Духтари шашуми хонадон буд, аз кӯдакӣ хеле донову оқила, боғайрат ва чусту чолок буду ба модараш ёрӣ мерасонд. Фориғ аз кори хона аз пайи мутолиа мешуд. Дар дабистон низ устодон эҳтиромаш менамуданд, зеро зеҳни тоза дошту бо баҳои хубу аъло мехонду орзуи омӯзгор шуданро дар қалб мепарварид. Мехост мисли устоди гиромиқадраш Маҳбуба Нозирова аз фанни забон ва адабиёт ба шогирдон дарс гӯяд. Онҳоро аз хазинаи бою пурғановати адабиёти тоҷик огоҳ созад.
Омӯзгорон низ ӯро дӯст медоштанд, вале афсӯс мехӯрданд, падараш мисли дигар духтаронаш Шафоатро низ пас аз хатми дабистон ба шавҳар медиҳад.
Тақдирҷунбон пайдо шуд
Ба сарвақти Шафоат, тақдирҷунбоне пайдо шуд. Ҳамсоядеворашон, ки аз рӯи иззату эҳтиром «ойхола» ном гирифта буд, модари Шафоатро, ки ба давом додани таҳсили фарзанди худ зид буд, насиҳат медод. Аммо модар ба ин ҳеҷ розӣ намешуд.
-Охир, ҳамсояҷон, ба духтаратон раҳматон намеояд? Шафоат пазандаю созанда, доною чаққон аст. Агар ба хонданаш монеъ нашавед, ӯ роҳбар мешаваду як оилаи намунавиро ташкил менамояд. Бовар дорам, дар оянда як зани оқилаву фозила мешавад.
Аввалҳо модараш ба гуфтаҳои ҳамсоя гӯш намедод, баъдтар розӣ шуд, то духтараш таҳсилро дар шаҳр давом диҳад.
Орзуяш ҷомаи амал пӯшид
Соли 1988 Шафоат ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд), супурд. Ӯро ба таври суҳбат ба омӯзишгоҳ қабул намуданд.
Дар ин кошонаи илму фарҳанг дар дили устодону ҳамсабақон ҷой гирифт. Ҷӯшу хурӯшу дили беқарор ва ташнаи илм буданаш Шафоатро маҳбуби аҳли ин даргоҳ намуд. Аз рӯзи аввал сардори гурӯҳ интихоб гардид, баъдтар раиси духтарон шуд.
Оғози кораш зебо
Шафоатро пас аз хотимаи таҳсили соли аввал роҳбарияти омӯзишгоҳ ба кӯдакистони «Зебо», ки назди фабрикаи бофандагӣ воқеъ буд, ба таҷрибаомӯзӣ фиристоданд. Як моҳи таҷрибаомӯзӣ барояш ҳамчун ид сипарӣ шуд, зеро кор дар ҳалқаи кӯдакон, дар оғӯши тифлони маъсум барояш хеле гуворо буд. Кӯдакон як олами аҷоибе доштанд, олами Шафоатро низ рангинтар намуданд. Меҳру муҳаббаташ ба кӯдакон аз назари роҳбарияти давр пинҳон намонд. Пас аз хатми омӯзишгоҳ соли 1989 ӯро ҳамчун мураббия ба кор хонданд.
-Бале,-ба ёд меорад ӯ,-солҳои фаъолият дар кӯдакистони «Зебо» чунон ба кор андармон будам, ки гузаштани вақтро намедонистам. Хушдоманам ба ман имконият медод, ки кор кунам, нағз пӯшам, зиндагиамро бо дастони худ рангин созам. Ҳатто фарзандонамро ба кӯдакистоне мебурд, ки худ дар он ҷо фаъолият мекард.
Шафоат дар ин даргоҳ соли 1995 фаъолият бурд. Солҳои 1995 то 2001 сармураббияи Муассисаи таҳсилоти томактабии №12-и шаҳри Хуҷанд буд.Сипас ӯро ба Муассисаи таҳсилоти томактабии №33 ба кор фиристоданд.
Кордонию масъулиятшиносии Шафоат Аҳмедоваро ба эътибор гирифта соли 2016 мудири Ширхоргоҳ-кӯдакистони № 2-и шаҳри Хуҷанд таъин намуданд. Вай дар ин кошона бо дили пурмеҳру қалби саршор ба тарбияи атфол масъулияти баланд зоҳир намуд. Барои кӯдакон тамоми шароитро муҳайё сохт, олами рангини тифлонро ҷилои тоза бахшид. Муассисаро аз таъмири пурра бароварда, дар ҳар гурӯҳ навгонӣ ҷорӣ намуд. Тули панҷ сол маъвои дили кӯдаконро ба гулистон табдил дод.
Соли 2021 ӯро ба Ширхоргоҳ-кӯдакистони №22 ба сифати мудир ба кор фиристоданд. Рӯзе, ки бо ин бонуи фарҳехта ба кӯдакистон омадем, саҳни ҳавлӣ, роҳрав пур аз масолеҳи сохтмонӣ буд. Муаллим иброз намуд, ки корро аз таъмир оғоз намудем. Аввал ҷойи хоби кӯдаконро аз таъмир барорем, баъд ба кори асосӣ оғоз хоҳем кард.
Муаллим Шафоат Ҷӯраева баҳри он мекӯшад, ки кӯдакон дар макони ободу зебо ва замонавӣ ба камол расида, баҳри ояндаи Ватани хеш- Тоҷикистони азиз саҳми сазовор гузоранд.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»