Аз соли 2010 бо ташаббуси Ассотсиатсияи сирки Аврупо ва Федератсияи байналмилалии сирк шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии сирк ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳошияи ин рӯз аз фаъолияти Сирки кӯдаконаи Театр «Чудес» - и шаҳри Москва, ки имрӯзҳо меҳмони пойтахти кишварамон аст, мехоҳем сухане гуфта бошем.
Бори аввал нест, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешаварони Сирки кӯдаконаи Театр «Чудес» - и шаҳри Москва бо барномаи рангини худ назди кӯдакону наврасони кишвар ҳунарнамоӣ мекунанд. Сирки мазкур соли 2002 бори нахуст бо сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд.
- Мо дар заминаи Созишномаи байнидавлатӣ миёни Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи фарҳанг, амалисозии барномаи фарҳангиро ҷиҳати рушди кӯдакон ва наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ шудааст, пешниҳод менамоем, - иброз дошт роҳбари Бунёди хайриявии кӯдакон Мушаррафа Додоҷонова.
Сирки кӯдаконаи Театр «Чудес» - и шаҳри Москва таҳти сарпарастии Бунёди хайриявии кӯдакон фаъолият менамояд ва тибқи нақша - барномаи хайриявии фарогире низ дар муассисаҳои пойтахт барои кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб аз оилаҳои ниёзманд ва, инчунин, тарбиятгирандагони хона - интернатҳоро дар назар дорад.
Барномаи фарҳангии сирк-театр тасаввуроти кӯдакону наврасонро вусъат медиҳад ва онҳоро ба сайри олами зебову афсонавӣ мебарад. Алҳол намоишҳо дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо ва хона - интернатҳо идома доранд.
- Арзиши аслии чиптаҳо баланд аст, аммо Театр нархҳои дастрасро пешниҳод менамояд, - гуфт Мушаррафабону. – Иқдоми хайриявӣ барои кумак ба кӯдакони ятимхонаҳо ва мактаб - интернатҳои пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби даромади театр ройгон гузаронда мешавад.
- Сирки мо соли 1988 арзи ҳастӣ кардааст. Бештар дар Федератсияи Россия фаъолият мебарем. Инчунин, ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сафари ҳунарӣ менамоем. Дастаи мо аз 15 нафар ҳунарманд иборат аст. Дар ин сафар шаш нафарем. Ҳайати боқӣ бо барномаҳои худ дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия ҳунарнамоӣ дорад. Аз рӯйи нақша бояд ба бештари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо барномаи ҳунарӣ сафар намоем. То охири моҳи майи соли равон пурра дар пойтахт бандем ва барои ҳамарӯза нақшаҳои худро тарҳрезӣ намудаем, - зикр кард роҳбари бадеии театр - сирк Яъқуб Додоҷонов.
- Барои инкишофи завқи фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии кӯдакону наврасон баромади ҳунармандони сирк дар жанрҳои гуногун сурат мегирад. Аз ҷумла, жанрҳои ҳаҷв (масхарабозон), саққобозӣ, чашмбандӣ (сеҳргарӣ) ва дигар усулҳо. Дар рафти намоиш кӯдакон низ бевосита иштирокчии барнома мегарданд, ки ин барои онҳо ғайриодист. Бозиҳои гуногун дар шакли саволу ҷавобҳои мантиқӣ барои наврасон шавқовар ва бисёр писанд меоянд. Метавон гуфт, ки мо оилаи соҳиронем. Ҳунарҳое, ки мо ба тамошогарон ва бахусус кӯдакон нишон медиҳем, шавқоваранд, - иброз медорад соҳир Мақсуд.
Ӯ 22 сол дорад, ҳунарро аз падар ёд гирифтааст ва ҳоло дар Тоҷикистон бо ҳайати театр дар мактабҳои хусусӣ, литсейҳо ва гимназияҳои шаҳр ва берун аз он «чашмбандиҳо» нишон медиҳад. Мақсуд бовар дорад, ки дар ояндаи наздик ин жанр дар Тоҷикистон ҳатман рушд хоҳад кард.
Сирки мазкур дар баробари ҳунарнамоӣ аз ҳисоби даромадҳои худ ба интернатҳо ва хонаи ятимон туҳфаҳо мебарад.
- Баъди ҳар намоиш кӯдакони зиёд назди мо меоянд ва хоҳиши маҳорати соҳириро аз худ намудан мекунанд. Баъзеҳо ҳатто сеҳргариҳои худро пешниҳод менамоянд, ки ҷолибанд. Ба ростӣ, зимни ҳунарнамоӣ дар шаҳри Москва зиёд дар ҳаяҷон намешавам, ки ин ҷо. Аслан, ман соҳири ҳирфаиям ва аз хурдӣ ба ин жанр дил бастаам. Вале назди кӯдакони Тоҷикистон, ки бисёр тамошогари закиянд, бо масъулияти дучанд ҳунарнамоӣ мекунам.
Баъди ширкат дар намоиши ҷолибу рангин ва аз наздик дидани ҳунарнамоии пешаварони Сирки кӯдаконаи Театр «Чудес» - и шаҳри Москва метавон гуфт, ки ин дастаи ҳунарӣ ба унвони беҳтарин театр – сирки шаҳр ва вилояти Москваи Федератсияи Россия арзанда аст.
Д. САФАР