Аз омадани баҳор дил бозӣ кард,
Булбул ба сари чанор хушсозӣ кард.
Ошиқ дили мо шуда ба рӯйи зебо
Деҳқон ба сари замин сарафрозӣ кард.
МОДАР, БО МАН БОШ!
Модар, ту барои ман атои Эзад,
Ҳам сарви муҳаббатат ба дил қад ёзад.
Эй кош, Худо туро нагирад аз ман,
Дастат ба сарам, ғамам ҳама мерезад.
ДАР ЛАБ ГУЛИ КАЛОМЕ,
НАВРӮЗ МЕБИЁЯД!
Эй дӯстон, паёме, Наврӯз мебиёяд,
Аз ошиқон саломе, Наврӯз мебиёяд.
Ҳам чанг менавозам, ҳам даф ба каф сароям,
Дар лаб гули каломе, Наврӯз мебиёяд.
Дар Ванҷ хуш ҳавое, ҳар як гияҳ давое,
Наврӯз дар қиёме, Наврӯз мебиёяд.
Шоданд пиру барно, дилшоду ботаманно,
Бар каф расид ҷоме, Наврӯз мебиёяд.