Марворид Қосимоваро берун аз доираи киношиносону наздикон, ки аввалин режиссёрбону аз Тоҷикистон ва Осиёи Миёна аст, қариб, ки фаромӯш кардаем. Роҳи эҷодии ӯ аз офариниши филми кӯтоҳметраи «Сабина» (1961) оғоз шудааст. Он кори дипломии таҳиягари наврӯид мавриди таваҷҷуҳи ҳаводорон қарор нагирифт.
Пас, чанде дар «Тоҷикфилм» ҳамчун режиссёри дувум дар филмҳои ҳунарии «Замони осоишта» (1964) ва «Ҳасани аробакаш» (1966) ва режиссёри филмҳои мустанад фаъолият бурда, таҷриба ҳосил намуд. Соли 1968, баъди ба прокат баромадани филми ҳунарии «Тобистони соли 1943» номи таҳиягари ҷавон, дар лавҳи таърихи синамо мунъакис шуд. Марворид Қосимова бо эҷоди ин филм дар шоҳроҳи синамо мақом ёфт. Аз ҳамон замон суботкорона дар пайи заҳмат шуд ва бомаром мартабаи устодиро дарёб намуда, ливои музаффариятро аз даст раҳо накард.
Дар зарфи 23 соли фаъолият мавсуф ҳамчун коргардон дар ду самт – эҷоди филмҳои ҳунарӣ ва мустанад заҳмат кашид. То кунун тамошогарони тоҷик аз чаҳор филми овозадораш ёд меоранд: «Тобистони соли 1943», «Ҷӯра Саркор», «Чор нафар аз Чорсанг» ва «Марди мутааллиқи ду зан».
Дар таърихи кинои тоҷик Марворид Қосимова ягона коргардони филмҳои ҳунарӣ, бонуест, ки кинои тоҷикро дар арсаи Иттиҳоди Шуравӣ ва хориҷ аз он муаррифӣ кардааст.
«Тобистони соли 1943»
Марворидро аксар муҳаққиқон ва мухлисони кино қабл аз ҳама аз рӯи ин филм ёд мекунанд. Ин филми ҳунарӣ (сенарияи А. Тимофеевский, бо иштироки О. Осетинский, оператор Б. Середин, рассомон Р. Мурадян, Г. Мирзохонов, оҳангсозон А. Затсепин, Е. Крилатов) басо ҷолиб ва тамошобоб таҳия гардидааст.
Филми мазкур аз рӯи повести ҳамноми «Тобистон»-и нависандаи хушсалиқаи тоҷик Пӯлод Толис рӯи навор омадааст. Бозигарони нақшҳои асосӣ А. Миршакаров, М. Тоҳирӣ, О. Тулаев, О. Раҳимов, Н. Шомансурова, О. Клочко бо ҳунари волои хеш қалби ҳаводорони синаморо тасхир намуданд.
«Тобистони соли 1943» ба ҳаёти давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945, одамони ақибгоҳи дур аз фронт, рӯзгори мардуми Тоҷикистон ҳикоят мекунад. Дар маркази филм нақши ҷолиби Ҳасан, ёвари тағои чойхоначиаш бо маром аз муҳити савдогарӣ раҳо меёбад. Қатъи назар аз сахтиҳои замона, одамон аз ростқавлӣ, поквиҷдонӣ ва инсоф, шартҳои волои инсонгароёна дур намондаанд. Аҳолии кӯҳистон, ибтидо аз наврасони обутобнаёфта, то пиронсолон ҳама барои фронт, ҳама барои ғалаба шабонарӯз дар саҳро заҳмат мекашиданд.
Сужаи филм ба назар сода намояд ҳам, он басо ҷаззоб ва диққатҷалбкунанда аст. Дар филм ҷаҳони ботинии навраси солҳои ҷанг, ташаккулёбии шахс қобили қабул мебошад. Ҳаёти Ҳасан, қаҳрамони асосӣ, бо самимияти хосае рӯи навор омада, ки он ба тамошогарон бағоят писанд омад.
«Ҷӯра Саркор»
Марворид аз шуҳрати филми қаблиаш руҳ гирифта, ду соли оянда филмеро таҳия намуд, ки он дар хазинаи кинои садаи бисти тоҷик мақоми шоёнро касб кард. Филми «Ҷӯра Саркор» (1970) аз рӯи асари ҳамноми адиб Аъзам Сидқӣ аз ҷониби киношиносон ва тамошогарон хуш пазируфта шуд. Ин филм ба режиссёри ҷавон Марворид Қосимова (сенарияи Л. Рутитский, оператор Д. Худоназаров, оҳангсозон Ю. Тер-Осипов, Ф. Аҳмадов) муваффақияти калони эҷодӣ овард.
Ҳунарпешаҳои шинохта Ҳикмат Латифов, Тӯтӣ Ғаффорова, Маҳмуд Воҳидов, З. Асанова, Қиматшо Имматшоев, Носир Ҳасанов нақшҳои хешро хеле ҷолиб офариданд.
Сужаи филм аз се новелла, аз ҳаёти деҳаи муосири онзамона ва бригадири колхоз Ҷӯра Саркор (ҳунарпеша Ҳикмат Латифов) ҳикоят мекунад. Ҷӯра Саркор нафари мураккаб, ҷозибанокест. Ӯ кайҳо боз ба нафақа мерафт, аммо ин пирамарди бохираду боинсофро яку якбора наметавонанд ба нафақа гуселонанд. Таҳиягарон ба қаҳрамони худ бо диди котиби ҷавони кумитаи ҳизби ноҳия (ҳунарпеша Маҳмуд Воҳидов), шогирди саркор назар меафкананд.
Тамошогарон Ҷӯра Саркорро хуш пазируфта, дар симои ӯ шахси ба дил наздики хешро дида, бо ӯ ҳамдард мешаванд. Бозии ҳунарпешаи боистеъдод Ҳикмат Латифов басо ғалатӣ буда, вай нақши Ҷӯра Саркорро бағоят зебову хотирмон офаридааст ва яке аз бурдҳои асосии филм маҳсуб меёбад.
«Чор нафар аз Чорсанг»
Марвориди пурҳунар, бонуи меҳнатдӯстро кунун мешинохтанду эҳтиромашро қоил буданд. Таҳиягар аз муваффақияти хеш саргаранг нашуд. Ин дафъа бо филми телевизионии 2-сериягии «Чор нафар аз Чорсанг» (1972) қалби тамошогарони хурду бузургро тасхир сохт. Ин филм ба ҳар бори пахши такрорӣ дар дилу дидаи сокинони кишвар мақом ёфт.
Заҳмати таҳиягарон (сенарияи А. Безуглов, оператор Заур Дахте, рассом Д. Илёбоев, оҳангсоз Ш. Сайфиддинов) қобили қабул ва шоёни таҳсин аст. Боиси зикр аст, ки М. Қосимова ин филмро бо фармоиши Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Иттиҳоди Шуравӣ таҳия намудааст. Дар филм тақдири чор нафар дӯстон аз деҳаи дурдасти кӯҳистон рӯи навор омадааст. Ҳаёти дӯстон саҳлу сода набуд, ҳар яке имтиҳони ҷиддии зиндагиро дидаву на ҳама аз озмоиши рӯзгор гузаштанд.
Филми «Чор нафар аз Чорсанг» бо сужаи тез, динамикаи характер (хислат), рафти зиндагӣ оғоз аз солҳои 20-ум то солҳои 70-уми асри гузаштаро фаро мегирад. Дар баробари солор гардидани қаҳрамонон Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инкишофу тараққӣ меёбад.
Се писар ва як духтар, ки ҳамсари яке аз ҷӯраҳо мегардад, дар пеши назари тамошогарон ба пирӣ мерасанд. Онҳо то охири ҳаёт, сарфи назар аз зиндагии мураккаб, дӯст мемонанд. Танҳо яке аз онҳо дар кӯчаҳои сарбастаи зиндагӣ саргум мемонаду халос.
Дар филм ҳамроҳ бо ҳунарпешаҳои шинохтаи кино Ҳабибулло Абдураззоқову Ҳошим Гадоев, ҳунармандони ҷавон Гулсара Абдуллоева, Ғолиб Исломов ва актрисаи ҷавони ленинградӣ О. Немченко устокорона нақш офаридаанд.
«Марди мутааллиқи ду зан»
Марворид Қосимова пас аз пешкаши филми телевизионии «Чор нафар аз Чорсанг» (1972) то ба прокат баромадани филми ҳунарии «Марди мутааллиқи ду зан» (1991) дар зарфи 19 сол бекор набуд. Баробари таҳияи филмҳои ҳунарӣ (6 филм) 11 филми мустанадро рӯи навор овард. Онҳо филмҳои хубу диданӣ буданд.
Филми ҳунарии «Марди мутааллиқи ду зан»-и коргардон Марворид Қосимова (сенарияи А. Рабиев (Шераки Ориён), оператор К. Ремишевский, рассом А. Абдуллоев, оҳангсоз Ф. Баҳор) хубу дилчасп баромадааст.
Бозигарии ҳунарпешаҳои маҳбуб Мушаррафа Қосимова, Тоҷинисо Саидова, Ғаффор Каримов, Асланшо Раҳматуллоев, Шавкат Муҳаммадиев, Л. Мирзораҷабов, Р. Ҳамроева, М. Пиров, М. Муҳаммадиев, Заррина Хушвақтова басо хотирмону дилнишинанд.
Пешниҳоди филм бо забони шевои тоҷикӣ яке аз бурдҳои асосии филм маҳсуб меёбад. Садои ҷалбкунанда, суханрониҳои Тоҷинисо Саидова, Ғаффор Каримов ва Асланшо Раҳматуллоев басо завқовар буда, ҳар як сухан, гаппарониҳои онҳо дар қалби тамошогарон ба зудӣ маскан гирифтанд.
Қиссаи ошиқии марди зандор (ҳунарманд Шавкат Муҳаммадиев), ки дар печутоби зиндагӣ саргум задааст, бас ҷигарсӯзу риққатовар аст.
Ошноӣ
Марворид Наимовна Қосимова 10.4.1938 дар ш. Сталинобод таваллуд шудааст. Кинорежиссёр, Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон (1973), узви Иттифоқи синамогарони СССР (1969).
Соли 1962 факултаи режиссёрии (коргоҳи Артисти халқии РСФСР, профессор А. П. Довленко) Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи Москва (ВГИК)-ро хатм кардааст.
Кори нахустини коргардониаш филми ҳуҷҷатии «Қалби яхии Помир»-ро (1959) ҳини таътили донишҷӯияш бардоштааст.
Дар киностудияи «Тоҷикфилм» аз соли 1962. Корро ҳамчун режиссёри дувуми филмҳои ҳунарӣ ва коргардони филмҳои мустанад оғоз бахшидааст.
Аз соли 1967 режиссёр – таҳиягари филмҳои ҳунарӣ. Чандин маротиба аъзои раёсати Иттифоқи синамогарони тоҷик, котиби ИС Тоҷикистон, узви комиссияи тафтишотии Иттифоқи кинематографистони СССР интихоб шудааст.
Мукофот аз кинофестивалҳо: Дипломи кинофестивали байналмилалии мамлакатҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ дар Тошканд (1983), мукофоти тамошогарон дар кинофестивали байналмилалии «Занон дар кино» дар Сан-Франсиско (ИМА, 1989) барои филми ҳунарии «Имрӯз ва ҳама рӯз».
Филмҳо
Марворид Қосимова режиссёри дуюми филмҳои ҳунарии «Замони осоишта» (1964) ва «Ҳасани аробакаш» (1966) мебошад.
Режиссёр - таҳиягари филмҳои ҳунарии «Сабина» (кӯтоҳметра, 1961), «Тобистони соли 1943» (1968), «Ҷӯра Саркор» (1970), «Роҳҳо гуногун мешаванд» (1970), «Чор нафар аз Чорсанг» (1972), «Бофандаҳо» («Дугонаҳо»), филми телевизионӣ (1974), «Буд набуд дар синфи якум буд» (1977), «Бахт дар шафат» (1979), «Имрӯз ва ҳама рӯз» (1982), «Чашмаи сухангӯй» (1985), «Пайи динозавр то куҷо бурд» (1988), «Марди мутааллиқи ду зан» (1991).
Режиссёр - таҳиягари филми ҳунарии «Ишқ баъди 100 сол» (киностудияи «Синамо» (Тоҷикистон) – ТПО «Катарсис» (Қазоқистон), 1992).
Режиссёри филмҳои мустанади «Бародари ман - Ғулом» (1971), «Иттилоот - роҳ ба сӯи рушд» (1974), «Бригадаи ман» (1975), «Ба роҳи охирин» (1977), «Роҳи дарозтар аз умр» (1979), «Ибни Сино» (1980), «Зебо» (1980), «Нақшҳои рӯи абрҳо» (1983), «Саҳифаҳои албоми куҳан» (1983), «Сарчашмаҳо» (1984), «Ватани азизи ман» (1984), «Заминларза» (1989).
Муаллифи сенария ва режиссёр - таҳиягари филмҳои ҳуҷҷатии «Фарёд» (1988), «Роҳи сафед» (1989). Режиссёри дувуми филми ҳунарии «Шоҳсанам ва Ғариб» («Туркманфилм», 1963). Режиссёр - таҳиягари филми ҳунарии «Нақшҳои муҳаббат» («Тоҷикфилм», 1983).
Ҳамчунон, таҳиягари сужаҳои киножурнали «Калтак» мебошад.
Сайр дар авроқи қомусҳо
Марворид Қосимова. Қабл аз иншои матлаби таҳти назар аз қомусҳо ин номро сару бар шудам. Аз «Энсиклопедияи советии тоҷик» (Душанбе, 1988, ҷилди 8, саҳ 315–216) ҳарфи «Қ»-ро аз назар гузарондам. Он ҷо номи Қосимова Марворид Наимовна пайдо нашуд. Ҳамчунон, дар охири ин ҷилд, дар бахши «Иловаҳо» дараке набуд. Шояд дар «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» ҷилди 3, (2004) бошад, андешидам ба худ. Зеро аз чопи ҷилди 8-и қомуси болозикр то нашри дувумӣ 16 сол сипарӣ гашта буд. Ҳарфи «Қ», саҳифаҳои 430 – 431-ро хондам, нест. Ба бахши «Иловаҳо» назар дӯхтам, бенатиҷа.
«Энсиклопедия кино Таджикистана» («Эр-граф, 2012) малҳам шуд. Дар саҳифаи 112-и қомуси соҳавӣ шарҳи ҳоли Марворид Қосимоваро хонда, ба мураттибони он Сафар Ҳақдодов, Галина Элбаум ва Саъдулло Раҳимов дуруди бепоён фиристодам. Маълумам гашт, ки воқеан Марворидбону барандаи унвони «Ходими хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон» (1976) будааст.
Ба ёд расид, номи режиссёр мумкин дар мақола – рӯйхати барандагони унвони мазкур, дар қомуси «ЭАСТ» зикр ёфта бошад. Ному насаби М. Н. Қосимова дар ин рӯйхат омадааст. Аммо мавсуф на дар соли 1976 (ба қавли қомуси соҳавӣ), балки дар соли 1973 ба ин унвон сазовор гаштааст…
Умари ШЕРХОН