Корро аз зинаи ёрдамчии мураббӣ оғоз намуд. Оила барпо кард. Пас аз ду соли оиладорӣ ба шуъбаи ғоибонаи факултети педагогика-психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳуҷҷат супурду донишҷӯ шуд. Ҳамзамон, дар боғча фаъолияташро давом медод. Пас аз се соли таҳсил ӯро ҳамчун мураббӣ ба кор қабул карданд. Вай, ки ба соҳаи иқтисодиёт майл дошт, худро дар ин самт санҷид. Ба ҳамин минвол мавсуф Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ-менеҷмент хатм намуд. Алҳол, унвонҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар самти иқтисодиёт ва педагогика кори илмӣ бурда истодааст.
Мадина Рустамзода соли 1988 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Падар ҳуқуқшинос, модар дар коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият мебурд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба хонаводаи онҳо ғами бузургеро мерос гузошт. Сутуни хонадон – падар бенишон гум гашт. Модар бо 5 фарзанди ноболиғ танҳо монд. Барои рӯзгори фарзандон модар косашӯиву поккорӣ мекард, то фарзандон гурусна намонанд. Кунун ба гапи ҳамсараш омада буд, ки доим ба маълумоти олӣ доштан талқинаш мекарду ӯ сар мепечид, ки шумо соябони моеду маълумоти олии ман кори беҳуда аст. Аз ормони дар дил дошта, модар кӯшид, то 5 фарзандаш соҳибмаълумот гардад. Натиҷаи заҳмати модар самар овард, фарзандон имрӯз ҳар яке дар кори хеш муваффақанд.
Мадинабону 16 сол аст, ки дар соҳаи маориф, дар зинаҳои гуногун заҳмат мекашад. Дар рафти суҳбат маълум гашт, ки ӯ кӯдаконро зиёд дӯст медораду дунёи рангини онҳо барояш ҷолиб аст. Замоне сардори шуъбаи кадрҳо дар Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе, муовини директор дар Коллеҷи кӯҳии ба номи Соро Юсуфова фаъолият бурд, вале боз меҳру муҳаббати кӯдакон ӯро дубора ба сӯи боғча кашид.
Аз соли 2016 мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии №101 буда, шуруъ аз соли 2021 мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии №117- и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аст.
Дар боғчаи мазкур 12 нафар омӯзгори ботаҷриба ба 350 нафар кӯдак таълиму тарбия медиҳад. Дар умум, шумораи кормандони боғча 46 нафарро ташкил медиҳад, ки аксарияти онҳо бонувонанд.
Номбурда сатҳу сифати таълим, шароити мусоиди корӣ барои омӯзгоронро масъалаи якумдараҷа дониста, бо кумаки мақомоти ноҳияи Фирдавсӣ рангубори бинои маъмурӣ, майдончаҳо, ҳуҷраи методӣ, толори мусиқӣ, ошхона ва ҷойи ҷомашӯии муассисаро таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин намуд. Бо ин роҳ дар ботини кӯдакон ҳисси зебоипарастиро бедор намудан мехоҳад.
Мутаассифона
- Боиси афсӯс аст, ки шумораи хеле ками кӯдакону наврасон майли пешаи омӯзгор шуданро доранд. Аз кӯдакон мепурсем, ки оянда кӣ шудан мехоҳӣ? 90 дарсади онҳо духтур шудан мехоҳанд. Истеъдодҳои зиёдеро дар байни онҳо мебинем, вале волидон ё муҳити атроф ақидаи кӯдаконро побанди касби сердаромад намудааст.
Мураббӣ, волидон бояд дар якҷоягӣ бо кӯдакон кор баранд, шавқу завқи онҳоро нисбат ба касби омӯзгорӣ бедор намоянд. Мураббӣ барои кӯдак бояд намуна бошад. Такмили ихтисосҳо ва бо барномаҳо ҷиддитар бояд кор бурда шавад. Пеш аз ҳама, мураббӣ бояд бо шавқ ба кӯдакон дарс бигӯяд. Баҳри ҳавасмандгардонии омӯзгорон озмунҳо мегузаронем, ба беҳтарин мураббӣ, беҳтарин гурӯҳ туҳфаҳои молию пулӣ медиҳем, то рақобат пайдо шаваду сатҳи таълим беҳтар гардад, - иброз медорад Мадинабону.
Ба ақидаи ӯ, роҳбар бояд тасодуф рӯи кор наояд. Роҳбар бояд намунаи ибрат бошад, чи аз ҷиҳати савод, чи аз ҷиҳати тарбия ва муоширати хуб бо кормандон. Кормандро аз кор рондан ин ҳунар нест, мегӯяд ӯ, як бор мушкилоти ӯро фаҳмем, ба дарди дилаш гӯш диҳем, роҳи корро нишон додан вазифаи роҳбар аст. Ҳеҷ гоҳ кормандро дар назди ҳамкорон ё волидони кӯдак танбеҳ намедиҳам. Дар алоҳидагӣ ба ӯ мефаҳмонам, маслиҳат медиҳам. Мекӯшам дили касеро наранҷонам, ҳама корро бо хубӣ ҳаллу фасл намоям. Инро ҳамеша модарам маслиҳат медод, ки мудом бо ақл кор бигирем.
Қиёс
- Соли 2006 аз шаҳри Тошканд дидан кардем. Шаҳр моро мафтун сохт. Ҳоло Душанбеи мо низ аҷаб зебову дилрабо гаштааст. Воқеан, дар як муддати кӯтоҳ раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тавонист, ки Душанберо ободу зебову гулгулшукуфон гардонад. Мо низ мекӯшем, ки дар ободии диёр саҳм бигирем, -мегӯяд М. Рустамзода.
Панҷ сол боз дар Ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Созандагони Ватан» узви комиссия аст. Мақсади асосии онҳо бедор сохтани ҳисси зебоипарастӣ ва меҳри Ватан дар дили ҷавонон аст.
- Ба забон овардани калимаи ҷанг бароям душвор аст. Зеро дар ҷанги шаҳрвандӣ падар гум кардаам. Азоби модари танҳоямро бо панҷ фарзанд дидаам. Баракати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки модар тавонист фарзандонро тарбият намояд, хононад ва оиладор созад. Аз ғамхориҳои Президенти муҳтарами Тоҷикистон нисбат ба бонувон дилшодам, ки занонро дар ҳама сохторҳои давлатӣ мебинем. Беҳтарин ганҷина барои модар ин сулҳу оромӣ ва таваҷҷуҳ аст, ки шукр мо онро дорем, - бо табассум иброз медорад Мадинабону.
Мадина оилаи солим, рӯзгори осоиштае бо ду фарзанд ва шавҳари меҳрубонаш дорад. Дар баробари дарсҳои мактаб фарзандонро ба ҳунаромӯзӣ раҳнамун сохтааст. Дар ин росто худ низ пайи омӯзиш аст, талош меварзад, то чизи наверо омӯзад баҳри беҳгардонии ҳаёти дигарон саҳмгузор бошад.
Фарзона ВОСЕЕВА