ҳаводоронамон гардонда, ҳамзамон бо тарбияи мақомхонҳои ҷавон барои ғанӣ гардонидани хазинаи тиллоии Шашмақом ва ба ояндагон мерос гузоштани ин санъати мусиқии беназир саҳми арзанда гузорем,- мегӯяд Маҳмадалӣ Аюбӣ.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
шаҳри Бохтар